Дар нишасти матбуотии раиси шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр давоми соли 2025 барои рӯзноманигорон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Сараввал раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр сухан гуфта, зикр намуд, ки Гулистон яке аз шаҳрҳои саноатӣ маҳсуб ёфта, дар коргоҳҳо давоми соли рафта ба маблағи 4 миллиарду 871 миллиону 516,6 ҳазор сомонӣ (124,8 фоиз) маҳсулот истеҳсол гардид, ки ин нишондиҳанда ба маблағи 136,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ба қисми даромади буҷети давлатӣ 297,6 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд. Нақшаи даромади буҷет 106,6 миллион сомонӣ буда, 117,3 миллион сомонӣ (110 фоиз) ба иҷро расонида шуд.
Соли гузашта бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 иншооти ҷашнии корхонаҳои ҶДММ «Тиглат», 6 агрегати Неругоҳи барқӣ-обии «Қайроққум» пас аз таҷдид, ҶДММ «Истиқлоли Гулистон» ва ҶДММ «Орзуи аъло» ифтитоҳ гардиданд.
Корхонаҳои саноатӣ 93 номгӯи маҳсулотро истеҳсол намуданд. Аз 52 корхонаи саноатӣ 40 адади онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100 фоиз то 2,3 маротиба зиёд карда, нақшаҳоро барзиёд таъмин намуданд. Лекин 3 корхона: ҶСК «Равшан» 72,7 фоиз, «Ганҷи Сомон» 21 фоиз ва ҶДММ «Шириниҳои Гулистон» 68,6 фоиз буда, бо сабабҳои гуногун афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро давоми соли гузашта нисбат ба ҳамин давраи соли рафта таъмин карда натавонистанд.
Татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар қаламрави шаҳр 3 адад буда, барои амалисозии онҳо маблағи умумӣ аз 135022,1 доллари амрикоӣ иборат аст.
Шаҳри зебои Гулистон мавзеест, ки канори «Баҳри тоҷик» ҷой гирифтаву макони чандин осоишгоҳҳост. Дар ин осоишгоҳҳои номиву воқеан ба талаботи сайёҳон ҷавобгӯ дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ 34782 нафар истироҳат намудаанд.
Рӯзноманигорон ба суолҳои худ доир ба фаъолияти корхонаи ҶСШК “КМ Адрасмон”, НБО «Қайроққум», таъмини сокинон бо ҷойи корӣ, кӯмак ба ниёзмандон, норасоии мутахассисон, вазъи фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмири роҳҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон, вазъи соҳаи сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр посух гирифтанд.
Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»




