Соҳибистиқлолӣ неъмати бузургтаринест, ки дар охири садаи бистум насиби мардуми шарафманди тоҷик гардид. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ, бе ҳеҷ муболиға, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бо эҳсоси баланди ватандорӣ, ватандӯстиву меҳанпарварӣ баҳри таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, устувор гардонидани Ваҳдати миллӣ, ободу зебо, гулпӯшу дилрабо гардонидани сарзамини аҷдодии худ таҳти роҳбариву роҳнамоии Пешвои муаззами миллатамон, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷону дил камари ҳиммат бастанд. Ва дар фурсати хеле кӯтоҳи таърихӣ - сиву панҷ сол ба он қадар дастовардҳое ноил шуданд, ки қиёсашро таърих дар хотир надорад. Ба ифтихори истиқболи сазовори ҷашни табарруки 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тибқи Қарори Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳо ҳанӯз чанд сол пеш оғоз шуданд. Баҳри боз ҳам пешрафтаву сарсабз намудани кишвари азизамон феҳрасти номгӯи бунёдкориҳо дар маҷмуъ дар сатҳи мамлакат, дар сатҳи вилоятҳо, шаҳру навоҳӣ, ҷамоатҳои деҳот ва ҳар як деҳаву маҳаллаи қаламрави Тоҷикистони азиз муайяну мушаххас гардиданд. Аз рӯи ин номгӯи бунёди иншооти ҷашнӣ дар ҳар гӯшаву канори мамлакатамон имрӯз кору амалҳои созандагӣ авҷу барор доранд. Дар ин рӯзҳо ба куҷои кишвари азизамон қадам монед, нақши дастони эъҷозкори мардуми сарбаланди диёрамонро эҳсос менамоед, ки чигуна бо муъҷизаи дастони пурҳунар биноҳои истиқоматӣ, мактабу муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ, коргоҳҳои истеҳсоливу муассисаҳои соҳаи фарҳанг, боғу гулгаштҳои истироҳативу фароғатӣ, варзишгоҳҳо бунёд мегарданд. Рӯз ба рӯз, балки соат ба соат симои шаҳри худ, зодгоҳи хешро ба куллӣ дигаргун, зебову дилоротар менамоянд.

Ноҳияи Зафаробод дар гузаштаи начандон дур, яъне шаст-шасту панҷ сол пештар дашти доманфарохи макони мору мӯр, заминҳои ташналаби бекорхобида буд. Шамолҳои сахту боду бӯронҳояш дар дили кас хавфу ҳарос меандохт. Ин даштҳои бекорхобида бо дастони эъҷозофари мардуми тоҷик азхуд карда шудаву обшор гардид ва ба макони рӯёнидани зироати серҳосили пахта табдил дода шуд. Шояд Зафаробод ном гирифтани ноҳия низ аз он сабаб аст, ки ин дашти саркашро мардуми бошарафи он бо заҳмати зафармандонаашон ба худ ром карданд, ба хоку обаш соҳибӣ намуданду сарбаланд гаштанд.

Давоми солиёни тӯлонии солҳои шастуму ҳафтоду ҳаштоду навадум қисми бештари нақшаи дурнамои ҳосили пахтаи мамлакат дар ин ноҳия истеҳсол карда мешуд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бошад, сол аз сол теъдоди деҳаҳои нав афзуда, нуфузи сокинони ноҳия зиёд шуд, мардуми сарбаланд кишти навъу намудҳои нав ба нави  зироатҳои кишоварзиро ба роҳ монданд.

Имрӯз низ зироати асосии дар ноҳия парвариш мешуда пахта маҳсуб меёбад. Баробари ин зироатҳои ғалладонагиҳо, полезӣ, меваву сабзавот парвариш меёбанд.

