Ватан барои ҳар як инсон аз зодгоҳ, аз он сарзамине, ки он ҷо модараш, падараш, пайвандонаш, дӯстонаш ҳастанд, оғоз мешавад. Ҳамин риштаи пайвандӣ ҳар фардро, ба куҷои дунё равад, боз сӯи худ кашида, ба асли хеш мепайвандад...
Аз шаҳраки Наврӯзи Ҷамоати деҳоти Зафарободи ноҳияи Зафаробод, ки онро маҳаллаи 16 низ мегӯянд, даҳҳо ҷавонмардон ба кишвари Федератсияи Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Он ҷо, ҳатто, солиёни тӯлонӣ зист доранду ҷойи кори муносиб. Вале ягон лаҳзае зодгоҳи худ, наздикони худ, ҳамдиёрони хеш, урфу одатҳои миллии худашонро фаромӯш накардаанд. Ҳамеша бо дӯстону пайвандон дар иртиботанд. Ба истиқболи ҷашни шарифи миллат-35 солагии Истиқлолияти давлатӣ бошад, ҳар яки онҳо ният доранд, каме бошад ҳам, саҳми худро дар ободониву шукуфоии зодгоҳашон ҳамроҳ кунанд.
Муллопочо Пӯлодов аз зумраи чунин инсонҳои бошарафу бонангу ор аст. Ҳамеша баҳри боз ҳам беҳтар шудани шароити зисти ҳамдиёронаш чораву тадбир меандешад, навгониҳо ба амал меорад. Бо иқдоми ӯ дар кӯчаи калонтарини шаҳрак-Наврӯз хатти оби нӯшокӣ кашида оварда шуд. Бо иқдоми сокини шаҳрак Абдуҳаким Шералиев чоҳи амудӣ канда, ба истифодаи аҳолӣ дода шуд. Ҳамин тавр бо ташаббуси ватанпарваронаи Ҳоҷӣ Абдусамад Нормамадов кӯчаи Наврӯз асфалтпӯш карда шуд. Бо иқдоми ин соҳибкор ҳамчунин наздик як километр роҳи шаҳрак кофта, хатти оби нӯшокӣ нав карда, ба 36 оила оби тозаи ошомиданӣ дароварда шуд. Ин инсони накӯкору саховатманд роҳ ба кӯдакистони “Парасту”-и шаҳракро таъмиру тармим карда, инчунин ин муассисаи томактабиро бо оби ошомиданӣ таъмин кард. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ин бинои дуошёнаи кӯдакистон беш аз 200 кӯдаки сокинони маҳалла бо таълиму тарбия фаро гирифта шуда, бо иқдоми соҳибкор Ҳоҷӣ Абдусамад дар назди боғча дарахтони ҳамешасабзи арча шинонда шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки ин соҳибкор бо эҳсоси баланди худшиносии миллӣ дар ободонии сарзамини хеш саҳми бориз гузошта, бо иқдоми хеш дар роҳу кӯчаҳои шаҳрак даҳҳо бех дарахтони мевадор ва сояафкани арча, гелос, себ шинондааст. Фарзандони аҳли маҳалла дар таълимгоҳи рақами 1-и ноҳия таҳсил мекунанд, ки ин мактаб аз ду ошёна иборат буда, бештар аз 2500 нафар муҳассилро бо таълиму тарбия фаро гирифтааст. Ва барои таҳсили муътадили хонандагон тамоми шароит муҳайёст. Ба наздикӣ роҳ то мактаб низ шағалпӯш карда шуд. Бо иқдоми соҳибкорон инчунин мумфаршкунии кӯчаи калони маҳалла – кӯчаи ба номи Воҳид Шарифов ба роҳ монда шудааст, ки он то рӯзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба охир расонида мешавад. Ба ифтихори истиқболи сазовори ҷашни таърихии мамлакат ҳамчунин кӯчаи ба номи Умари Хайём мумфарш ва чароғон карда шуд, дар ин кӯча ба беш аз сад хонадон инчунин оби ошомиданӣ муҳайё карда шудааст.
Бояд гуфт, ки шуғли асосии сокинони шаҳрак кишоварзӣ буда, онҳо асосан бо парваришу рӯёндани пахта машғуланд, - зикр медошт раиси маҳаллаи Наврӯз Аҳмадҷон Ҳусейнов,- ва дар пешравии кори онҳо соҳибкорон, инсонҳои саховатманд аз зумраи Қодир Арбобзода, Зарифҷон Зарифов, Абдуқаҳҳор Абдурасулов, ки сокинони маҳаллаанд, мусоидат намуда, кӯмаки худро ҷиҳати дастраскунии заҳрдору, дигар лавозимот дареғ намедоранд. Инчунин ин фардони шарифу ватандӯст барои ободонии шаҳрак саҳми шоистаи худро мегузоранд. Олими соҳаи кишоварзӣ Иномҷон Қобилбеков, ки дар ноҳия заминҳои таҷрибавии кишти пахта дорад, барои пахтакорон баҳри рӯёндани ҳосили баланди пахта маслиҳатҳои нек медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар ҳудуди шаҳрак инфрасохтори иҷтимоӣ, аз ҷумла мағозаҳои гуногун фаъолият бурда, барои сокинон маҳсулоти ғизоӣ ва молҳои саноатиро муҳайё мекунанд.
Муҳити маънавии маҳалла солим буда, тӯю маъракаҳо бо риояи бечунучарои танзим доир карда мешаванд, - гуфт раиси маҳалла, -маъракаҳо ҳатман дар соати ҳафти бегоҳ гузаронида шуда, меҳмонон дар доираи муайяни нишондодашуда даъват карда мешаванд. Даъвати онон ба хизмати ҳарбӣ низ дар маҳалла сари вақт таъмин мегардад, зеро волидон худ ба фарзандонашон мегӯянд, аввал хизмати Ватанро иҷро намо, баъд сари ягон касбу корро мегирӣ...
Дар маҷмуъ, сокинони шарафманди ноҳияи Зафаробод, аз ҷумла шаҳраки Наврӯз баҳри бо заҳмати бунёдкорона, дастовардҳои шоиставу арзанда ҳам дар самти ободониву созандагӣ, ҳам дар соҳаи кишоварзӣ истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи мамлакат-35-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон саъйю талош доранд ва дар ин радиф ҳар як шаҳрванди оддӣ, ҳар соҳибкор ва саховатманд мекӯшад баҳри шукуфоии сарзамини худ саҳме гузорад.
Рафоат МӮЪМИНОВА,
“Ҳақиқати Суғд”





