Дар доираи “Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”, ки 29-уми июни соли 2024, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, то соли 2040 бояд дар ҳудуди мамлакат 2 миллиард бех ниҳоли ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шавад.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 97 хоҷагии ниҳолпарварӣ, аз ҷумла дар назди Вазорати кишоварзӣ-13 хоҷагӣ, Агентии хоҷагии ҷангал-5 хоҷагии бузург ва 43 хоҷагии хурд, Кумитаи ҳифзи муҳити зист-9 хоҷагӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ-27 хоҷагии деҳқонӣ ва инфиродӣ амал мекунад. Дар умум, ҳамасола парвариши то 2,8 миллион бех ниҳол ба роҳ монда шудааст, ки аз он ҳамагӣ 1,5 миллион бех ниҳол барои шинонидан тайёр мебошад. Тибқи хулосаи мутахассисон, ин миқдор ниҳол барои раванди босуръати кабудизоркунии кишвар нокифоя арзёбӣ мешавад ва бояд бознигарӣ карда шавад.
Бо вуҷуди ин, ҳамасола дар ҳудуди ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд даҳҳо ҳазор ниҳоли ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешавад. Аз ҷумла, дар давраи солҳои 2025-2026 дар 18 шаҳру ноҳияи вилоят зиёда аз 500 ҳазор бех ниҳоли сояафкану ороишӣ шинонида мешавад, ки барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномаи давлатии кабудизоркунӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон, сабзу хуррамгардонии шафати роҳҳои Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Чаноқ, Бекобод-Бобоҷон Ғафуров-Конибодом, Хуҷанд-Конибодом, Хуҷанд-Ашт дар назар дошта шудааст, ки корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
-Соли 2025 дар ҳудуди вилояти Суғд ҳамагӣ 703811 бех дарахт шинонида шудааст, ки аз он 106326 бех ороишӣ, 173945 бех сояафкан, 328730 бех мевадиҳанда ва 94810 бех дарахти тут мебошад. Танҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 44462 бех ва дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 33794 бех ниҳоли дарахт шинонида шудааст, ки ин раванд дар соли 2026 низ идома хоҳад ёфт. Айни замон дар ҳудуди вилоят 55 хоҷагии ниҳолпарварӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо ҳама намуди ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда парвариш карда мешавад. Ниҳолҳо ба шароити минтақа мутобиқ карда шуда, қабл аз шинонидани онҳо, аз ҷониби мутахассисони соҳа маслиҳатҳои муфид дода мешавад,-иброз доштанд дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар доираи барномаи давлатии кабудизоркунӣ, бо мақсади ҳавасмандсозии аҳолӣ дар пешбурди корҳои сабзу хуррамгардонӣ гузаронидани озмунҳои “Хиёбони сабз”, “Маҳаллаи сабз”, “Оромгоҳи сабз”, “Хатҳои махсуси муҳофизатии сабз”, “Корхонаи сабз”, “Хатҳои ҳамсарҳадии сабз”, “Фурӯшгоҳи сабз”, “Обанбори сабз”, “Кӯли сабз”, “Дармонгоҳи сабз”, “Боғчаи сабз”, “Мактаби сабз”, “Донишгоҳи сабз”, “Соҳили сабз”, “Истгоҳи сабз”, “Партовгоҳи сабз”, “Истироҳатгоҳи сабз” ва “Нерӯгоҳи барқии обии сабз” низ дар назар дошта шудааст.
Амони МУҲАММАД,
“Ҳақиқати Суғд”




