Ҳифзи табиат – масъулияти шаҳрвандӣ ва арзиши миллӣ

Ҳамасола 5-уми июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳити зист таҷлил мегардад. Ин сана яке аз муҳимтарин рӯзҳои тақвими байналмилалӣ маҳсуб ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳифзи табиат, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва таъмини зиндагии солиму устувор даъват менамояд.

Рӯзи байналмилалии муҳити зист аз Конфронси умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист, ки соли 1972 дар шаҳри Стокголми Шветсия баргузор гардид, сарчашма гирифта, бо қарори иштирокчиёни он ҳамасола 5-уми июн ҳамчун рӯзи махсуси ҳифзи муҳити зист таҷлил карда мешавад. Имрӯз ин сана ба минбари муҳими баланд бардоштани маърифати экологӣ ва муттаҳид намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти муҳити зист табдил ёфтааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки табиати нотакрор, захираҳои бузурги обӣ ва гуногунии ғании биологӣ дорад, масъалаи ҳифзи муҳити зист яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаҳои ҳифзи табиат, сарфакорона истифода бурдани захираҳои табиӣ, кабудизоркунӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.

Дар шароити муосир, ки ҷаҳон бо мушкилоти тағйирёбии иқлим, камшавии захираҳои табиӣ, биёбоншавӣ ва ифлосшавии муҳити атроф рӯ ба рӯ гардидааст, донишу маърифати экологӣ ба яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди устувори ҷомеа табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба табиат, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист бояд аз вазифаҳои аввалиндараҷаи муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеа бошад.

Экология ва маърифати экологӣ – омили рушди устувор

Имрӯз дар тамоми ҷаҳон масъалаи маърифати экологӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи тарбияи шаҳрвандӣ эътироф гардидааст. Ҳар қадар сатҳи дониши экологӣ баланд бошад, ҳамон қадар муносибати инсон нисбат ба табиат масъулона ва оқилона мегардад.

Маърифати экологӣ на танҳо дониш дар бораи табиат, балки фарҳанги муносибат бо муҳити зист, эҳсоси масъулият барои ояндаи наслҳо ва дарки аҳамияти захираҳои табииро дар бар мегирад. Ҳар як ниҳоли шинонидашуда, ҳар як чашмаи тозакардашуда ва ҳар як иқдоми созанда дар самти беҳдошти муҳити зист саҳми арзанда дар рушди ҷомеа ва таъмини зиндагии солими инсонҳо мебошад.

Дар замони рушди босуръати техника ва технология ҳифзи табиат ба яке аз масъалаҳои муҳими башарият мубаддал гардидааст. Аз ин рӯ, ҷалби ҷавонон ба корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, нигоҳдории муҳити зист ва ташаккули фарҳанги экологии онҳо аҳамияти махсус дорад.

Дастовардҳои назаррас дар вилояти Суғд

Дар вилояти Суғд корҳои ҳифзи муҳити зист, кабудизоркунӣ ва нигоҳдории гуногунии биологӣ дар доираи сиёсати давлатии экологӣ босамар роҳандозӣ мешаванд.

Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва нақшаи амал барои солҳои 2025–2027 дар вилоят барои соли 2026 шинонидани 600 ҳазор бех ниҳол ва ташкили 55 адад ниҳолхона дар майдони 250 гектар пешбинӣ гардидааст.

Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки сокинони вилоят ба ин иқдоми созанда фаъолона ҳамроҳ гардидаанд. То 19 марти соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 961 ҳазору 226 бех ниҳолҳои гуногун шинонида шуда, иҷрои нақша ба 160,2 фоиз расонида шудааст. Аз ҷумла, зиёда аз 535 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда, беш аз 311 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкан ва ҳазорҳо бех дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудаанд.

Ин нишондиҳандаҳо аз боло рафтани фарҳанги экологӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандон ва дастгирии густурдаи сиёсати созандаи давлат дар самти беҳдошти муҳити зист шаҳодат медиҳанд.

Ҳамзамон, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар самти ҳифзи олами ҳайвонот низ тадбирҳои муассир меандешад. Танҳо дар фасли зимистони соли ҷорӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии як қатор шаҳру ноҳияҳо амалиёти махсуси «Ҳифзи ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ» баргузор гардида, барои ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон ҳазорҳо килограмм хӯроки иловагӣ дастрас карда шуд.

Ин тадбирҳо барои нигоҳ доштани гуногунии биологӣ, муҳофизати намудҳои нодири ҳайвоноту парандагон ва таъмини тавозуни экологӣ аҳамияти бузург доранд.

Нақши матбуот дар тарғиби фарҳанги экологӣ

Дар баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ташаккули муносибати масъулона нисбат ба муҳити зист нақши воситаҳои ахбори омма хеле муҳим аст.

Рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ҳамчун яке аз минбарҳои бонуфузи иттилоотии кишвар солҳои зиёд масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ободониву кабудизоркунӣ ва тарбияи экологии аҳолиро мунтазам инъикос менамояд.

Дар саҳифаҳои рӯзнома садҳо мақола, мусоҳиба, гузориш ва таҳлилҳои ҷолиб ба нашр расидаанд, ки ба баланд гардидани маърифати экологии хонандагон мусоидат намудаанд. Ҳамкории созанда ва чандинсолаи кормандони эҷодии рӯзнома бо мақомоти ҳифзи муҳити зист ба як мактаби воқеии тарғибу ташвиқи фарҳанги экологӣ табдил ёфтааст.

Журналистон ва кормандони эҷодии «Ҳақиқати Суғд» бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолияти сохторҳои экологӣ, иқдомҳои кабудизоркунӣ, маъракаҳои ниҳолшинонӣ, ҳифзи ҳайвоноти нодир ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаро пайваста рӯйи чоп меоранд. Ин фаъолияти пурсамар барои ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва ҷалби аҳолӣ ба корҳои созанда нақши муассир дорад.

Маҳз тавассути каломи созанда ва нерӯи матбуот дар зеҳни мардум эҳсоси эҳтиром ба табиат, муҳаббат ба сарзамин ва масъулият барои ояндаи кишвар ташаккул меёбад.

Муҳити зисти солим – кафолати фардои обод

Имрӯз ҳифзи муҳити зист танҳо вазифаи мақомоти соҳавӣ нест. Ин рисолати умумимиллӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Ҳар дарахте, ки шинонда мешавад, ҳар гуле, ки парвариш меёбад, ҳар қитъаи замине, ки тоза нигоҳ дошта мешавад, саҳме дар рушди Ватан ва беҳбудии зиндагии мардум аст.

Дар арафаи Рӯзи байналмилалии муҳити зист моро зарур аст, ки ба қадри неъматҳои табиат расем, барои ҳифзи муҳити атроф саҳм гузорем ва ин фарҳанги неку созандаро ба наслҳои оянда мерос гузорем.

Зеро муҳити зисти тоза ва солим на танҳо шарти зиндагии шоиста, балки заминаи устувори рушди давлат, пешрафти ҷомеа ва саодати наслҳои оянда мебошад.

Бигузор ҳар рӯзи мо рӯзи ҳифзи табиат, рӯзи ободонӣ ва рӯзи муҳаббат ба Ватан бошад.

 

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»