Замин барои деҳқон танҳо як қитъаи замини кишт нест. Он сарчашмаи рӯзгор, кафили фаровонии дастархон, манбаи даромади оила ва яке аз муҳимтарин воситаҳои таъмини амнияти озуқавории ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, муносибат ба замин бояд муносибати соҳибона бошад: ҳар ваҷаб замин бояд самаранок истифода гардад, ҳар мавсими киштукор бояд ба имкони нави истеҳсол табдил ёбад ва пас аз ҷамъоварии ҳосили аввал замин набояд бекор монад.
Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, кишти такрорӣ дар шароити имрӯзаи вилояти Суғд аҳамияти махсус пайдо мекунад. Зеро иқтидори заминҳои обёришаванда, гармии тобистон, мавсими нисбатан дарози нашъунамои зироатҳо ва таҷрибаи чандинсолаи деҳқонони вилоят имкон медиҳанд, ки аз як қитъаи замин дар давоми як сол на як, балки ду ва дар ҳолатҳои мусоид ҳатто се ҳосил ба даст оварда шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зарурати истифодаи оқилонаи замин ва гирифтани чанд ҳосилро таъкид намудаанд. Аз ҷумла, ҳангоми мулоқот бо роҳбарон ва фаъолон Сарвари давлат таъкид карданд, ки барои рушди истеҳсолоти кишоварзӣ бояд «истифодаи самараноки замин ва зиёд намудани майдони кишт, кишти такрорӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо» таъмин карда шавад. Ҳамзамон, ба масъулин супориш дода шуд, ки кишти такрорӣ бештар аз ҳисоби картошка, шолӣ, ҷуворимаккаи дон ва лӯбиёгиҳо васеъ ба роҳ монда шавад.
Ин ҳидоятҳо имрӯз барои кишоварзони вилояти Суғд на танҳо аҳамияти истеҳсолӣ, балки аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ низ доранд.
Маълумоти оморӣ оид ба рафти иҷрои нақшаи кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонии вилоят ба ҳолати 7 сентябри соли 2026 нишон медиҳад, ки дар вилоят барои кишти такрорӣ 25 ҳазор гектар замин пешбинӣ гардида, то ба ин сана дар 21 ҳазору 518 гектар кишт гузаронида шудааст. Яъне иҷрои нақша 86,1 фоизро ташкил дода, нисбат ба дурнамо 3482 гектар кам мебошад.
Дар ин самт фаъолияти шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияҳои Деваштич ва Зафаробод иҷрои нақша мутаносибан 100,4 ва 100,3 фоизро ташкил додааст. Нишондиҳандаи бештар дар шаҳри Конибодом ба қайд гирифта шудааст, ки дар он 2106 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуда, нақша 108,1 фоиз ба иҷро расидааст.
Тибқи таҳлили мутахассисони соҳа, барои ҷамъоварии ҳосили тирамоҳӣ дар вилоят тақрибан 100 рӯзи офтобӣ барои рушди зироатҳои кишти такрорӣ боқӣ мемонад. Ин имконият агар дуруст истифода шавад, имкон медиҳад, ки аз як қитъаи замин дар як сол ду ва ё зиёда ҳосил гирифта шавад.
Яъне баъд аз ҷамъоварии гандум ё дигар зироати барвақтӣ, замин набояд то соли оянда бекор бимонад. Баръакс, онро ҳарчи зудтар омода намуда, вобаста ба минтақа, имконияти обёрӣ ва хусусияти хок бо зироати мувофиқ кишт кардан мумкин аст.
Бино ба гуфти мутахассиси соҳа Ҳумоюн Алибоев гирифтани ду-се ҳосил аз муҳлати кишт, интихоби навъҳои тезпаз ва риояи агротехникаи парвариш вобаста мебошад. Ин андеша барои шароити вилоят махсусан муҳим аст. Зеро дар кишти такрорӣ ҳар рӯз аҳамият дорад. Агар пас аз ҷамъоварии ҳосили аввал 10–15 рӯз бе истифода гузарад, қисми муҳими давраи нашъунамои зироати дуюм талаф меёбад. Аз ин рӯ, кишти такрорӣ аз деҳқон на танҳо меҳнат, балки банақшагирии дақиқи вақт талаб мекунад.
Боиси таъкид аст, ки афзалияти асосии кишти такрорӣ дар он аст, ки замин дар як сол ба якчанд маротиба манбаи даромад табдил меёбад. Масалан, агар замин баъд аз ҷамъоварии ғалладона ба кишти ҷуворимаккаи донӣ, лӯбиёгиҳо, сабзавот ё полезӣ омода карда шавад, деҳқон метавонад аз ҳамон як гектар даромади иловагӣ ба даст орад. Ин маънои онро дорад, ки самаранокии иқтисодии як гектар на танҳо аз ҳосили якум, балки аз маҷмӯи маҳсулоти дар давоми сол гирифташуда муайян карда мешавад. Яъне кишти такрорӣ ин на танҳо зиёд кардани масоҳати кишт, балки афзоиши маҳсулот аз ҳар гектар мебошад. Яъне кишти такрорӣ имрӯз ба як самти муҳими сиёсати аграрии мамлакат табдил ёфтааст.
Бо зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳамон масоҳати замин имкони қонеъ намудани талаботи аҳолӣ бештар мегардад. Дар натиҷа вобастагӣ аз воридоти баъзе маҳсулот кам шуда, мавқеи истеҳсолкунандаи ватанӣ дар бозор мустаҳкам мешавад.
Президенти мамлакат дар ҳар баромаду суханрониашон таъкид менамоянд, ки зарур аст истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол ба сол зиёд карда шуда, бозори истеъмолии мамлакат дар ҳамаи фаслҳои сол бо озуқаворӣ таъмин ва вобастагӣ аз воридоти маводи ғизоӣ мунтазам коҳиш дода шавад.
Аз ин рӯ, ҳар як гектар замине, ки дар кишти такрорӣ самаранок истифода мешавад, дар асл саҳми муайяни худро ба амнияти озуқавории кишвар мегузорад.
Гузашта аз ин барои омода намудани замин, кишт, обёрӣ, нигоҳубин, мубориза бо ҳашароти зараррасон, ҷамъоварӣ, интиқол, коркард ва фурӯши маҳсулот одамони бештар ҷалб мешаванд. Аз ин лиҳоз, кишти такрорӣ метавонад барои сокинони деҳот манбаи даромади иловагӣ ва ҷойҳои кории мавсимӣ фароҳам созад.
Ҳадаф бояд аз ҳар гектар маҳсулоти бештар, даромади бештар ва манфиати бештар барои деҳқон ва ҷомеа ба даст овардан бошад.
Зеро замине, ки имрӯз пас аз ҷамъоварии ҳосили аввал боз ба кишт омода мешавад, фардо метавонад ба як дастархони пурнозу неъмат, як оилаи бо даромади иловагӣ таъминшуда, як ҷойи кори нав ва як қадами дигар ба сӯи амнияти озуқавории кишвар табдил ёбад.
Истифодаи оқилонаву самараноки замин аз ҷониби деҳқон дар асл на танҳо барои як хонаводаи худ, балки барои ободии деҳа, рушди иқтисоди маҳал ва таҳкими амнияти озуқавории кишвар меҳнат мекунад.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”