Ҷамоати деҳоти Зафаробод аз мавзеъҳои сераҳолӣ ва калонтарини ноҳия аст. Дар ҳудуди ин Ҷамоат бештар аз 32 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат доранд. Ва баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги мамлакат - 35-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон бунёди бештар аз 185 иншоот ба нақша гирифта шуда буд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Пешвои муаззами миллатамон дар ҳар Паём ва суханрониҳои худ таъкид менамоянд, ки ҳар як сокини мамлакат бояд зиндагии шоиста дошта бошад. Барои ин бошад, бунёди биноҳои муосир, мактабу муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, варзишгоҳҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ муҳим аст Бо дарназардошти ҳамин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар Ҷамоат корҳои бунёдкориву созандагӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуданд. Ин аст, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳ беш аз 185 иншоот бунёд ва ба истифодаи мардум дода шуданд. -  Чанд адад маркази хизматрасонӣ, сехи қаннодӣ, 3 адад бунгоҳи тиббӣ, бинои иловагӣ дар мактаби  рақами 8 бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ дода шуд,- гуфт раиси Ҷамоат Муллошариф Бурҳонов. - Беморхонаи марказии ноҳия, ки дар ҳудуди Ҷамоат ҷойгир аст, аз таъмири пурра бароварда ва бо таҷҳизоти нави рентгении муосир муҷаҳҳаз гардонида шуд. Ҳамчунин Маркази саломатии Ҷамоат аз таъмири куллӣ бароварда шуд. Бо нишондод ва дастуру супориши Пешвои муаззами миллат бобати муҳайё намудани толори ҳусн, ҳаммом, маркази ҳунаромӯзӣ, варзишгоҳҳо дар ҳудуди Ҷамоат 6 адад толори ҳусн, маркази ҳунаромӯзӣ, 5 адад маркази хизматрасонӣ бунёд ва истифода дода шуд. Дар  деҳаи Хайробод Маркази варзишии футболи хурд сохта шуда истода, он дар рӯзҳои ҷашнгирии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти ҷашнӣ дар маҷмуъ беш аз 237 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Мардуми шарафманди Ҷамоати Зафаробод бо ин дастовардҳо қаноатманд нагардида, азм намуданд, ки то ҷашни азизи мамлакат боз 40 иншооти нав бунёд хоҳанд кард. Ҳамин тавр чанд адад Маркази хизматрасонӣ, аз ҷумла маркази хизматрасонии нақлиёти сабукрав кушода шуд, барои сокинони маҳаллаи 8-ум трансформатори нав насб карда шуд. Дар деҳаҳои Зарбдор ва Бахт чоҳи амудӣ кофта, ба мардум оби ошомиданӣ бароварда дода шуд.

Ба наздикӣ Маркази хизматрасонӣ бо номи “Роҳат” дар вазъияти тантанавӣ ба истифодаи сокинон супорида шуд, ки дар он Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуданд.

-Шуғли асосии сокинони Ҷамоат деҳқониву зироаткорӣ маҳсуб ёфта, асосан пахта кишт карда мешавад. Соли равон дар майдони умумии 2200 гектар пахта кишт шудааст, ки ҳоло нашъунамои ниҳолҳои пахта табъи дил аст, чунки вазъи таъминот бо оби полезӣ дар ҷойҳои мо хеле хуб мебошад,-гуфт раиси Ҷамоат. - Бояд зикр намуд, ки дар бархе хоҷагиҳои  парвариши тарзи пешқадами пахта - тариқи обёрии қатравӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла бо ин тарз чандин хоҷагӣ кишти пахтаро гузаронида, ба он ноил гардиданд, ки тайи солҳои охир аз ҳар гектар якчанд сентнерӣ ҳосилро изофа ба даст оранд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ба деҳқонони пахтакор баҳри пешрафти корашон соҳибкорони ватандӯсти Ҷамоат дасти кӯмак дароз карда истодаанд. Аз ҷумла соҳибкори саховатманд Абдусамад Нормамадов баҳри ҷамъоварии пахта ба пахтакорон комбайн ҳадя намуд. дар ин ҷо гуфтан ҷоиз аст, ки ҳамагӣ барои ғунучини ҳосил ба деҳқонони пахтакори Ҷамоат панҷ мошини пахтачини солҳои сол бекор истода таъмир карда дода шуд, ки кори пахтакоронро сабук мекунад.

Алҳол деҳқонон ҷамъоварии зироатҳои ғалладонаро ба охир расонида, ба ҷои майдону заминҳои холишуда кишти такрории зироатҳоро гузаронида истодаанд. - Аз ҷумла пиёз, ҷуворимаккаи дон, лӯбиёиҳо, полезиҳо кишт карда шуда истодааст.

Дар маҷмуъ, амалҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри бо нишондиҳандаҳои шоиста пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷамоати деҳоти Зафаробод, ноҳияи Зафаробод бо ҷӯшу хурӯш идома дошта, ҳар як нафар сокини он баҳри туҳфаи сазовор тайёр кардан кӯшиш ба харҷ дода истодааст. 

 Рафоат МӮЪМИНОВА,

“Ҳақиқати Суғд”