Паси ҳар зани қавӣ қиссае аз сабр, ашк ва мубориза пинҳон аст…

Заноне ҳастанд, ки бо дили пурдард, вале иродаи қавӣ фарзандонашонро ба воя расонида, дар баробари мушкилоти зиндагӣ сар хам накардаанд. Ин занон намунаи сабр, матонат ва қувваи ҳақиқӣ мебошанд.

-Ягон вақте дилат аз ғаму андӯҳ фишор хӯраду ба дард ояд, агар ин зиндагӣ ба назарат аз чашми мӯр ҳам тангтар намояд, ягон неъмати ин дунё - хонаву дар, фарзандони дилбандат туро хушвақту хушҳол гардонида натавонанд, як лаҳза бинишин, суханони маро ба ёд ор: - Дар ин дунё як нафаре ҳаст, ки туро ба мисли духтараш дӯст медорад, намехоҳад, ки ҳатто, ба пойи ту холе халад.

Ин фард ба ту, ба ҳусни хулқи накӯтарини ту, - ба сабри зебои ту арҷ мегузорад…Ҳамин суханони маро аз ёдат набарор…

Ин суханонро ба ӯ ҳашт - нуҳ сол пеш гуфта будам. Бо сабаби он, ки дар зиндагонии оилавиаш чӣ қадар талхиҳову ғаму андӯҳро аз сар мегузарониду ҳамаашро таҳаммул мекард. Дар танҳоӣ ашк мерехту боз ҳам бахти оилавиашро ҳифз мекард.-Чӣ кор кунам ба ҷуз сабр, бачагонам хор нашаванд, шуд, мегӯям ба худ,- мегуфт ӯ.

Он вақте ки ба ӯ ин суханонро гуфта будам, чаҳордаҳ-понздаҳ сол боз оиладор буду дар ҳавлии шавҳар истиқомат дошт.

 Хатти сарнавишти ин ҷавонзан чунин буд, ки баъди чаҳор писар ягона духтар дар хонадони падар бошад ҳам, волидон ба ӯ тарбияи хуб дода, таҳаммулу бурдборӣ дар бешу кам ва пастиву баландиҳои зиндагиро ёд дода буданд. Аз маркази шаҳри Хуҷанд ба деҳаи наздишаҳрӣ шавҳар кард. Хизмати хусуру хушдоман баҷо меовард. Хусураш инсони хуб бошад ҳам, дар хонадон сухани хушдоман гап буд. Хушдоман ба ҳар кору амали келини ҳаждаҳсола хӯрдагирӣ мекард. Келин бо андешаи он, ки мабодо ба ягон таоми пухтааш айб наёбанд, фикру зикрашро ба хӯрокпазӣ банд мекард. Шавҳараш, гӯё ки ин зиндагонии оилавӣ ба ӯ неву ба модараш тааллуқдор аст, ягон андешаву мавқеи муайяну аниқи худро надошт. Хоҳарони шавҳар, ки ба маҳаллаи худашон ба шавҳар баромада буданд, ҳар як рафтори келин, ҳатто либоспӯшии ӯро назорат мекарданд, баъзан мешуд, бо баҳонае, ҳатто, келинро зери лату кӯб мегирифтанд. Рӯзу шаб қарору оромиш надошт, вале боз ҳам аз хизмати ӯ баъзан норизо мешуданд. Дар ин байн духтарчадор шуданаш, дар ҳаштмоҳагӣ аз хашми бародаршавҳари бадмасташ, ки ба болои тифли дар арғунчак хобида сатили пур аз себро ҳаво дод, фарзанди ҷигарбанди нахустинашро аз даст доданаш, боз ҳам зери таҳқиру надоматҳо сабру таҳаммулро пеш гирифта, дар он хонадон зиндагӣ кардан аз пурсабриву шикебоии ин ҷавонзан гувоҳ аст…

