Бо фаро расидани тирамоҳ саҳроҳои пахтаи вилоят ранги дигар мегиранд. Ин давра барои кишоварзон аҳамияти хос дорад, зеро натиҷаи заҳмати чандмоҳа акнун бояд бо масъулият ва дар муҳлати мувофиқ ҷамъоварӣ шавад.
Пахта барои иқтисоди кишвар маҳсулоти муҳими кишоварзӣ маҳсуб ёфта, истеҳсол, ҷамъоварӣ, коркард ва истифодаи он бо фаъолияти соҳаҳои гуногун пайванди мустақим дошта, ба рушди саноати сабук, ташкили ҷойҳои корӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти дохилӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, ҷамъоварии саривақтӣ ва босифати ҳосили пахта вазифаи муҳимми мавсими имсола ба шумор меравад.
Тибқи маълумоти фаврӣ оид ба рафти пахтасупорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ҳолати 17-уми сентябри соли равон дар маҷмӯъ дар вилоят нақшаи пахтасупорӣ 119 ҳазор тонна муайян гардида, иҷрои он дар ин сана 7 фоиз нишон дода шудааст.
Дар байни шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят нишондиҳандаҳои зерин ба қайд гирифта шудаанд: дар ноҳияи Ашт нақшаи пахтасупорӣ 12 ҳазору 530 тонна буда, иҷрои он алҳол 4,7 фоизро ташкил медиҳад. Барои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 16 ҳазору 500 тонна нақша пешбинӣ гардида, то санаи ҳисоботӣ 3 фоизи он иҷро шудааст.
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нақша 11 ҳазору 330 тонна буда, иҷро 6,4 фоизро ташкил медиҳад. Ноҳияи Зафаробод бо нақшаи 29 ҳазору 340 тонна яке аз пахтакорони асосии вилоят ба ҳисоб рафта, иҷрои нақша дар санаи мазкур 3,8 фоиз, кишоварзони шаҳри Конибодом 11 ҳазору 330 тонна пахта бояд супоранд, ҳоло иҷрои нақша 5,1 фоиз нишон дода шудааст. Ноҳияи Мастчоҳ бо нақшаи 24 ҳазору 900 тонна ва иҷрои 15,6 фоиз дар оғози маърака нишондиҳандаи баландтари иҷроро дорад. Дар ноҳияи Спитамен низ аз нақшаи 13 ҳазору 70 тонна 7,3 фоиз иҷро гардидааст.
Албатта, ин рақамҳо танҳо натиҷаи оғози маърака мебошанд. Мавсими ҷамъоварӣ ҳанӯз идома дорад ва натиҷаи ниҳоӣ аз ташкили дурусти кор, истифодаи имкониятҳои мавҷуда, омодагии нуқтаҳои қабули пахта, таъмин намудани деҳқонон бо шароити зарурӣ ва пеш аз ҳама, муносибати масъулиятнок ба меҳнати пахтакорон вобаста мебошад.
Ҳар рӯзи таъхир дар ҷамъоварӣ метавонад ба сифати ҳосил таъсир расонад. Аз ин рӯ, маъракаи пахтасупорӣ бояд ба як ҳаракати умумии меҳнатӣ табдил ёбад, ки дар маркази он манфиати деҳқон ва ҳосили меҳнати ӯ қарор дошта бошад.
Махсусан, барои ноҳияҳое, ки нақшаҳои калон доранд, рӯзҳои минбаъда аҳамияти ҳалкунанда пайдо мекунанд. Дар ин раванд таҷрибаи пешқадами хоҷагиҳо, ташкили дурусти меҳнат, истифодаи техника ва ҷалби саривақтии қувваи корӣ метавонад нақши муҳим бозад.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”





