Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бори дигар собит сохт, ки соҳаи кишоварзӣ дар сиёсати давлатии кишвар мавқеи калидӣ ва афзалиятнок дорад. Дар шароите, ки ҷаҳон бо буҳронҳои ғизоӣ, тағйирёбии иқлим ва номутавозунии бозорҳои байналмилалӣ рӯ ба рӯст, таваҷҷуҳ ба рушди устувори кишоварзӣ ҳамчун кафили амнияти озуқаворӣ ва суботи иҷтимоӣ аҳаммияти дучанд пайдо мекунад.

Соли 2025, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои табиӣ, аз ҷумла ҳарорати ғайримуқаррарӣ, камборишӣ ва хокборишҳои шадид, кишоварзони мамлакат бо заҳмати содиқона ва ҳисси баланди масъулият тавонистанд суръати рушди соҳаи кишоварзиро ба 8,5 фоиз расонанд. Ин нишондиҳанда далели равшани он аст, ки сиёсати дурандешонаи давлат дар самти истифодаи самараноки обу замин, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири хоҷагидорӣ натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.

Яке аз дастовардҳои муҳим дар ин самт баланд гардидани сатҳи амнияти озуқаворӣ мебошад, ки аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 расидааст. Ин пешрафт на танҳо нишондиҳандаи афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, балки самараи сиёсати мақсадноки давлатӣ дар роҳи таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз бозорҳои истеъмолии кишвар бо маҳсулоти тару тоза ва хушсифат таъмин буда, вобастагӣ аз воридот тадриҷан коҳиш меёбад.

Дар Паём саҳми кишоварзон, деҳқонон ва мутахассисони соҳа махсус таъкид гардид. Заҳмати онҳо, бахусус дар шароити душвори иқлимӣ, намунаи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба манфиатҳои миллӣ мебошад. Маҳз меҳнати софдилонаи онҳо аст, ки имконият фароҳам овард, то кишвар дар заминаи таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.

Дар баробари ин, таҳлилҳои байналмилалӣ, аз ҷумла маълумоти Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, ҳушдор медиҳанд, ки то соли 2030 хатари гуруснагӣ дар ҷаҳон боз ҳам афзоиш меёбад. Дар чунин шароит, Тоҷикистон бо такя ба имкониятҳои мавҷуда ва сиёсати оқилонаи аграрӣ метавонад мавқеи худро ҳамчун кишвари дорои низоми устувори таъминоти озуқаворӣ боз ҳам тақвият бахшад.

Бо дарназардошти аҳаммияти стратегӣ доштани соҳа, дар Паём зарурати таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таъкид гардид. Қабули чунин санади муҳим имкон медиҳад, ки самтҳои асосии рушди соҳаи кишоварзӣ, механизми дастгирии давлатӣ, ҷорӣ намудани инноватсия ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ба таври возеҳ муайян карда шаванд.

Таваҷҷуҳи махсус ба соҳаи пахтакорӣ низ яке аз нуктаҳои муҳими Паём ба ҳисоб меравад. Пахтакорӣ на танҳо манбаи ашёи хом барои рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, балки омили муҳими шуғли аҳолӣ ва афзоиши содироти маҳсулот мебошад. Дар ин замина, таҳия ва татбиқи Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026 – 2030 қадами муҳим дар роҳи эҳёи пурраи соҳа арзёбӣ мегардад.

Хавасмандгардонии фаъолияти самараноки хоҷагиҳои пахтакор, такмили заминаи ҳуқуқӣ, дастгирии молиявӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир метавонад самаранокии истеҳсолотро ба маротиб баланд бардорад. Ин иқдомҳо на танҳо ба афзоиши ҳаҷми истеҳсол, балки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот мусоидат хоҳанд кард.

Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ ҳуҷҷати барномавие мебошад, ки роҳу самти рушди минбаъдаи соҳа, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истифодаи устувори захираҳои табииро муайян месозад. Иҷрои саривақтӣ ва пурраи супоришҳои дар Паём зикршуда метавонад кишоварзии кишварро ба марҳалаи сифатан нави рушд барорад ва онро ба яке аз такягоҳҳои асосии иқтисоди миллӣ табдил диҳад.

Бешак, бо такя ба сиёсати хирадмандонаи давлат, заҳмати содиқонаи кишоварзон ва истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда, соҳаи кишоварзии Тоҷикистон минбаъд низ рушд намуда, ҳамчун пояи боэътимоди амнияти озуқаворӣ ва суботи иҷтимоии кишвар хизмат хоҳад кард.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»