Ҳақиқати Суғд
  • Асосӣ
  • Бахшҳо
  • Аксҳои хотирмон
  • Тамос бо мо
  • Рӯзнома
  • Facebook
  • Telegram
  • Instagram
  • Собиқадорон
  1. Вы здесь:  
  2. Главная
  3. Бахшҳо
  4. Кишоварзӣ

Маводҳои охирон

  • Иғвогарии ТЭ «Гуруҳи 24» дар фазои маҷозӣ
  • Салафия душмани давлатҳои демократӣ
  • Дар ҳифзи Ватан устувор бошем
  • Пешгирии иттилооти ғайриэкологӣ дар замони муосир
  • Бани одам аъзои якдигаранд…
  • Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм
  • Баъзе андешаҳо оид ба мафҳум ва мазмуни ватандўстӣ  ва худшиносии миллӣ
  • Терроризм ва экстремизм: хатар ба амнияти ҷомеа
  • Ояндаро бе терроризм бунёд намоем!
  • Амният ва ободии Ватан

Бахшҳо

  • Маводҳо барои сайт
  • Сиёсӣ
  • Иҷтимоӣ
  • Иқтисодӣ
  • Фарҳанг
  • Варзиш ва сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • Кишоварзӣ
  • Илм ва маориф
  • Собиқадорон
  • Ҷомеа ва замон

Собиқадорон

МӮЪМИНОВА РАФОАТ (Рафоати Неъматдухт)
ШАРИФОВА МАВЛУДА
МАҶИДОВ АБДУМУИН (А.Юсуфзод)
СОЛЕҲИ ЗАРИФЗОД (Солеҳбой Дадобоев, Солеҳи Маҳзун)
ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна)
ӮРИНБОЙ УСМОН (Усмонов)
ИСМОИЛОВ ИСРОИЛ
ҶИЛО (Сайидамин Умаров)
КЕНҶАЕВА МАВЛУДА ҲОДИЕВНА
ТӮЙЧИЗОДА ҲАДИЯТИЛЛО

Китоби ҷашнӣ

Ҷустучӯ

Ниҳолшинонӣ омили муҳими сарсабзист

Информация о материале
Опубликовано: 20 февраля 2026
Просмотров: 233

Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар вилоят як рӯйдоди муҳим дар роҳи татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори кишвар ба шумор меравад. Чуноне ки дар Паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид гардидааст, кабудизоркунӣ, ҳифзи табиат ва беҳтарсозии муҳити зист на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди огоҳу ватандӯст мебошад.

Дар ин замина, амалӣ гардидани «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» аҳамияти стратегии бузург дошта, он ба рушди экологии кишвар, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ равона гардидааст. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024, №374 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 01.11.2024, №296, барои солҳои 2025–2027 нақшаи амали мушаххас тасдиқ гардида, татбиқи он ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муайян шудааст.

пурра...

Қадаме ба сўи “Кишвари сабз”

Информация о материале
Опубликовано: 12 февраля 2026
Просмотров: 211

Дар доираи “Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”, ки 29-уми июни соли 2024, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, то соли 2040 бояд дар ҳудуди мамлакат 2 миллиард бех ниҳоли ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шавад.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 97 хоҷагии ниҳолпарварӣ, аз ҷумла дар назди Вазорати кишоварзӣ-13 хоҷагӣ, Агентии хоҷагии ҷангал-5 хоҷагии бузург ва 43 хоҷагии хурд, Кумитаи ҳифзи муҳити зист-9 хоҷагӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ-27 хоҷагии деҳқонӣ ва инфиродӣ амал мекунад. Дар умум,  ҳамасола парвариши то 2,8 миллион бех ниҳол ба роҳ монда шудааст, ки аз он ҳамагӣ 1,5 миллион бех ниҳол барои шинонидан тайёр мебошад. Тибқи хулосаи мутахассисон, ин миқдор ниҳол барои раванди босуръати кабудизоркунии кишвар нокифоя арзёбӣ мешавад ва бояд бознигарӣ карда шавад.

пурра...

