Дар маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо иштироки роҳбарону масъулини чор ниҳод – Кумитаи идораи замини вилоят Толиб Тоҳирзода, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят Аъзамҷон Ҷӯраев, Сарраёсати кишоварзии вилоят Амриддин Қосимӣ ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Сӯҳроб Холзода нишасти матбуотӣ баргузор гардид. 

Тибқи маълумот соли сипарӣ аз тарафи нозирони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияи вилоят 135 ҳолати худсарона ишғол намуани қитъаҳо замин муайян карда шуда, бинобар дар ҳаракатҳои шаҳрвандон ҷой доштани аломатҳое, ки қисми 2-и моддаи 338-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст, барои қабул намудани қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда шуд. Умуман аз ҷониби масъулини ин сохтор дар ин давра 4807 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 67514,46 гектар, аз он ҷумла корами обӣ- 6061,89 гектар, корами лалмӣ – 79,33 гектар, боғоти обӣ 2574,11 гектар боғоти обӣ, чарогоҳҳо – 22584,18 гектар ва ғайри кишоварзӣ -36214,95 гектар ошкор гардида, дар маҳал протоколҳо ва қарор тартиб дода шудааст.

-Аз рӯи маълумоти оморӣ соли 2025-ум 108,4 гектар бунёди боғу токзорҳои нав ташкил гардид, ки ин нисбат ба соли 2024-ум 33,8 гектар кам мебошад. Инчунин барқароркунии боғу токзорҳои куҳна 414,8 гектарро ташкил дода, ин нисбат ба соли сипаригашта, 33,8 гектар кам мебошад.

Дар ин давра 100 гектар боғи интенсивӣ, аз ҷумла 17 гектар зардолу, 40 гектар шафтолу, 16 гектар себ 14 гектар олу, 8 гектар сиёҳолу ва 5 гектар гелос себ бунёд гардид. Соҳаи картошкапарварӣ низ соли 2025 рушд ёфта, соли сипарӣ дар майдони 18 ҳазору 625 гектар кишти картошка гузаронида шуд, ки ин нишондод нисбат ба соли сипарӣ 82 гектар зиёд мебошад, - иброз дошт сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Амриддин Қосимӣ.

Инчунин Аъзамҷон Ҷӯраев ваъи соҳаи беҳдошти замин ва обёрии вилоятро шарҳ дода, иттилоъ дод, ки соли 2025 низ ҷиҳати саривақт ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншоотҳои обрасонии вилоят, бо таваҷҷуҳ ва дастгирҳои бевоситаи Раиси вилоят аз ҳисоби буҷетӣ вилоят 2,9 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, аз ин маблағҳо ба ноҳияи Зафаробод 1,5 миллион сомонӣ,  ба ноҳияи Мастчоҳ 700 ҳазор сомонӣ, ба ноҳияи Ашт - 700 ҳазор сомонӣ барои омода намудани иншооти обрасонӣ  мусоидат намуд.

Маблағҳои ҷудогардида дар соли 2025 дар ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ ва Ашт  барои хариди қисмҳои эҳтиётӣ, равғанҳои молиданӣ равона карда шуд. Дар шаҳри Исфара бошад аз тарафи шарикони рушд як дастгоҳи обкашӣ ва 450 метр қубури баландфишор барои барқароркунии пойгоҳи обкашии “Наврӯз” дастрас карда шуда аз тарафи мутахассисони соҳа корҳои васлу насби он идома дорад.

Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Сӯҳроб Холзода низ оид ба фаъолият ва натиҷаҳои соли сипарӣ ҳарф зада, иброз дошт, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва Нақшаи амал барои солҳои 2025 – 2027 соли гузашта нақшаи ниҳолшинонӣ 142 фоиз иҷро гардида, бо мақсади ташкили ниҳолхонаҳо барои парвариши ниҳолҳои ба иқлими маҳал мутобиқ корбарӣ идома дорад. Бо дастгирии Кумита Сарраёсат дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Панҷакент, Мастчоҳ ва Шаҳристон чунин ниҳолхонаҳоро бунёд карда, дар майдони умумии 19,4 гектар ниҳолҳои дарахтони гуногуни ороишии ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд.

Дар фарҷоми нишаст намояндагони васоити ахбори омма ба роҳбарони сохторҳои болозикр суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд. 

 

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”