Дар толори муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи васеи корӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти филиалҳои шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистон дар шашмоҳаи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини якуми Раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода ифтитоҳ намуда, ҳадафи асосии ҷамъомадро баррасии вазъи истифодаи самараноки неруи барқ ва чораҷӯӣ ҷиҳати пешгирии истифодаи ғайриқонунии он арзёбӣ кард.
Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Азимзода, директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Холмуҳамадзода ва директори генералии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» Манодж Дигамбар Салви иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни таҳлили вазъи соҳа дар минтақаи Хуҷанд ва Гулистон, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Азимзода таъкид кард, ки истифодаи ғайримақсаднок ва ғайриқонунии неруи барқ ба иқтисодиёти кишвар ва устувории низоми энергетикӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷумла, қайд гардид, ки вазъ дар самти талафоти неруи барқ дар ноҳияҳои Мастчоҳ ва Исфара нигаронкунанда аст. Мавсуф таъкид кард, ки масъулони соҳа вазифадоранд дар ин минтақаҳо ҷиҳати ошкор ва пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии истифодаи барқ ва коҳиш додани талафоти техникӣ тадбирҳои фаврӣ ва қатъӣ андешанд. Ӯ ба масъулин дастур дод, ки дар самти ошкор ва бартараф кардани вайронкуниҳои қонунгузории соҳаи энергетика тадбирҳои қатъӣ андешида, назоратро дар ин самт боз ҳам пурзӯр намоянд.
Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ, сари вақт ҷамъоварӣ кардани маблағи истифодаи барқ ва коҳиш додани талафоти техникию тиҷоратиро баррасӣ карданд.
Дар фарҷом, ба роҳбарияти шабакаҳои барқи шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини фаъолияти босуботи низоми энергетикӣ дар давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Сурайё Ҳакимова,
“Ҳақиқати Суғд”