Ана ҳамон вақтҳо, ки дарунаш пур аз ғуссаву ҳасрат буду боз ҳам ба касе лаб намекушод, ман ба ӯ он суханонамро гуфта будам…

Модари чаҳор духтару як писар гардид, дар марҳалае, ки бемории коронавирус сар зад, хушдомани гирифтори ин беморӣ шуда ва дар дами марг қарордоштаашро ҷони худро зери хатар мононда, як моҳ дар беморхона нигоҳубин кард. Вале баъди ҳамин хизматҳо ва шикебоияш ҳам баҳри хусуру хушдоман ва хоҳарони шавҳар келине монд, ки ба ҷуз ранҷу озор барояш дигаргуна муносибатеро раво намедиданд. Фарзандон паси ҳам ба воя мерасиданд. Шавҳараш ба пӯшидани иморати боҳашамат шуруъ кард. Ӯ фикр кард, нияти шавҳараш аз пӯшидани чунин иморати бошукӯҳ ба оилаҳои хуб ба шавҳар додани духтаронаш ва хонадоркунии ягона писарашон аст. Ҳар рӯзе барои беш аз бист нафар устоҳои сохтмончӣ таом мепухт. Рӯзҳое мешуданд, ки модарашро ба кӯмак даъват мекард ва ҳарду таом омода мекарданд. Мешусту тоза мекард, мепухт, рӯбучин мекард. Лаҳзае шуд, ки мошини сабукрави шавҳарашро мешусту банохост коғазпораеро дид, ки ба чаҳор ҳазор сомонӣ гӯшвораи тилло харида шуда буд. Ва баъди ин ба ӯ аён гашт, ки шавҳараш на барои ӯ, балки барои зани дигаре ин ҳавлиро меорояд.

Ӯро бо панҷ нафар фарзандаш ба ҳавлии падараш бурда монд шавҳар. Ва оилаи дигар барпо намуд. Падару модар ҳуҷраеро ба иҷора гирифта, духтарашонро ҷойгир намуданд. Мафтуна дигар аз шавҳараш ҳеҷ чи умедвор набуд. То дери шаб кор мекард, ба сехи қаннодӣ, сехи бастабандӣ ба кор даромад, ба духтаронаш ҷиҳоз омода кард. Солҳо гузаштанд. Ду духтарашро ба шавҳар дода, соҳиби набераҳои дӯстрӯ гардид, модаркалон шуд. Дар ин мобайн гоҳ-гоҳе ӯро медидам, ҳолу аҳволашро пурсам, шукр, беҳтар, мегуфту табассум мекард, вале чашмонаш ҳамоно ғарқи об мешуданд. –Суханони шумо шиори зиндагиам, -мегуфт ӯ…

Оила барои ҳар як фард муқаддас аст ва бахту саодати ҳақиқии инсониро танҳо дар оила метавон ёфт. Оиладорӣ баҳри мард мушкиливу муаммои хоси худро дошта бошад, баҳри духтарон сирру асрор ва мушкилиҳои дигари худро дорад. Ҳар як духтар аз он ҳангом, ки ба шавҳар баромада, ба хонаи бегона қадам гузошт, барояш зиндагии дигар оғоз мешавад. Модарам мегуфтанд, аз он лаҳзае, ки шаби арӯсӣ ба сари духтар сӯзанӣ меандозанд, бори зиндагӣ ба дӯши ӯ мефарояд. Барои ҳамеша. Ӯ дигар он духтараки дирӯзаи нозпарварди хонадон нест. Шеваи зиндагии зан дар оиладорӣ бояд ҳамеша сабр, таҳаммул, пурбардоштӣ бошад…

Вале, охир як чизи дигар низ ҳаст, ки хушдоман ҳам модар аст-ку. Чаро баъзан келин монанди духтар қабул карда намешавад. Чаро муносибат ба ӯ бомаърифатона, бо нигоҳдории эҳтироми ӯ сурат намегирад.

