То санаи 8-уми апрели соли ҷорӣ кишоварзони вилоят дар майдони 5351 гектар кишти пунбадонаро ба роҳ мондаанд. Тавре аз Сарраёсати кишоварзии вилоят иттилоъ дода мешавад, дар соли 2026 нақшаи умумии кишти пунбадона 59 ҳазору 600 гектарро дар бар гирифта, марҳала ба марҳала татбиқ гардида истодааст. Ин нишондиҳанда аз оғози фаъоли маъракаи баҳории кишоварзӣ дарак дода, аз иродаи қавии деҳқонон барои ба даст овардани ҳосили фаровон шаҳодат медиҳад.

Маъракаи кишти пунбадона дар тамоми шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом – 1088 гектар, Зафаробод – 902 гектар, Мастчоҳ – 901 гектар, Бобоҷон Ғафуров – 848 гектар, Ҷаббор Расулов – 613 гектар, Спитамен – 514 гектар ва Ашт – 487 гектар гузаронида шуда, он бо маром идома дорад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ бо истифода аз техникаи муосир, аз қабили тухмипошакҳои дақиқкор ва агрегатҳои кишоварзӣ кӯшиш доранд, ки киштро дар муҳлатҳои агротехникӣ ба анҷом расонанд.

Мутахассисони соҳа таъкид менамоянд, ки яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани ҳосилнокӣ – интихоби дурусти тухмӣ мебошад. Имрӯзҳо дар минтақа навъҳои серҳосил ва ба иқлими маҳаллӣ мутобиқ, аз ҷумла навъҳои миёнапаз ва барвақтӣ, васеъ истифода бурда мешаванд. Ин навъҳо натанҳо ба шароити камобӣ тобоваранд, балки имкони ба даст овардани ҳосили баландро низ фароҳам меоранд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, таъкид шудааст, ки «...Рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус пахтакорӣ, яке аз роҳҳои асосии таъмини амнияти иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад».

Ин суханон нишон медиҳанд, ки пахтакорӣ на танҳо як бахши иқтисодӣ, балки омили муҳими иҷтимоӣ низ ба ҳисоб меравад.

Илова бар ин, рушди занҷираи пурраи истеҳсолот – аз парвариши пахта то коркарди ниҳоии он – метавонад ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши арзиши иловашуда мусоидат намояд. Ин раванд барои иқтисоди миллӣ аҳамияти стратегӣ дорад.

Рушди устувори пахтакорӣ на танҳо ба таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар мусоидат мекунад, балки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ободии деҳот заминаи мусоид фароҳам меорад. Бо идомаи татбиқи сиёсати аграрии самаранок ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, метавон интизор дошт, ки пахтакорӣ дар солҳои наздик ба яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисоди миллӣ табдил хоҳад ёфт.

 

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”