Дар сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи самараноки замин, рушди боғдорӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ҳар ваҷаб замин бояд самаранок истифода гардида, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум хизмат намояд.
Маҳз дар партави ин сиёсати дурбинона дар гӯшаву канори мамлакат боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бунёд гардида, таҷрибаи пешқадам дар соҳаи боғдорӣ густариш меёбад.
Шаҳри Исфара, ки аз қадим бо зардолуҳои хушсифату хуштамъи худ шуҳрат дорад, имрӯз низ мавқеи худро ҳамчун яке аз марказҳои асосии боғдорӣ нигоҳ доштааст. Обу ҳавои мусоид, таҷрибаи чандинсолаи боғдорон ва татбиқи технологияҳои муосир барои рушди минбаъдаи соҳа имкониятҳои васеъ фароҳам овардаанд.
Яке аз намунаҳои барҷастаи истифодаи самараноки замин фаъолияти соҳибкори ватандӯст Манучеҳр Бобохонов мебошад. Ӯ бо ташаббуси худ заминҳои солҳои зиёд бекорхобидаро ба боғҳои замонавии серҳосил табдил дода, саҳми назаррас дар рушди иқтисоди маҳаллӣ ва таъмини бозор бо маҳсулоти рақобатпазир гузоштааст.
Санаи 31-уми марти соли равон зимни сафари корӣ ба шаҳри Исфара Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти боғи «Амирхон», ки дар масоҳати 87 гектар аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ташкил гардидааст, оғоз бахшиданд. Ин боғ намунаи равшани татбиқи сиёсати давлатии истифодаи оқилонаи замин ва рушди боғдорӣ мебошад.
Барои бо оби полезӣ таъмин намудани боғҳо аз ҷониби соҳибкор ду чоҳи амудӣ кофта шуда, се хатти интиқоли об аз масофаи се километр бунёд гардидааст. Дар натиҷа аллакай дар масоҳати 44 гектар боғҳои замонавӣ ташкил шуда, дар 43 гектари боқимонда шинонидани ниҳолҳои навъҳои серҳосили зардолу, аз ҷумла шишахурмоӣ, қурутак ва бобоии сурх ба нақша гирифта шудааст. Ин тадбирҳо имконият медиҳанд, ки ҳаҷми истеҳсоли меваи хушсифат афзоиш ёфта, иқтидори содиротии минтақа боз ҳам таҳким ёбад.
Имрӯз таҷрибаи Манучеҳр Бобохонов нишон медиҳад, ки бо меҳнати содиқона, ташаббускорӣ ва истифодаи технологияҳои муосир метавон ҳатто заминҳои бесамарро ба манбаи даромад ва фаровонӣ табдил дод. Ин гуна иқдомҳо барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат аҳамияти калон доранд.
Самараи чунин фаъолияти босамар он аст, ки чанде пеш Манучеҳр Бобохонов дар Озмуни ҷумҳуриявӣ дар номинатсияи «Зардолупарвари беҳтарин» ғолиб дониста шуда, бо дипломи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид. Ин қадршиносӣ натиҷаи заҳмати софдилона, муносибати масъулона ба замин ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи боғдорӣ мебошад.
Имрӯз рушди боғдории муосир дар Тоҷикистон на танҳо василаи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, балки омили муҳими рушди иқтисод, таҳкими амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи пешқадами боғдорон, аз ҷумла Манучеҳр Бобохонов, собит месозад, ки татбиқи сиёсати давлатии истифодаи самараноки замин метавонад ба дастовардҳои назаррас оварда расонад ва дар роҳи истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузорад.
Ҳасан МУҲАММАД,
шаҳри Исфара





