Дар шароити имрӯза, ки ҷаҳон бо тағйирёбии иқлим, болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ ва ноустувории бозорҳои байналмилалӣ рӯбарӯст, таъмини амнияти озуқаворӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин раванд бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати устувори рушди соҳаи кишоварзиро пеш мебарад. Дар ин замина, кишти картошка ҳамчун яке аз маҳсулоти асосии ғизоӣ ва стратегӣ аҳамияти хосса пайдо намудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки: «Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат буда, рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввал, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як масъул мебошад». Ин суханон роҳнамои фаъолияти кишоварзон ва сохторҳои дахлдор гардида, барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус картошка, заминаи устувор фароҳам овардааст.

Тибқи маълумоти кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят, ба санаи 6-уми майи соли равон дар ҳудуди вилоят 12 ҳазору 596,61 гектар майдони картошка кишт карда шудааст. Ин нишондиҳанда аз фаъол гардидани кишоварзон ва таваҷҷуҳи афзоянда ба ин зироати муҳими ғизоӣ дарак медиҳад. Тақсимоти майдони кишт дар шаҳру ноҳияҳо низ гувоҳи рушди нобаробари минтақаҳо мебошад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Деваштич 5793 гектар, Шаҳристон 1379 гектар, Кӯҳистони Мастчоҳ 1261 гектар, шаҳри Панҷакент 1245,78 гектар ва Истаравшан 1209,8 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки ин нишон медиҳад минтақаҳои кӯҳию наздикӯҳӣ барои парвариши картошка хеле мусоиданд.

Дар баробари ин, ноҳияҳои дигар низ саҳми назаррас доранд, аз ҷумла Исфара 589,3 гектар, Айнӣ 363 гектар, Бобоҷон Ғафуров 250 гектар, Конибодом 140 гектар, Ҷаббор Расулов 130 гектар, Спитамен 122 гектар ва Зафаробод 70 гектарро ташкил медиҳанд, ки 67,7 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбатан баланд буда, аз иҷрои нақшаҳо дар муҳлати муайян шаҳодат медиҳад. Аз ҷумла, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров (114,3 фоиз), Ҷаббор Расулов (100,7 фоиз), Зафаробод (100,3 фоиз), Конибодом (100 фоиз), Мастчоҳ (125,9 фоиз) ва Спитамен (106,3 фоиз) дурнамои кишти картошкаро барзиёд таъмин намудаанд.

Таҳлили рақамҳо нишон медиҳад, ки кишти картошка нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3595 гектар зиёд гардидааст. Ин афзоиш нишонаи равшани баланд гардидани таваҷҷуҳи кишоварзон ба ин зироат ва дарки аҳамияти иқтисодии он мебошад. Бештар шудани майдонҳои кишт дар ноҳияҳои Деваштич (2398 гектар), Шаҳристон (491 гектар), Панҷакент (327 гектар), Истаравшан (245 гектар), Айнӣ (51,2 гектар), Зафаробод (50 гектар), Конибодом (56 гектар), Бобоҷон Ғафуров (24 гектар) ва Ҷаббор Расулов (20 гектар) аз захираҳои истифоданашудаи замин ва истифодаи самараноки онҳо дарак медиҳад.

Мутахассисони соҳаи кишоварзӣ бар он назаранд, ки картошка на танҳо маҳсулоти серғизо, балки зироати иқтисодан фоидаовар низ мебошад. Ба гуфтаи агрономҳо, картошка дорои ҳосили баланд буда, дар як гектар метавонад то 200–300 сентнер ва бештар ҳосил диҳад. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо дигар зироатҳо нисбатан баланд аст. Ғайр аз ин, картошка талаботи зиёди бозор дорад ва метавонад манбаи устувори даромади деҳқонон гардад.

Яке аз омилҳои муҳими рушди кишти картошка ин мутобиқ будани иқлими минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд мебошад. Ҳарорати муътадил, захираҳои об ва таркиби хок барои парвариши картошка шароити мусоид фароҳам меоранд. Аз ин рӯ, идома ёфтани кишти картошка дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ иқдоми саривақтӣ ва асоснок мебошад.

Ҳамзамон, коршиносон таъкид мекунанд, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ бояд истифодаи тухмии хушсифат, риояи қоидаҳои агротехникӣ, истифодаи нуриҳо ва технологияҳои муосир тақвият дода шавад. Дар ин самт, дастгирии давлатӣ ва ҷалби сармоя низ нақши муҳим мебозад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд: «Ҳар як ваҷаб замин бояд самаранок истифода бурда шавад ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш дода шавад». Ин дастур барои ҳар як кишоварз роҳнамои амалӣ буда, истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷударо тақозо мекунад.

Дар маҷмуъ, рушди кишти картошка дар вилоят на танҳо ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ мусоидат мекунад, балки имконият медиҳад, ки вобастагӣ аз воридот коҳиш ёбад. Ин раванд дар ниҳоят ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди деҳот ва таҳкими иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад кард.

Бо назардошти нишондиҳандаҳои бадастомада ва иқдомҳои андешидашуда, метавон гуфт, ки соҳаи картошкапарварӣ дар вилоят дар марҳилаи рушд қарор дошта, бо дастгирии сиёсати давлатии аграрӣ ва заҳмати содиқонаи кишоварзон ба натиҷаҳои боз ҳам назаррас ноил хоҳад гардид.

 

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”