Деваштич ҳамчун ноҳияи картошкапарвар  дар  миқёси кишвар мавқеи худро пайдо кардааст. Ин мавқеъ тасодуфӣ набуда, натиҷаи истифодаи оқилонаи замин, меҳнати софдилонаи деҳқонон ва татбиқи таҷрибаи пешқадами аграрӣ мебошад.  Маҳз ҳамин меҳнати софдилонаи деҳқонон ва  сиёсати дурусти аграрӣ  боис гардид,  ки Деваштич  дар байни 18 шаҳру ноҳияҳои  вилоят беҳтарин ноҳия маҳсуб ёфта, дар озмуни  вилоятӣ сазовори ҷойи якум гардид.

Тибқи маълумоти кишоварзони ноҳия  дар ҳамаи шаклҳои  хоҷагидорӣ  дар  соли 2025-ум  дар майдони  8 ҳазору  638 гектар   кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 463 гектар зиёд мебошад.  Истеҳсоли картошка  то ба  якуми январи соли 2026  ба 280 ҳазору  17 тонна   расидааст.  Соли гузашта истеҳсоли ин маҳсулот  ба  250 ҳазор тонна расида буд.

Афзоиши майдон ва ҳосилнокӣ пеш аз ҳама ба истифодаи тухмиҳои серҳосил, таҷрибаи пешқадами агротехникӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои калон марбут аст. Фаъолияти зиёда аз 2 ҳазору 650 хоҷагии деҳқонӣ нишон медиҳад, ки бахши хусусӣ дар рушди соҳа нақши калидӣ мебозад.

Рустам  Мирмаҳмадов аз зумраи кишоварзонест, ки аз соли 2000 –ум инҷониб ба картошкапарварӣ машғул буда,  ҳамчун роҳбари муваффақ ва ташаббускор миёни деҳқонон эътибори хоса дорад. Ӯ раиси раёсати Кооперативи тиҷоратии «Овчии Ғончӣ» буда,  дар рушди соҳаи кишоварзӣ саҳми назаррас гузошта, соли 2025-ум  дар майдони 452 гектар картошка кишт намуд ва бо истифода аз навъҳои тухмии  «Аладин» ва «Пикассо» ҳосилнокиро то 500–700 сентнер расонид.    

Рустам Мирмаҳмадов зодаи деҳаи Овчӣ буда, соли ҷорӣ нақша дорад, ки ҳаҷми истеҳсоли картошкаро зиёд намуда, дар таъмини озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузорад. Аммо зиёд кардани  ҳосилнокиву майдонҳои корам кафили рушди устувор нест.

Тибқи иттилои  масъулини  Раёсати кишоварзии ноҳия давоми чор сол бояд 500 гектар замин азхуд карда шавад ва барои татбиқи он 15 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.  Аз ин маблағ 9,6 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо гардида, боқимонда аз ҳисоби ташкилоту сарчашмаҳои дигар  ҷудо шудааст. 

Бо вуҷуди дастовардҳои  назаррас, имрӯз соҳаи картошкапарварии ноҳияи Деваштич  як мушкили ҷиддӣ дорад.  Ин мушкилӣ норасоии оби полезӣ  аст, ки пеш аз ҳама ба ҳосилнокии замин таъсири манфӣ расонида истодааст.  Норасоии об  дар заминҳои кишоварзии ноҳия дар шароите  ба миён омадааст, ки  майдони  кишти картошка сол ба сол афзоиш меёбад ва таъмини устувори об ба яке аз масъалаҳои калидӣ табдил ёфтааст.  Агар ин мушкил сари вақт ҳал нагардад, метавонад ба коҳиши истеҳсол ва паст шудани нишондиҳандаҳои иқтисодии хоҷагиҳо оварда расонад.  Аз  ин рӯ,  барои бартараф кардани камбудиҳои соҳаи кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешида барномаҳои давлатӣ тасдиқ гардидааст.

Соли ҷорӣ бо мақсади тақвияти соҳаи кишоварзӣ «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» таҳия ва қабул гардид. Амалишавии ин барнома барои кишоварзон имкониятҳои нав фароҳам оварда, ба рушди соҳа такони ҷиддӣ мебахшад.

Муовини сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Деваштич Абдумалик Ҳодиев зимни суҳбат иброз дошт, ки агар  маблағгузории иловагӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ амалӣ шавад, ормони деринаи сокинон бароварда мешавад.  Ҳамчунин, барои кашидани лӯлаҳои оҳанини обӣ ба масофаи 8 километр ва ба гардиш даровардани як метри мукааб об заминаи мусоид  фароҳам гардида, дар сурати иҷроиши нақша дар обанбори Даҳанасой– Даҳкатсой  атрофи 15–16 миллион метри мукааб об захира  мешавад, ки ин  метавонад мушкили норасоии обро қисман ҳал намояд.  Ҳамзамон,  ҳосилнокии зироатҳо ба маротиб зиёд гардида, боғу токзорҳои нав бунёд мегардад. Муҳимтар аз ҳама,  ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта,  сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ  коҳиш  меёбад ва ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ низ бамаротиб зиёд мешавад.

