Бо фаро расидани фасли оромии растаниҳо, корҳои агротехникӣ дар боғҳо аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Яке аз тадбирҳои муҳим барои беҳбудии нашъунамои дарахтон, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва нигоҳ доштани саломатии онҳо буриши санитарӣ ва шаклдиҳӣ ба ҳисоб меравад.
Ба таъкиди мутахассис, номзади илмҳои кишоварзӣ Муҳиддин Абдуллоев, буриш ва башаклдарории дарахтони мевадиҳанда аз тадбирҳои асосии агротехникӣ мебошанд, ки барои танзими сабзишу инкишофи дарахтон, беҳтар гардидани сифати мева ва ҳосили фаровон басо муҳим аст.
Бино ба гуфти мутахассис буриши шаклдиҳӣ дар се соли аввали бунёди боғ гузаронида шуда, барои ташаккули дурусти шохсори дарахт хизмат мекунад ва он аз се навъ иборат мебошад.
Аввал буриши санитарӣ барои нест кардани шохаҳои осебдида, касал, сармозада ва онҳое, ки ба ҳамдигар халал мерасонанд. Буриши ҷавонкунанда дар боғҳои куҳансол анҷом дода мешавад, ки ҳосилнокӣ паст гардидааст. Дар ин ҳолат шохаҳои асосӣ бо гузоштани 30–40 см аз поя бурида мешаванд, то дарахт аз нав ҷавон шавад. Муҳлати буриш бо тақвим не, балки бо ҳолати физиологии дарахт муайян карда мешавад.
Ҳангоми 60 фоиз рехтани баргҳо буришро оғоз намуда, то варамкунии муғчаҳо идома додан мувофиқ аст.
Қоидаҳои муҳимро ҳангоми буриш бояд риоя кард: пеш аз ҳама бояд донем, ки дар ҳарорати аз –5°С паст буриш манъ аст. Асбобҳо бояд тез ва пас аз ҳар кор бо маҳлули спирт тоза карда шаванд. Ҷойҳои буридашударо бо равғани махсуси боғӣ молидан лозим аст, то ки ҳашарот ва микробҳо дохил нашаванд. Навдаҳои ҳосилдиҳанда бояд на камтар аз 30 см фосила дошта бошанд.
Инчунин ҷиҳати пешгирии паҳншавии касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон бояд шохаҳои касал ва аз таъсири механикӣ осебдидаро бурида, сӯзонидан лозим. Сипас танаи дарахтонро бо оҳаки 20 фоиз ва купороси мис 5 фоиз сафед карда, коркарди байни қаторҳо барои нобуд кардани маскани ҳашарот ва намӣ нигоҳ доштани хок муҳим аст.
Барои рушди солими дарахтон истифодаи нуриҳои органикӣ (поруи пӯсида) ҳар се сол як маротиба зарур аст. Инчунин вобаста ба синну соли дарахтон нуриҳои минералӣ — суперфосфат (150 кг/га) ва сулфати калий (100 кг/га) истифода бурда мешаванд.
Нуриҳои нитрогенӣ бояд баҳорон, пеш аз гулкунӣ дода шаванд.
Мақсад ва манфиати буришу башаклдарории дурустро мутахасисон шарҳ дода иброз медоранд, ки ба дар сурати риояи дурусти корҳо дохили шохсор равшанӣ ва ҳаво роҳ медиҳад, мубориза бо касалиҳою ҳашаротҳоро осон мекунад, муҳим аз ҳама ҳаҷм ва сифати меваҳоро беҳтар сохта, ҳосилнокӣ бештар мешавад.
Мутахассис таъкид мекунад, ки бетаваҷҷуҳӣ ба буриш боиси он мегардад, ки дарахт амудӣ сабзад, шохаҳо бо кунҷи тез шикананд, ҳосил кам ва пастсифат шавад.
Ҳамасола гузаронидани буриш ва шаклдиҳӣ кафолати боғи солим ва ҳосили фаровон аст. Бо риояи қоидаҳои илмӣ ва маслиҳати мутахассисон метавон на танҳо ҳосилнокиро афзун кард, балки муҳити зебо ва солимро низ таъмин намуд.
Маъмурахон САМАДОВА,
"Ҳақиқати Суғд"