Буриш ва нигоҳубин

Информация о материале
Опубликовано: 10 февраля 2026
Просмотров: 219

Бо фаро расидани фасли оромии растаниҳо, корҳои агротехникӣ дар боғҳо аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Яке аз тадбирҳои муҳим барои беҳбудии нашъунамои дарахтон, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва нигоҳ доштани саломатии онҳо буриши санитарӣ ва шаклдиҳӣ ба ҳисоб меравад.

Ба таъкиди мутахассис, номзади илмҳои кишоварзӣ Муҳиддин Абдуллоев, буриш ва башаклдарории дарахтони мевадиҳанда аз тадбирҳои асосии агротехникӣ мебошанд, ки барои танзими сабзишу инкишофи дарахтон, беҳтар гардидани сифати мева ва ҳосили фаровон басо муҳим аст.

Бино ба гуфти мутахассис буриши шаклдиҳӣ   дар се соли аввали бунёди боғ гузаронида шуда, барои ташаккули дурусти шохсори дарахт хизмат мекунад ва он аз се навъ иборат мебошад.

пурра...

Ҳосили гармхонаҳо - зеби дастархонҳо

Информация о материале
Опубликовано: 09 февраля 2026
Просмотров: 147

Бовуҷуди тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳарорати баланди ҳаво дар соли гузашта дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони мамлакат рушди соҳаи кишоварзӣ 8,5 фоизро ташкил дода, дар кишварамон фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ва бозори истеъмолӣ таъмин карда шуд. Ҳамин тавр, сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз шаст фисади даҳ сол пешина ба ҳаштод фоиз дар соли 2025 расонида шуд. Ин нишондиҳанда даракдеҳ аз заҳмати сидқидилонаи боғдорон, токпарварон, сабзавоткорону пахтакорони вилояти Суғди бостон низ мебошад, ки баҳри ноил гардидан ба истиқлолияти озуқаворӣ мондагиро надониста меҳнат мекунанд. Аз ҷумлаи соҳаҳои кишоварзӣ яке аз сарчашмаҳои фаровонии бозори истеъмолӣ ин фаъолияти босамари гармхонаҳо маҳсуб меёбад.

пурра...

Кишоварзӣ - пояи амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори давлат  

Информация о материале
Опубликовано: 14 января 2026
Просмотров: 353

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бори дигар собит сохт, ки соҳаи кишоварзӣ дар сиёсати давлатии кишвар мавқеи калидӣ ва афзалиятнок дорад. Дар шароите, ки ҷаҳон бо буҳронҳои ғизоӣ, тағйирёбии иқлим ва номутавозунии бозорҳои байналмилалӣ рӯ ба рӯст, таваҷҷуҳ ба рушди устувори кишоварзӣ ҳамчун кафили амнияти озуқаворӣ ва суботи иҷтимоӣ аҳаммияти дучанд пайдо мекунад.

Соли 2025, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои табиӣ, аз ҷумла ҳарорати ғайримуқаррарӣ, камборишӣ ва хокборишҳои шадид, кишоварзони мамлакат бо заҳмати содиқона ва ҳисси баланди масъулият тавонистанд суръати рушди соҳаи кишоварзиро ба 8,5 фоиз расонанд. Ин нишондиҳанда далели равшани он аст, ки сиёсати дурандешонаи давлат дар самти истифодаи самараноки обу замин, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири хоҷагидорӣ натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.

пурра...

Страница 4 из 4

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2028 - даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Cолҳои 2027 – 2036

Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда

Соли 2026

"Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ"

Соли 2027 - Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ

Дар бораи рӯзнома

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №519/РЗ-97 аз 7 октябри соли 2025 ба қайд гирифта шудааст.

Индекси обуна: 68894

Суроға ва телефонҳо

ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, КВДК "Коҳи матбуот", ошёнаи 4.

Қабулгоҳ: 2-06-54

Муовини сармуҳаррир: 2-06-53

Шуъбаи мактубҳо: 2-06-55

Эзоҳ

Матолиби рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”-ро дигар ВАО бо нишондоди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Маводи муаллифон дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Palatino Linotype, андозаи 14 пазируфта мешавад.

© 2026 "Ҳақиқати Суғд". Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.