Соли 2025 аз ҷониби шуъбаву бахшҳои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд 21090 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид. Дар ин бора Оқилзода Ғайрат, сардори Раёсати Агентӣ зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки давраи ҳисоботӣ 2230 нафар тавассути квота бо ҷойи кор таъмин шуданд, ки аз онҳо 568 нафар ҷавонони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рухсатшуда, 483 нафар шаҳрвандони то синни 18 сола, 445 нафар волидони яккаву танҳо ё шахсоне, ки дар тарбияашон фарзандони ноболиғ доранд, 316 нафар волидони серфарзанд, 203 нафар шахсони аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ озодшуда, 172 нафар шаҳрвандони ба синни нафақа наздик, 29 нафар маъюб, 9 нафар шахсони то синни 18 сола, ки бо сабаби вафоти волидайн сарпарастии оиларо ба уҳда доранд ва 5 нафар ятим мебошад.
Ҳамзамон, дар давраи сипаригардида ба 4951 нафар ба маблағи 5 миллиону 772,6 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт карда шуд, ки аз он 43,2 ҳазор сомонӣ ба 3 нафари аз кор ихтисоршуда, 5 миллиону 199 ҳазор сомонӣ ба 4531 нафар ҷавонони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рухсатшуда ва 530,4 ҳазор сомонӣ ба 417 нафар шахсони аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ озодшуда равона шудааст.
-Соли 2025 ба Раёсати Агентӣ 744 нафари муҳоҷири меҳнатӣ муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 115 нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, 167 ба тайёрии касбӣ фаро гирифта шуда, 40 нафар бо корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб гардида, ба 50 нафар барои фаъолияти соҳибкорӣ 211,3 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд,-илова кард сардори Раёсат. Ҳамзамон, зикр намуд, ки ба 519 нафар шаҳрванди бекор ба маблағи 2 миллиону 304,8 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод шуд. Ин маблағҳо барои оғози фаъолият дар самти хизматрасонӣ, тиҷорат ва истеҳсолот истифода бурда мешаванд.
-Айни замон дар вилоят 16 маркази касбу ҳунаромӯзии тобеи Агентӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо беш 40 намуди ихтисос омӯзонида мешаванд. Соли сипаригардида 5215 нафар ба омӯзиш ҷалб карда шуданд, ки пас аз хатм ба онҳо шаҳодатнома дода шуд. Инчунин, 3947 нафар ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, пардадӯзӣ, қаннодӣ, ошпазӣ, гулдӯзӣ, дуредгарӣ, дӯзандагӣ, адрасбофӣ, зардӯзӣ, муҳрабофӣ, йӯрмадӯзӣ, бофандагӣ, попуридӯзӣ, ҷомадӯзӣ ва нонпазӣ ҷалб гардиданд,-шарҳ дод Оқилзода Ғайрат.
Амони МУҲАММАД,
“Ҳақиқати Суғд”