Дирӯз озмуни вилоятии оилаи беҳтарин, оилаи ҳунарманди беҳтарин ҷамъбаст гардид. Тавре тариқи Телевизион вилояти Суғд намоиш доданд, «Оилаи беҳтарин» дар вилоят он хонадоне дониста шуд, ки дар он дар ҳаргуна шароит зевари сиришти бонувон сабр, шикебоӣ, бурдборӣ аст.

Оре зан - ҳамсар будан, модар будан, шавҳардорӣ, нигоҳубини хусуру хушдоман-ҳар яки ин рисолат, масъулияти баланди ҳар як зан аст. Ва аз зумраи қаҳрамонон аст оне, ки ин рисолати муқаддасро бошарафона баҷо меорад. Дар хотир дорам, боре ба ҳуҷраи кориам як нафар зане даромада омаданд, ба назарам мақолае оварда супориданд ва сипас аз ман хоҳиш карданд, ки каме наздам нишинанд. Ва, тавре аёнам гардид, ин бонуи шастсола духтури номдоре будаанд, ки ҳама аҳли ҷомеа аз эъҷози дастони дармонбахшашон миннатдору сипосманд. Вале дар оилаашон келин агар хонаашонро рӯбучин кунад, ҷомашӯиашонро кунад, зарфҳоро шӯяд, аз шавҳараш «музд»-и меҳнаташро мегирифт. Аҷаб ҳасрату асрори нуҳуфтае, ки ба касе изҳор карда намешуд, доштанд ин бонуи зебову хушгуфтор, аз хонадони барӯманд буданд ва соле нагузашта, шунидам, ки фавтидаанд, дар синни шастуяксолагӣ…

Дугонае дорам. Дар ҷавонӣ бо сабаби ғурбату ҷанҷоли оилавӣ бо як писарчаи сесола аз шавҳараш ҷудо шуда буд. Ба ӯ он вақт гуфта будам, дигар шавҳар накун, писар дорӣ, ба воя расад, дар зиндагӣ муттакоят мешавад. Падар рӯзе, албатта, писарашро меҷӯяд… Вале дар ҳавлии падар, ки ду-се бародар бо ҳамсарону фарзандонашон зист доштанд, ӯро дубора ба шавҳар доданд. Ба қавле, писари ӯгай ба табъи шавҳар нафорид. Вакте худ писардор шуд, писари ӯгайро ҳар рӯзе аз хона пеш мекардагӣ шуд. Ва писари дӯстдоштаи модар кӯчагард, дарбадар гашт Оқибат, ба кишвари Русия барои кор рафту баъди ду-се соли рафтанаш, дар синни сисолагӣ аз бемории сил вафот кард.

Ҳарчанд дар маркази шаҳр ба воя расидааст, дастони ин дугонаам гул аст, ҳавлиашро бо анвои дарахтони меваи шаҳдбори анору себ, ноку биҳӣ, хурмову чормағз, ангуру анҷир оро додааст. Боре тирамоҳон ба ҳавлиашон рафтам. Аз дарвозааш дароям, рӯи ҳавлӣ, дар зинапояи хона нишаста, ба дарахтони ҳимел-ҳимел мевабастаи боғаш чашм дӯхтаву якзайл ашк мерехт, бечора дугонаам. -Канӣ акнун писаракам, ки аз ин меваҳо чашаду ман бинам, дарун-дарун шодӣ кунам, -бо ҳасрату андӯҳи амиқ мегирист ӯ, - Ман писарамро эҳтиёт карда натавонистам…

Дирӯз ба як деҳаи наздишаҳрӣ ба хонадоне баҳри изҳори тасаллият рафтем. Зани солхӯрдаи навадуҳафтсола даргузашта буданд. Он фард фарзанд надоштанд Шавҳарашон чандин сол қабл вафот кардаву танҳо мезистанд. Он ҳавлӣ, он манзара дар хотири ман нақш баст: - ду кулбаи пастакаку хурд-хурди аз хишти хом сохташуда, рӯи ҳавлӣ ҳам тахминан як садяк масоҳат дорад. Дар назди тирезаи пастакаки хона кати чӯбин гузошта шудааст ва рӯи ҳавлӣ дарахти азими бед қомат афрохта, болои кат соя меафканад. Ана дар ҳамин ҷо умри пурбаракати ин зан сипарӣ шуд. Қариб як аср.

