Дар вилояти Суғд шоликорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва рушди истеҳсолоти ватанӣ нақши муҳим дорад. Кишоварзони минтақа бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи замин, таҷрибаи чандинсола ва вусъат бахшидани корҳои саҳроӣ ҳамасола барои зиёд намудани истеҳсоли ин зироати муҳим талош менамоянд. Рушди соҳа на танҳо ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли биринҷи ватанӣ, балки ба таҳкими амнияти озуқаворӣ ва истифодаи самараноки захираҳои кишоварзӣ низ мусоидат мекунад.

Шолӣ ашёи хоми асосӣ барои истеҳсоли биринҷ буда, яке аз маҳсулоти серистеъмоли ғизоӣ ба шумор меравад. Парвариши он обёрии мунтазам, нигоҳубини дуруст ва риояи талаботи агротехникиро тақозо мекунад.

Аз ин рӯ, кишоварзон барои ба даст овардани ҳосили баланд бояд ба омодасозии замин, интихоби тухмии хушсифат, сари вақт гузаронидани корҳои агротехникӣ ва ҳифзи зироат аз таъсири омилҳои номусоиди табиӣ диққати махсус диҳанд.

Айни замон дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғд ҷамъоварии ҳосили шолӣ идома дорад. Кишоварзон кӯшиш менамоянд, ки ҳосили рӯёндашударо сари вақт ва бе талаф ҷамъоварӣ намуда, ба бозори истеъмолӣ маҳсулоти босифат пешниҳод кунанд.

Майдони кишт васеъ мегардад

Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2026 дар вилояти Суғд дар майдони 8710 гектар шолӣ кишт шудааст, ки нисбат ба соли 2025 (8562 гектар) 148 гектар зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда аз таваҷҷуҳи кишоварзон ба рушди соҳаи шоликорӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда шаҳодат медиҳад.

Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, зимни шарҳи вазъи соҳа иброз дошт, ки дар минтақа навъҳои гуногуни шолӣ парвариш карда мешаванд. Аз ҷумла, навъи маҳаллии девзира, ки дар шаҳрҳои Исфара ва Панҷакент маъруф аст, талабгори зиёд дорад. Дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Зафаробод ва Конибодом бошад, бештар навъи кенҷа кишт карда мешавад. Ин навъ низ дар бозори дохилӣ талаботи зиёд дошта, дар таъмини аҳолӣ бо биринҷи ватанӣ саҳми назаррас мегузорад.

Парвариши навъҳои гуногуни шолӣ бо назардошти шароити иқлимӣ ва хусусиятҳои заминҳои минтақа имкон медиҳад, ки имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода шаванд. Ҳамзамон, интихоби навъҳои серҳосилу ба шароити маҳал мутобиқ метавонад ба беҳтар гардидани сифати маҳсулот ва афзоиши истеҳсоли биринҷ мусоидат намояд.

Минтақаҳои асосии шоликорӣ

Дар вилояти Суғд хоҷагиҳои шоликор асосан дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Ашт, инчунин шаҳрҳои Панҷакент, Конибодом ва Исфара фаъолият доранд. Шароити мусоиди табиӣ ва иқлимӣ, дастрасӣ ба оби полезӣ ва таҷрибаи кишоварзони маҳаллӣ барои парвариши ин зироат заминаи мувофиқ фароҳам овардааст.

Масалан, аз 1033 гектар майдони кишти шолӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қисми асосии он ба Ҷамоати деҳоти Деҳмой рост меояд. Дар ин минтақа шоликорӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кишоварзон буда, таҷрибаи андӯхтаи онҳо барои ба даст овардани ҳосили хуб мусоидат мекунад. Истифодаи таҷрибаи пешқадам, риояи муҳлатҳои кишту нигоҳубин ва таъмини саривақтии обёрӣ барои нигоҳ доштани ҳосилнокӣ аҳамияти калон дорад.

Афзоиши майдони кишт, аз ҷумла, аз ҳисоби корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳри Панҷакент ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав дар шаҳри Конибодом таъмин гардидааст. Амалӣ намудани чунин тадбирҳо барои васеъ намудани майдонҳои кишт, истифодаи самараноки захираҳои замин ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ имконият фароҳам меорад.

Дар баробари васеъ намудани майдонҳои кишт, нигоҳ доштани ҳосилнокии замин ва истифодаи оқилонаи захираҳои об низ муҳим мебошад. Зеро шоликорӣ ба обёрии мунтазам вобастагии зиёд дошта, самаранокии истифодаи об метавонад ба натиҷаҳои ниҳоии истеҳсолот таъсири бевосита расонад.

Ҳосил ҷамъоварӣ мешавад

Бино ба маълумоти оморӣ, то имрӯз дар вилояти Суғд 20323 тонна шолӣ ҷамъоварӣ шудааст. Ба иттилои мутахассисони соҳа, ҳосилнокии шолӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 100 сентнерро ташкил медиҳад.

Ин нишондиҳанда аз имкониятҳои мавҷудаи соҳа ва аҳамияти риояи қоидаҳои агротехникӣ, сари вақт таъмин намудани обёрӣ ва нигоҳубини дурусти зироат дарак медиҳад.

Дар марҳилаи ҷамъоварии ҳосил дуруст ташкил намудани корҳои саҳроӣ аҳамияти махсус дорад. Сари вақт ҷамъоварӣ кардани шолӣ имкон медиҳад, ки талафоти маҳсулот кам гардида, ҳосили бадастомада бо сифати хуб нигоҳдорӣ ва барои коркарди минбаъда омода карда шавад. Аз ин рӯ, ҳамоҳангсозии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, истифодаи самараноки техникаи кишоварзӣ ва риояи муҳлатҳои ҷамъоварӣ аз омилҳои муҳими натиҷабахшии соҳа ба шумор мераванд.

Ҳамзамон, рушди инфрасохтори коркард ва нигоҳдории маҳсулот метавонад ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти шоликорон мусоидат намояд. Зеро истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ танҳо бо парваришу ҷамъоварии он маҳдуд намешавад, балки нигоҳдорӣ, коркард ва ба истеъмолкунанда расонидани маҳсулоти босифат низ аҳамияти муҳим дорад.

Дар маҷмуъ, зиёд гардидани майдони кишти шолӣ дар вилояти Суғд нисбат ба соли гузашта яке аз нишонаҳои рушди соҳа мебошад. Идомаи ҷамъоварии босифати ҳосил, истифодаи оқилонаи замину об ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири парвариш метавонанд барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таҳкими амнияти озуқавории минтақа заминаи мусоид фароҳам оваранд.

Дар баробари зиёд намудани истеҳсоли шолӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо биринҷи ватанӣ ва дастрас нигоҳ доштани нархи он барои аҳолӣ низ аҳамияти муҳим дорад. Афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар сурати ба роҳ мондани дурусти ҷамъоварӣ, коркард ва фурӯши маҳсулот метавонад ба қонеъ намудани талаботи бозори дохилӣ ва нигоҳ доштани муътадилии нархҳо мусоидат намояд.

Бинобар ин, идомаи дастгирии кишоварзон, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва баланд бардоштани сифати маҳсулот барои рушди минбаъдаи шоликорӣ дар вилояти Суғд заминаи муҳим фароҳам меорад.

Нодир Турсунзода,

«Ҳақиқати Суғд»