Дар нишасти матбуотии муассисаҳои марбут ба шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи вилоят рӯзноманигорон аз масъулин оид ба чораҳои беҳтаргардонии сатҳу сифати хизматрасонӣ, ҷоннок кардани назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилоят ва мушкилоти мавҷудаи КВД “Хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ” пурсон шуданд.  

Тавре дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, бо мақсади беҳтар намудани ҳолати роҳҳои автомобилгарди вилоят дар соли ҷорӣ тибқи нақша дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2951 км роҳ, аз ҷумла, 865 километр таъмири асосӣ, 1254 км таъмири ҷорӣ, 832 километр шағалпӯш, карда шуданд. Метавон иброз дошт, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тавассути идораи сохтмони асосии вилоят 34,5 километр роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Дар соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом (Кучкак-Конибодом 10,3км), (Деҳмой-Ғафуров 22км), (Ғафуров-Хистеварз 6,6км), ки дар доираи Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ) бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардид.

Намояндаи раёсати минтақаи суғдии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар вилояти Суғд чунин иброз дошт, ки тавассути роҳи оҳан содироти маҳсулоти кишоварзӣ тавассути қатораҳо 4636 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2025-ум 12236 тонна кам мебошад. Аз миқдори умумии маҳсулоти содиротшуда 1396 тонна меваи хушк, пиёз 3240 тонна мебошад. Инчунин, дар ҳамин давра аз ҷониби ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” 3675 вагон (235200 тонна) консентрат содирот карда шудааст.

Ҳамзамон, мутахассиси шуъбаи нозироти Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлёти вилояти Суғд  Аваз Ҳоҷиев маълумот дод, ки дар моҳҳои январ – декабри соли 2025 барои фаъолият дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ ба соҳибкорони инфиродӣ 464 адад иҷозатнома дода шудааст, аз он ҷумла 105 адад барои боркашонӣ, 3 автобус, 46 микроавтобус, 291 нақлиёти сабукрав (таксӣ) ва 19 адад хизматрасонии техникӣ ва таъмир дода шуд.

- Дар хатсайрҳо ва терминалҳо бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шуъбаи БДА РВКД – и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳо 3219 рейду санҷишҳо гузаронида шуд, - гуфт Аваз Ҳоҷиев.

Аҳмадҷон Раҳматов намояндаи филиали ҶСК “Тоҷиктелеком” арз дошт, ки даромади тарофавии филиал дар ин давра 3158001 сомониро ташкил дод, ки аз ин 352320 сомонӣ хизматрасонӣ ба аҳолӣ мебошад.

Яке аз мушкилоти асосии соҳа афзоиш ёфтани қарзи дебитории аҳолӣ, ташкилоту муасиссаҳо аз хизматрасонии алоқаи телефонии барқӣ мебошад,-шарҳ дод Муродҷон Набиев.

Абдуманнон Юсупов сардори Корхонаи фаръии КВД “Почтаи тоҷик” низ зимни нишаст иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корхона 4955000 сомонӣ  даромад ба даст овард, ки аз ин 2380200 сомонӣ хизматрасонӣ ба аҳолӣ аст.

Дар маркази шаҳру ноҳияҳои вилоят 166 шуъбаҳои алоқа,  аз ҷумла, дар мувозинаи Корхонаи фаръии корхонаи воҳиди давлатии “Почтаи тоҷик” дар вилоят 18 маркази алоқа ва 153 шуъба дар мувозинаи ҷамоату деҳот қарор дошта, дар онҳо 311 нафар хизматрасонӣ менамоянд. 

Баҳриддинхоҷа Нозимӣ директори Намояндагии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар вилояти Суғд  дар рафти нишаст  иттилоъ дод, ки бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 229,7 километр қубурҳои оби нӯшокӣ таъмиру тармим шуд. Аз ҷумла, 42, 2 километр аз таъмири асосӣ, 66,2 километр аз таъмири ҷорӣ, 121,3 километр хати нави оби нӯшокӣ,  3 ҳавзи захиравӣ ва  17 адад ҳавзи захиравиӣ таъмир, 29 чоҳи амудии нав сохта, бар замми ин 69 адад чоҳи амудӣ аз таъмир бароварда шуда ба истифода дода шудааст.

 

Насими САИДМУҲАММАД,

“Ҳақиқати Суғд”