Барҳақ, зиндагӣ саросар панд аст, панди беназир медиҳад ба ҳар фард. Ҳаёти касе аз он, ки бояд ба зиндагӣ, зинда будан арҷ гузошт. Рӯзгори дигаре аз он, ки оила, ин ниҳоди муқаддасро, ки сарчашмаи саодати инсон аст, бояд дар ҳама гуна ҳолат ҳифз кард. Сарнавишти дигаре аз он далолат медиҳад, ки модар муқаддастарин зот аст, бо худфарсоӣ, худафрӯзии хеш баҳри осоиши фарзандон…Ва дар ҳама вазъ як хулоса ғолиб аст-сабру бурдборӣ…

Дирӯз бегоҳӣ ғарқи андешаҳои худ ба мағозаи «Амид» ворид шудам. Ногоҳ чашмам ба ҷавонзане афтод, ки бо табассум сӯям меомад. Ин Мафтуна буд. – Ман хеле хушбахту саодатмандам,-гуфт ӯ, -Шавҳарам омаданд, мо писарамонро ба донишгоҳи тиббӣ дохил кунонидем… -Аз қиёфааш, аз чашмони барқвор ҷараққазанандааш шодмонии беинтиҳояш эҳсос мегардид.

-Ин самараи сабри туст, ки ин қадар ширин гаштааст, -гуфтам.

Ин лаҳзаҳои рӯзгори ду-се нафарро баҳри он овардам, ки имрӯз, ҳарчанд шароити зиндагӣ рӯз ба рӯз беҳтар гардида истодаасту аксари мардум аз таъминоти ғизо, сару либос, манзил танқисӣ намекашанд, теъдоди вайроншавии оилаҳои ҷавон меафзояд. Ва, чунонки мушоҳидаҳо собит месозанд, сабабҳои ҷудошавӣ аксаран муаммоҳои ҷузъиву ночизанд, ки ҳаллашон осонтарин амал аст.

Имрӯз модаронро зарур аст, ба духтарон маърифати оиладориро омӯзонанд, духтаронро дар рӯҳияе тарбия намоем, ки қадру манзалати оиларо эҳсос намоянд, дар ҳар қарори худ дар боби оиладорӣ босабру пуртаҳаммул бошанд, эҳсос намоянд, ки саодати ҳақиқии зиндагиро кас танҳо дар оилаи хеш дарёфта метавонад ва дар шебу фарозӣ, камиву бешии зиндагӣ босабру шикебо бошанд, баҳри пойдории оилаи худ мубориз бошанд, соҳибирода, боматонат бошанд. Он ҷавонзане, ки баъди ду-се моҳ ва ё як-ду соли оиладорӣ ба ҷудошавӣ иқдом менамояд, албатта, рӯзе пушаймон хоҳад шуд. Зеро пояи оила дар фурсати як моҳу ду моҳ ва ё чанд сол устувор намегардад, балки баҳри мустаҳкам ва бобақошавии муҳаббату садоқати оилавӣ мебояд солҳои тӯлонии санҷишҳои зиндагиро паси сар намуд, таҳаммул кард.

Низоми оила-сарчашмаи низоми ҷомеа аст ва ҳифзу нигаҳдории ин низом аз зан, модар вобастагии аввалиндараҷа дорад. Агар зан-модар баҳри пойдории оилааш талош намояд, рӯзе мерасад, ки ӯ ба ҷомеа фардони солимфикр, покрафтор, некақидаро манзур менамояд, ки сарчашмаи ифтихор ва рӯсурхии худаш аст. 

Рафоат МӮЪМИНОВА,

“Ҳақиқати Суғд”