Дар марҳалаи нави рушди босуботи кишвар саҳми занону бонувон дар тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар басо муассир аст.
Бонувон баҳри он мекӯшанд, ки дар ободию осоиштагии кишвар, соҳибмаърифат намудани ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷомеа ва ҳам таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми назаррас гузоранд.
Ноҳияи Ҷаббор Расулов ноҳияи аграрӣ буда, мардум бештар ба ҳамин соҳаи ҳаётан муҳим, аз ҷумла, ба пахтакорӣ, обчакорӣ ва аз ҳама асосаш дар гармхона истеҳсол намудани маҳсулоти рӯзгор машғул ҳастанд. Хостем бо бонуи кишоварз суҳбате ороем. Масъулин аз заҳматҳои бонуи хеле сабзкору соҳибмаърифат Орзугул Шерматова ҳарф зада, тавсия низ доданд, ки аз заҳматҳои пайвастаи бону нависем. Зеро меҳнати бунёдкоронааш самар оварда, дастони нарму сабзаш дили заминро шона намуда, ҳосили фаровоне гирифт.
Бале, пас аз ҳолпурсӣ бо ин бонуи соҳибмаърифат маро як ҳиссиёти гуворое фаро гирифт. Беҳуда намегуфтаанд, ки меҳнат сари сабзи инсон аст. Ӯ бонуи хушсимову хушгил буда, тамоми корҳои анҷомдодааш мароми худро дорад. Суолаш додам, ки чаро маҳз соҳаи кишоварзиро интихоб кардааст? Бо табассуми зеббахше изҳор кард, ки ман омӯзгор ҳастам.
–Аммо ман андеша доштам бо бонуи кишоварз суҳбат менамоям,–изҳор кардам.
–Бале, кишоварз низ ҳастам, –бо қатъият сӯям дида дӯхт.
Шояд андешаҳои маро аз чашмонам фаҳмидан мехост.
–Хеле хуб, –изҳор кардам, –бо бонуи омӯзгору ҳам кишоварз суҳбат намудан бароям хеле гуворост.
Хеле хушнуд шудам. Андеша кардам, ки омӯзгору кишоварз зиннатбахши ҳаёти имрӯзаи мост. Агар омӯзгор бо дониши худ дар вуҷуди шогирдон тухми илму маърифатро шодоб намояд, бонуи кишоварз дили заминро шодоб хоҳад кард. Ҳадафи ҳарду якест. Зиннатбахши рӯзгори мардум.
АРҚОМИ ЗИНДАГИНОМАИ ОРЗУГУЛ
Бале, Орзугул Шерматова 28-уми декабри соли 1958 дар деҳаи Заркори Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба дунё омадааст. Баъди суолу посух бо қаҳрамони худ дарёфтам, ки дар деҳаи Заркор таваллуд шуданаш басо рамзист. Зеро бо меҳнати ҳалоли худ Орзугул бо аҳли оилаи худ аз замини ҳосилхези худ зар меҷӯяд.
Орзугул соли 1965 ба дабистони №43-юми ноҳия бори нахуст қадам ниҳода, онро соли 1975 ба итмом расонид. Аз овони хурдсолӣ орзу мекард, ки омӯзгор шаваду замини қалби кӯдакони маъсумро шодоб намуда, ба он тухми илму маърифат корад. Аз ин рӯ, ба факултети педагогика ва методикаи таълими ибтидоии имрӯза Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил шуд. Пайваста меҳнат мекард, заҳмат мекашид, то ин ки омӯзгори асил бошад. Устодон эҳтиромаш мекарданд. Орзугул духтари бебоке буд, ки пайваста сӯи амалӣ намудани орзуҳои хеш заҳмат мекашид.
Ҳамин меҳнат, заҳмат ва истодагириаш буд, ки соли 1979 донишгоҳро сарбаландона ба итмом расонид. Бале, меҳнатҳояш зоеъ нарафтанд. Донишгоҳро бо дипломи аъло хатм кард.
ҲАМ ОМӮЗГОРИ ЭҶОДКОР
Пас аз ба даст гирифтани дипломи аъло Орзугул болу пар бароварда, ба сӯи орзуҳои хеш парвоз намуд. Мехост, ки тезтар ба зодгоҳаш омада, дар дабистони худ ба кӯдакони маъсум, булбулакони боғи дониш сабақ омӯзонад. Азбаски касби худро хеле дӯст медошт, пайваста заҳмат мекашид, усулҳои нав ба нави таълимро ҷустуҷӯ мекард, ҳамчун омӯзгори эҷодкор дар дили шогирдону аҳли дабистон ҷой гирифт.
Орзугул дарозои ин солҳо тавонист барои шогирдон усулҳои нав ба нави таълимро эҷод намояд. Дар давоми се сол таҳсили чорсоларо ба шогирдонаш пурра омӯзонид ва ҳамчун омӯзгори эҷодкор пазируфта шуда, соли 2000 бо нишони сарисинагии Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Меҳнати сидқидилонаи Орзугул аз назари масъулин пинҳон намонд ва соли 2013 ӯро муовини директор оид ба синфҳои ибтидоӣ таъин карданд. Чандин маротиба ҳамчун омӯзгори ҷавон дар озмунҳо ширкат намуда, ҷои аввалро соҳиб шуд. Баъдтар дар ноҳия ғолиби озмуни «Омӯзгори сол» шуд. Дар 46 соли таҷриба сабзиду дар вуҷуди шогирдон саҳифаҳои нави зиндагии пурмазмунро боз намуд.