Мувофиқи маълумоти мавҷуда,  дар сурати пурра амалӣ гардидани барнома, беш аз 5 ҳазор гектар заминҳои лалмӣ обёрӣ шуда, ҳолати мелиоративии 12 ҳазор гектар замин беҳтар мегардад. Ин тадбирҳо дар се ҷамоати ноҳия — Ғончӣ, Ғазантарак ва Яхтан татбиқ хоҳанд шуд. Ҳамзамон 40 ҳазор гектар замини корам бо оби полезӣ таъмин гашта,  дар сурати ҳалли ин мушкил, ноҳия тамоми имкониятро барои рушди босуръати соҳаи кишоварзӣ ва таҳкими мавқеи худ дар миқёси кишвар  пайдо  менамояд.

Дар ноҳияи Деваштич ба ғайр аз картошка истеҳсоли дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ низ афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумот, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар соли 2025 дар маҷмӯъ 56 ҳазору 246 тонна ғалладонагиҳо, 41 ҳазору 621 тонна сабзавот, 15 ҳазору 332 тонна полезӣ, 15 ҳазору 745 тонна меваҷот ва 847,3 тонна ангур истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 100,2 то 147,4 фоиз афзоишро таъмин намудааст.

Ҳамзамон, дар самти чорводорӣ низ пешравиҳо назаррасанд.  Истеҳсоли гӯшти чорво ва паранда ба 5 ҳазору 520 тонна, шир ба 16 ҳазору 623,6 тонна, тухм ба 9 миллиону 675 ҳазор дона ва асал ба 32,6 тонна расонида шудааст. Нишондиҳандаҳо аз афзоиши устувори соҳа дарак медиҳанд: истеҳсоли гӯшти чорво ва паранда 110,1 фоиз, шир 109,3 фоиз, тухм 108,6 фоиз ва асал 101 фоиз иҷро гардидааст.

Саршумори чорвои калон ва хурд низ рӯ ба афзоиш дошта, 97 ҳазору 348 сар чорвои калон, аз ҷумла 53 ҳазору 200 сар модагов, 180 ҳазору 871 сар моли майда, 117 ҳазору 405 сар паранда ва 1064 сар аспро ташкил медиҳад. Ин омор нишон медиҳад, ки дар баробари картошкапарварӣ, дигар бахшҳои муҳими соҳа низ бо суръати хуб рушд меёбанд.

Имрӯз ноҳияи Деваштич на танҳо ҳамчун ноҳияи картошкапарвар, балки ҳамчун маркази пешрафтаи истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ дар миқёси ҷумҳурӣ шинохта мешавад. Дар ин пешрафт саҳми занони деҳот низ назаррас аст. Онҳо баробари мардон дар саҳро фаъолият намуда, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза нақши муҳим мебозанд.

Яке аз чунин занони фаъол - Барно Ғафурова, сокини деҳаи Ғазантарак мебошад. Мардуми деҳа ӯро бо номи Барнои ангурфурӯш мешиносанд. Вай беш аз 20 сол аст, ки бо токпарварӣ машғул буда, таҷрибаи ғанӣ дорад. Ҳар сол аз токзораш зиёда аз як тонна ангури хушсифат ҷамъоварӣ намуда, сокинони ноҳияро бо ангури чиллагии ширадор таъмин мекунад. Барно нозукиҳои кори боғбонию токпарвариро аз падараш омӯхтааст. Ба гуфтаи ӯ, нигоҳубини дурусти ток калиди ҳосили фаровон аст.  

Ғайр аз Барно, даҳҳо занони деҳот бо чорводорию  корҳои саҳроӣ  машғул шуда, дар ҷамъоварӣ, коркард ва фурӯши маҳсулот саҳм мегузоранд. Онҳо дар баробари мардон заҳмат кашида, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза нақши муҳим мебозанд. Меҳнати занон яке аз омилҳои муҳими пешрафти соҳаи кишоварзии ноҳия ба ҳисоб меравад.

Бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда, бахусус норасоии оби полезӣ, ноҳияи Деваштич дорои иқтидори бузурги аграрӣ мебошад. Дастовардҳои назаррас дар картошкапарварӣ ва дигар бахшҳои кишоварзӣ нишон медиҳанд, ки ноҳия метавонад мавқеи пешсафи худро ҳифз намуда, дар таҳкими амнияти озуқавории кишвар саҳми бештар гузорад.

 

Манзура БАХТИЁРЗОДА,

"Ҳақиқати Суғд"