Оне, ки соҳиби касбу ҳунар аст, дар ҳеҷ замону макон хор намешавад. Беҳуда халқ нагуфтааст, ки «Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз». Абдувосит Раззоқов аз ҷумлаи онҳое ҳастанд, ки солиёни дароз аз паси касби омӯзгорӣ, мушаххастараш устогӣ дар омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ нони ҳалол хӯрдаанд.
Маҳз ин касб ба он кас, обрӯю эътибор овард, байни толибилмону омӯзгорон ва устоҳои таълимию истеҳсолии омӯзишгоҳи техникӣ ҳамчун донандаи асрори техника шиносонд, миёни дӯстонаш чун устокалон маълум гардонд.
Собиқадори меҳнат аз литсейи касбҳои техникии №44 Зафарҷон Исоев дар хусуси устодаш хотираҳояшро ба қалам додааст: «Абдувосит Раззоқов яке аз кӯҳнатарин кормандони ҳунаристони №44-уми шаҳри Хуҷанд аст. Ман ин шахсияти нотакрорро аз соли 1971, рӯзе, ки ба омӯзишгоҳ омадам, мешиносам. Директори вақти омӯзишгоҳ Дадоҷон Сангинов маро бо устокалон шиносонида, ба эшон супориш доданд: «Ин ҷавонро ба устохонаи кафшергарӣ вобаста намоед!».
Ҳарчанд хатмкардаи ҳамин ҳунаристон будам, устод маро бо устохона, тартибу низоми баргузории машғулиятҳо, маводи таълимӣ, ба кор даровардани таҷҳизот ошно карданд. Ва солиёни дароз бо эшон ҳамкор будаму аз он кас хоксорӣ, принсипнокӣ, ташкилотчигӣ, боиродагӣ барин хислатҳоро омӯхтам. Бо роҳбарии устокалон Абдувосит Раззоқов кадрҳои болаёқат Раҳимҷон Ҳакимов, Абдурашид Юнусов, Ҷамолиддин Калонов, Музаффар Зокиров, Фарҳод Шарифов, Абдуқаюм Воҳидов ба сифати устоҳои ҳунаристон ба воя расиданд ва имрӯзҳо ба ҷавонони ҳунарҷӯ асрори касб меомӯзанд…»
Воқеан, устокалон Абдувосит Раззоқов дар омӯзишгоҳи техникии №2-юми ба номи Юрий Гагарин, ки сонитар Омӯзишгоҳи касбҳои техникии №44 ном гирифт, аз соли 1964 то ба нафақа рафтан нашъаи меҳнат чашидаанд. Эшон ба ҳунаромӯзони гурӯҳҳои механикӣ автомобил, автокран, экскаваторчиҳо дарси маҳорати касбӣ омӯзонданд. Аз соли 1969 бошад, муддати даҳ сол вазифаи устокалонро ба уҳда гирифта, дар таълиму тарбияи ҷавонони касбомӯз саҳм гузоштаанд.
Бо ташаббуси устокалон ҳамон солҳо дар таълимгоҳ ба истеҳсоли дастгоҳҳои суфтагарӣ пардохтанд. Дастгоҳи сохтаи ҷавонони хуҷандӣ ба устохонаҳои таълимии омӯзишгоҳҳои шаҳрҳои Владивостоку Тошканд, Фрунзею Алма-Ато, Ашқобод барин марказҳои саноатии давлатии шӯравӣ фиристода мешуданд. Аслан, Абдувосит Раззоқов ихтисоси механики нақлиёти автомобилро соҳиб буданд, вале чун навъовару ихтироъкор дар истеҳсоли механизму дастгоҳҳои таълимгоҳ ҳунар нишон медоданд. Эшон моҳи августи соли 1979-умро ҳеҷ фаромӯш намекунанд. Зеро эшонро ба Москва, ба Анҷумани умумииттифоқии кормандони омӯзишгоҳи касбҳои техникии СССР фиристоданд. Он кас аз дили ватани ҳамонвақта ба таассуроти амиқ баргаштанд. Мулоқот бо ҳамкасбон, суҳбат дар атрофи рушду нумӯи соҳа, шиносоӣ бо техникаю механизмҳои нав донишу ҷаҳонбинии он касро пурратар гардонданд, минбаъд дар машғулиятҳо аз дастовардҳои ҳамкасбонашон дар шаҳрҳои марказӣ ба толибилмон нақл мекарданд.
