Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, олимони филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолияти илмию таҳқиқотии худро ба самтҳои афзалиятноки таъминкунандаи рушди устувори соҳаи кишоварзӣ равона намуда, баҳри иҷрои он кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Самтҳои асосии фаъолияти илмии филиал ба интихоби навъҳои нави ояндадори меваю ангури ба шароити тағйирёбандаи иқлим мутобиқ, такмил додани технологияи парвариши пиёз ва сабзӣ дар истеҳсолот, ба вуҷуд овардани ниҳолҳои қадпасту миёнақад барои бунёди боғҳои интенсивӣ, ихтироъкорию навъоварии мошинҳои кишоварзӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки соҳа нигаронида шудаанд.

Барои иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ дар филиал 7 шуъба ва як озмоишгоҳ, аз ҷумла шуъбаҳои мевапарварӣ ва буттамевагиҳо; технологияи инноватсионии токпарварӣ; технологияи инноватсионии ниҳолпарварӣ ва боғдории интенсивӣ; картошкапарварӣ ва сабзавоткорӣ; механиконии кишоварзӣ; агрокимиё; иттилоот, таълим, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва татбиқи дастовардҳои илмӣ, инчунин озмоишгоҳи илмии коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият мебаранд. Ҳамзамон, пунктҳои “Сомғор”, “Ашт” ва “Исфара” дар ихтиёри филиал мебошад. Дар инҷо 33 нафар ходими илмӣ, аз ҷумла 9 номзади илм ва 2 доктори илм фаъолият мебаранд.

-Дар солҳои 2021–2025 корҳои илмию таҳқиқотӣ дар филиал аз рӯйи се мавзӯи илмии тасдиқшуда ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра олимони филиал дар маҷмӯъ 72 мақолаи илмиро дар маҷаллаҳо ва маҷмӯаҳои конференсияҳои дохилию хориҷӣ ба нашр расониданд,-қайд кард Мавлуда Эргашзода, муовини директор оид ба илм.

Зикр гардид, ки олимон барои тарҳрезӣ ва бунёди боғҳои интенсивӣ ва токзорҳо тавсияҳои амалӣ пешниҳод намуда, дар раванди бунёди онҳо бевосита иштирок карданд. Дар гармхонаи филиал кӯчати 32 навъи помидор кишт карда шуда, дар қитъаи таҷрибавӣ барои истеҳсоли тухмии хушсифат ва вусъат бахшидани тухмипарварии ибтидоӣ модартухмиҳои навъҳои сабзии “Мшаки сурх”, “Тиллоранг”, “Нурлӣ” ва “Нантская-4” гузаронида шуданд.

Дар доираи мавзӯи илмии “Ба вуҷуд овардани навъҳои дурнамои дарахтони мевадиҳанда, технологияи парвариши боғҳои интенсивӣ ва коркарди маҳсулоти мевагӣ дар шароити вилояти Суғд” таҳқиқот оид ба интихоби навъҳои нави дарахтони донакдору тухмакдор, технологияи парвариш ва коркарди буттамевагиҳо, технологияи инноватсионии ҳимояи боғҳо, афзоишдиҳии тагпайвандҳои клонӣ, санҷиш ва баҳодиҳии онҳо, инчунин коркард ва нигоҳдории меваҳо (зардолу, шафтолу, сиёҳолу) гузаронида шуд.

Дар доираи мавзӯи “Ба вуҷуд овардани навъҳои нави ангур ва технологияи парвариши онҳо барои рӯёнидани ҳосили баландсифати содиротию нигоҳдорӣ дар шароити вилояти Суғд” корҳои илмӣ ҷиҳати интихоби навъҳои мувофиқ барои истеъмол, хушконидан, содирот, омӯзиши сарборӣ дар токдории воишӣ, инчунин татбиқи усули токпарварии воишии паст ва технологияи коркарди хоки байниқаторӣ дар минтақаҳои санглох анҷом дода шуданд.

Дар самти сабзавоткорӣ дар доираи мавзӯи “Интихоби навъҳои ояндадори зироатҳои сабзавотӣ, тухмипарварии ибтидоӣ ва такмил додани технологияи парвариши онҳо” корҳои илмӣ оид ба интихоби навъҳои помидор, пиёз ва сабзии хушсифат, таҳияи технологияи муосири парвариш ва тухмипарварии ибтидоӣ анҷом дода шуданд.

Филиал фаъолияти илмию таҳқиқотии худро бо Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Маркази миллии патенту иттилоот, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ҳамоҳанг намуда, барои татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот чораҳои мушаххас меандешад.

-Инчунин, ҳамкории зич бо як қатор муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ, аз ҷумла кафедраи мевапарварӣ ва боғдории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Маркази миллии захираҳои генетикӣ, озмоишгоҳи биотехнологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Бо Маркази илмии боғпарварӣ, токпарварӣ ва шаробсозии Кавкази Шимолӣ шартномаи ҳамкории илмӣ ба имзо расидааст,-илова кард Мавлуда Эргашзода.

Фаъолияти илмию таҳқиқотии филиал бо такя ба илм, таҷриба ва ҳамкории муассир заминаи боэътимоди рушди устувори боғдорӣ, токпарварӣ ва сабзавоткории вилояти Суғдро фароҳам оварда, ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар саҳми арзанда мегузорад.

 

Амони МУҲАММАД,

“Ҳақиқати Суғд”