КИШОВАРЗИ БЕҲТАРИН
Орзугул дар баробари омӯзгорӣ орӣ аз дарс бо аҳли оилаи худ ба обчакорию сабзавоткорӣ машғул мешуд. Соли 2000-ум барояш ҳамчун омӯзгор баҳри таъмини зиндагии осоишта замини Президентӣ доданд. Ӯ бо ҳамроҳии ҳамсараш Каримҷон Боймуродов ба обчакорӣ рӯ овард. Меҳнатҳояшон самар овард, чунки дасти сабз доштанду ҳосили фаровон ба даст меоварданд. Он солҳо дар замин донаи умед мекоштанд, то ин ки зиндагиашон беҳтару хубтар гардад. Азбаски дастони сабз доштанд, ҳосили фаровон ба даст меоварданд. Самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин барои манфиати оила, беҳтар шудани шароити зиндагии ҳар сокини мамлакат мусоидат менамояд.
Замин офаранда аст. Агар он мақсаднок истифода бурда шавад, ҳосили хуб ба даст оварда шуда, дастархони мардум пурнозу неъмат ва яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат–амнияти озуқаворӣ таъмин мегардад. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар мулоқоту вохӯриҳо таъкид менамоянд, ки заминро самаранок истифода намуда, дар як сол се-чор ҳосил рӯёнида шавад ва ҳар як оила бояд захираи дусола дошта бошад. Аз ин рӯ, Орзугул низ аз ин гуфтаҳои Сарвари давлат илҳоми тоза гирифта, кӯшиш мекард, ки ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаи худро самаранок истифода барад.
–Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромади хеш оид ба аз як замин рӯёнидани се ҳосил дастурҳои нав ба нав медоданд. Ҳамроҳи шавҳарам ва аҳли оилаи худ кӯшиш мекардем, ки аз рӯи гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат амал намоем, –мегӯяд Орзугул.
Онҳо аз оғоз кӯшиш мекарданд, ки аз як замин се ҳосил ба даст оранд. Аввал ҷуворимакка мегирифтанд, баъдтар ҳамаашро салафан гирифта карам, бодиринг ва шалғам кишт мекарданд. Пештар Орзугул танҳо ҳамроҳи шавҳараш ин корҳоро ба сомон мерасонид. Ӯ баъдтар дар масоҳати 5 сотих дар ҳавлиаш гармхона бунёд намуд. Имрӯз ҳамроҳи писараш Fайрат, арӯсаш Таманно ва ду наберааш Фирӯз ва Афсона баҳри рӯёнидани ҳосили фаровон заҳмат мекашанд.
Орзугул Шерматова изҳор намуд, ки кишоварзӣ низ мисли омӯзгорист. Дар қалби замин донаи умед пошида, онро шодоб намуда, то ҳосилдиҳӣ ва нашъунамои он ҳамроҳи аҳли оила заҳмат мекашем. Орзугул ҳар як ваҷаби заминҳои кишти худро чун фарзандони худ эъзоздорӣ менамояд ва ҳосили фаровон мерӯёнад.
Дар ноҳия ҳамчун бонуи кишоварз хеле машҳур аст. Дар гармхонаи худ сараввал помидор кишт намуда, тамоми зимистон мардуми маҳали худ ва гирду атрофи онро ба полезиҳои тару тоза таъмин менамояд. Вақте ки мавсими помидор ба охир мерасад, заминро аз ниҳолакони помидор тоза намуда, корҳои агротехникӣ гузаронида, бодиринг мекорад. Баъд ҳосили сеюми гармхона кабудӣ аст. Онҳо дар кишт кардани кабудӣ низ таҷрибаи хеле калон доранд. Вақте ки аз Орзугул дар бораи даромади яксолаи оилаашон дар парвариши сабзавот пурсон шудам, изҳор намуд, ки дар як сол 100 ҳазор сомониро дарбар мегирад. Бале, беҳуда намегӯянд, ки дасти инсон гул аст. Ба обчакориҳои ин оила назар меафканем, ин гуфтаҳо тасдиқи худро меёбанд.
Орзугул дар оиладорӣ низ намунаи ибрат аст. Ҳамроҳи ҳамсараш Каримҷон се нафар ниҳолаки боғи зиндагиашон – Илҳомҷон, Ғайратҷон ва Шаҳнозахонро ба камол расониданд, ки ҳар яки онҳо имрӯз дар пайравӣ бо волидони азизи хеш баҳри ободу зебову дилрабо намудани Ватани файзбори хеш заҳмат мекашанд.
Имсол дар ҷумҳуриамон–Тоҷикистони азиз ҷашни бузурги миллӣ–35-солагии Истиқлоли давлатӣ аст. Аҳли оилаи Орзугул ният доранд, ки ин ҷашни фархундаро бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ пешвоз гирифта, баҳри баланд бардоштани амнияти озуқавории кишвар саҳми намоёни худро мегузоранд.
Гулҷаҳон МАХКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




