- Информация о материале
- Просмотров: 179
Соҳаи кишоварзӣ яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, таъмини амнияти озуқавории кишвар аз он вобастагии мустақим дорад. Дар ин замина, ҳар гуна омилҳои хатарзо, аз ҷумла офатҳои табиӣ ва ҳашароти зараррасон метавонанд ба рушди устувори соҳа таъсири манфӣ расонанд. Яке аз чунин хатарҳо, ки ҳамасола дар минтақаҳои гуногуни кишвар, бахусус вилояти Суғд ба мушоҳида мерасад, хуруҷи малах мебошад. Муборизаи саривақтӣ ва муташаккилона бар зидди ин ҳашароти зараррасон шарти муҳими ҳифзи ҳосили кишоварзон ва таъмини суботи бозори озуқаворӣ маҳсуб меёбад.
Тавре маълум аст, дар доманакӯҳҳо ва минтақаҳои нисбатан гармтару хушк паҳншавии малах бештар ба қайд гирифта мешавад. Дар вилояти Суғд чунин минтақаҳо асосан шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Истаравшан, Исфара, Деваштич, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Спитаменро дар бар мегиранд. Дар ин ҳудудҳо бо сабаби шароити мусоиди иқлимӣ ва мавҷудияти чарогоҳҳои васеъ, тухмгузории малах ва афзоиши он бо суръати баланд сурат мегирад.
- Информация о материале
- Просмотров: 238
Дар вилояти Суғд мавсими пиллапарварӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дошта, сокинони як қатор шаҳру ноҳияҳо барои ба даст овардани ҳосили баланд саъю талош меварзанд. Соҳаи пиллапарварӣ, ки солҳои охир дубора рушд меёбад, имрӯз ба яке аз манбаъҳои муҳими даромади аҳолии деҳот ва рушди саноати сабук табдил ёфтааст.
Тибқи иттиллои ҶСК “Пиллаи тоҷик” дар вилоят, имсол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба пиллапарварон 1000 қуттӣ кирмак дастрас гардида, истеҳсоли 30 тонна пилла ба нақша гирифта шудааст. Дар шаҳри Исфара бошад 800 қуттӣ кирмак тақсим шуда, ҳосили пешбинишуда 24 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, барои ноҳияҳои Ашт, Спитамен ва шаҳри Конибодом 750 қуттӣ (дар маҷмӯъ, 2250 қуттӣ) кирмак барои истеҳсоли 22,5 тонна (дар маҷмӯъ, 67,5 тонна) пилла ҷудо гардидааст. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бошад 700 қуттӣ кирмак барои истеҳсоли 21 тонна пилла дастрас шудааст.
- Информация о материале
- Просмотров: 221
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатҳо табдил ёфтааст, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин аҳамияти ҳаётан муҳим касб мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар доираи сиёсати созандаву ободкоронаи худ ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Маҳз ҳамин сиёсати дурандешона имкон фароҳам овардааст, ки дар гӯшаҳои гуногуни кишвар корҳои ободонӣ ва рушди инфрасохтори деҳот бо маром идома ёбанд.
Яке аз намунаҳои барҷастаи чунин ташаббусҳо дар деҳаи Падаски ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ амалӣ гардида истодааст. Дар ин минтақа, ки дорои имкониятҳои фаровони табиӣ мебошад, иқдоми муҳиме роҳандозӣ шудааст, ки ҳадафи асосии он ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 600 гектар замини бекорхобида мебошад. Ин заминҳо, ки солҳои тӯлонӣ беистифода монда буданд, имрӯз бо саъю талоши якҷояи давлат ва сокинон тадриҷан ба заминҳои ҳосилхез табдил меёбанд.
- Информация о материале
- Просмотров: 206
То санаи 8-уми апрели соли ҷорӣ кишоварзони вилоят дар майдони 5351 гектар кишти пунбадонаро ба роҳ мондаанд. Тавре аз Сарраёсати кишоварзии вилоят иттилоъ дода мешавад, дар соли 2026 нақшаи умумии кишти пунбадона 59 ҳазору 600 гектарро дар бар гирифта, марҳала ба марҳала татбиқ гардида истодааст. Ин нишондиҳанда аз оғози фаъоли маъракаи баҳории кишоварзӣ дарак дода, аз иродаи қавии деҳқонон барои ба даст овардани ҳосили фаровон шаҳодат медиҳад.
Маъракаи кишти пунбадона дар тамоми шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом – 1088 гектар, Зафаробод – 902 гектар, Мастчоҳ – 901 гектар, Бобоҷон Ғафуров – 848 гектар, Ҷаббор Расулов – 613 гектар, Спитамен – 514 гектар ва Ашт – 487 гектар гузаронида шуда, он бо маром идома дорад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ бо истифода аз техникаи муосир, аз қабили тухмипошакҳои дақиқкор ва агрегатҳои кишоварзӣ кӯшиш доранд, ки киштро дар муҳлатҳои агротехникӣ ба анҷом расонанд.
- Информация о материале
- Просмотров: 178
Дар шароити кунунии рушди иқтисоди миллӣ таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат маҳсуб меёбад. Дар ин раванд, соҳаи кишоварзӣ, бахусус картошкапарварӣ, нақши калидӣ дошта, барои таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ аҳамияти махсус пайдо намудааст. Вилояти Суғд ҳамчун яке аз минтақаҳои пешсафи аграрии кишвар дар рушди ин соҳа мавқеи муҳимро ишғол менамояд.
Тибқи маълумоти фаврӣ оид ба рафти корҳои агротехникӣ то санаи 8-уми апрели соли 2026, кишти картошка дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо суръати гуногун идома дошта, тадриҷан ба марҳилаи фаъол ворид гардидааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хоҷагиҳои кишоварзӣ вобаста ба шароити иқлимӣ, имкониятҳои техникӣ ва сатҳи омодагии заминҳо корҳои саҳроиро бо маром пеш мебаранд.





