Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадизода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия, вазъи соҳаи кишоварзӣ, ҳолати системаи обтаъминкунӣ ва ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Раиси ноҳия таъкид кард, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз бахшҳои калидии иқтисоди ноҳияи Ашт маҳсуб ёфта, рушди бемайлони он аз ҳолати низоми обтаъминкунӣ вобастагии зич дорад. Ба иттилои ӯ, 93 фоизи заминҳои обии ноҳия тавассути системаи мошинӣ бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд. Аз ин рӯ, фаъолияти мураттабу босамари истгоҳу пойгоҳҳои обкашӣ дар фарогирии пурраи майдонҳои кишти зироатҳо, боғу токзорҳо, инчунин васеъ намудани майдонҳо бо роҳи азхудкунии заминҳои нав нақши ҳалкунанда дорад.
-Дар ин самт дар ноҳия Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ фаъолият намуда, дар тавозуни он 34 истгоҳи обкашӣ, 55 чоҳи амудӣ, 152,5 километр шабакаҳои обёрикунандаи байнихоҷагӣ ва 450,7 километр шабакаҳои обёрикунандаи дохилихоҷагӣ мавриди истифода қарор доранд. Нигоҳдорӣ, таъмир ва истифодаи самараноки ин иншоот имкон медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфта, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ беҳтар гардад,-таъкид кард Шуҳрат Муҳаммадизода.
Зимни нишаст инчунин ба рафти иҷрои лоиҳаи муҳими стратегӣ - “Нерӯгоҳи офтобии фотоэлектрикии Ашт 250 МВт” таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Раиси ноҳия изҳор дошт, лоиҳаи неругоҳи офтобӣ зиёда аз 793 гектар заминро фаро гирифта, дар доманаи қаторкӯҳҳои Қурама, асосан дар ҳудуди заминҳои Ҷамоати шаҳраки Шайдон ҷойгир мебошад. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 150 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот то моҳи августи соли 2026 идома меёбанд.
Гуфта шуд, ки дар марҳилаи сохтмон наздики 600 нафар ба корҳои гуногун ҷалб мегарданд, ки қисми зиёди онҳоро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Ин тадбир ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолии ноҳия мусоидат хоҳад кард.
Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоти иншоот аз ҷониби сармоягузори маҳаллӣ - ҶДММ “Аён Энерҷӣ” ва паймонкор-ҶСК “Тоҷикгидроэлектромантаж” дар ҳамкорӣ бо ширкати чинӣ анҷом дода мешаванд. Ба таъкиди раиси ноҳия, дар ҷараёни татбиқи лоиҳа талаботи меъёрҳои экологӣ ва техникии байналмилалӣ пурра риоя мегарданд.
Дар ҷамъбаст Шуҳрат Муҳаммадизода иброз дошт, ки татбиқи неругоҳи офтобии фотоэлектрикӣ дар ноҳияи Ашт на танҳо ба таъмини устувори ноҳия ва ҷумҳурӣ бо нерӯи барқи тоза ва барқароршаванда мусоидат менамояд, балки имкониятҳои содироти нерӯи барқ, рушди иқтисоди маҳаллӣ, ҷалби сармоягузориҳои нав ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолиро фароҳам меорад.
Амони МУҲАММАД,
“Ҳақиқати Суғд”




