Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар нишасти матбуотӣ ба кормандони васоити ахбори омма доир ба нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр давоми соли 2025 иттилоъ дода иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода як силсила корҳои назаррасро роҳандозӣ намуд.
–Дар соли сипаригашта соҳаи сохтмон дар шаҳри Хуҷанд рушди босуръат касб намуда, ҳаҷми маблағгузории асосӣ ба ин бахш 1 миллиарду 743,6 миллион сомонӣ ё 163,7 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми корҳои сохтмонию васлкунӣ ба 1 миллиарду 644,4 миллион сомонӣ баробар шуда, нисбат ба нишондиҳандаи соли қаблӣ 194,2 фоиз афзоиш ёфт. Инчунин, ҳаҷми корҳои пудратӣ ба 1 миллиарду 431,1 миллион сомонӣ расид, ки ин нишондиҳанда 2,2 маротиба зиёд мебошад,–гуфт раиси шаҳр.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр сохтмон ва азнавсозии 950 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шуда буд. Танҳо дар соли 2025 аз ин ҳисоб 370 адад иншоот бунёд шуд ва иҷрои нақшаи умумии панҷсола ба 115,0 фоиз баробар гардид.
Боиси ифтихор аст, ки дар соли 2025 зимни сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 27 адад иншооти ҳаётан муҳим дар шаҳр ҳусни оғоз бахшида шуд.
Дар нишасти матбуотӣ бештар дар самти ободонии кӯчаҳо ва таъмири роҳҳо диққати бештар дода шуд. Фирдавс Шарифзода дар ин самт гуфт, ки дар доираи корҳои ободонӣ дар соли 2025 ба масофаи 55,7 километр роҳҳои мавзеъи шаҳр мумфарш ва таъмири асосӣ гузаронида шуданд ки ин 111,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар хиёбони Раҳмон Набиев дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон хатти партовоб ба масофаи 2150 метр бо қубурҳои қутраш 800 миллиметра васлу насб гардид.
Баҳри афзун намудани ҳусну таровати шаҳр биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор ёфта, қубурҳои обу ташноби онҳо иваз шуданд.
Ҳамчунин, раиси шаҳр доир ба бахши саноат афзуд, ки корхонаҳои шаҳр ба маблағи 2 миллиарду 145,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин нисбат ба соли пешина 120,3 миллион сомонӣ зиёд аст. Аз ин миқдор 461,2 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот шуда, 127 корхона маҳсулоти воридотивазкунанда ба маблағи 1 миллиарду 20,8 миллион сомонӣ истеҳсол намуданд. Дар ин давра бо ҷалби зиёда аз 36,5 миллион сомонӣ сармоя 32 адад корхонаи нави истеҳсолӣ бо 400 ҷойи корӣ таъсис ёфт.
Доир ба даромади буҷети умумӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 - ум ба маблағи 1 миллиарду 27,9 миллион сомонӣ таъмин гардида, аз нақша 125,9 миллион сомонӣ зиёд ворид шуд. Ин имкон дод, ки 25 миллион сомонӣ маблағи баландшавии музди меҳнат ва нафақаи шаҳрвандон пурра таъмин гардад. Ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 305,2 миллион сомонӣ равон шуда, 34 адад муассисаи ин соҳаҳо бунёду азнавсозӣ гардиданд.
Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон саволҳои гуногун доир ба паҳлуҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр пешниҳод карданд.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
"Ҳақиқати Суғд"