Абдувосит Раззоқов одами хоксор, инсони дилогоҳ буданд. Маҳз бо иқдоми эшон толибилмони омӯзишгоҳ барои гузарондани таҷрибаи таълимию истеҳсолӣ ба заводҳои ЗИЛ, ВАЗ, корхонаи тракторбарории Волгоград фиристода мешуданд. Коромӯзӣ дар шаҳрҳои аз диёр дур ҷавононро чандтарафа обутоб медод. Аввалан, онҳо бо таҷҳизоти заводҳои бузург шинос мешуданд, сари дастгоҳ истода маҳсулот мебароварданд, сониян, аз волидайн дуртар таъми нони мусофирӣ мечашиданд, ба мустақилӣ одат мекарданд, баъдан «дӯсту рафиқро дар сафар мешиносӣ» гуфтагӣ барин ҳамдигарро месанҷиданд, риштаи дӯстиашон қавитар мешуд.
Аълочии касбҳои техникии РСС Тоҷикистон, дорандаи даҳҳо Ифтихорномаю Раҳматномаҳои мақомоти ҷумҳурию вилоят ва шаҳри Хуҷанд Абдувосит Раззоқов бештар аз 30 сол дар ҳунаристон фаъолият бурданд, шогирдони зиёдро тарбия карданд, ки алҳол дар ҷабҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят нашъаи меҳнат мечашанду аз устоди гиромиашон сипосманданд. Раиси пештараи кумиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии шаҳри Ленинобод Бахтиёр Ашӯров, сарвари литсейи техникии №44 Зафарҷон Исоев, машинисти кранҳои борбардор Аҳмадҷон Мамадҷонов ва дигарон аз ҷумлаи онҳоеанд, ки замоне аз забони устоди касби хеш Абдувосит Раззоқов сухани меҳр шунида буданд.
Сарустои литсейи техникӣ Раҳимҷон Ҳакимов ва муовини сарвари литсей Абдурашид Юнусов дар бораи хислатҳои ҳамидаи ҳамкорашон Абдувосит Раззоқов бо ҳарорат ҳарф зада буданд. Онҳо дар омади сухан гуфтанд, ки устод дониши чуқур, ҷаҳонбинии фарох ва маҳорати баланди омӯзгориро соҳиб буданд. Он кас мактаби махсуси худро доштанд ва ҳар толибилме, ки дар машғулиятҳо ширкат мекард, ҳамон мавзӯъро бо ҷузъиёташ азбар менамуд. Мо, омӯзгорон бошем, ҷидду ҷаҳд мекардем, ки таҷрибаи амалии эшонро ёд гирем. Шогирдон Абдувосит Раззоқовро «устои дасташон гул» мегуфтанд.
Мақомоти дахлдори ҷумҳуриявӣ он касро бо нишони сарисинагии «Устои дастҳояшон тилло» тақдиронидааст, ки подоши меҳнати ҳалол мебошад. Абдувосит Раззоқов баробари омӯзгори хубу устои чирадаст буданашон, падари ғамхору меҳрубон ва сахтгир, бобои дилсӯзанд. Чӣ хеле мегӯянд, дар атрофи он кас ҳамсар, 3 нафар писару 13 нафар набера ва 5 нафар абера парвона буданд. Писарон Абдухолиқ, Тӯхтабой ва Нозимҷон касби пурмашаққату боифтихори омӯзгориро пеша кардаанд. Дуи аввал барои хизматҳои шоёни педагогӣ ба гирифтани нишони сарисинагии
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафёб шудаанд.
Абдувосит Раззоқов сенздаҳ сол инҷониб дар байни мо нестанд. Агар он кас барҳаёт мебуданд, ба синни навадсолагӣ мерасидиданд ва фарзандону пайвандон эшонро гулборон мекарданд. Эшон ин некгуфтаи Саъдии бузургро шиори зиндагиашон буд ва фарзандону наберагон, ҳамкорон ва шогирдонро ҳам талқин мекарданд, ки “Хештанро хайр хоҳӣ, хайрхоҳӣ халқ бош!..”
Ёдашон ба хайр!
Карим ШАРИФ,
барандаи Ҷоизаи ҷумҳуриявии журналистон
ба номи Абулқосим Лоҳутӣ




