Дар вилояти Суғд мавсими пиллапарварӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дошта, сокинони як қатор шаҳру ноҳияҳо барои ба даст овардани ҳосили баланд саъю талош меварзанд. Соҳаи пиллапарварӣ, ки солҳои охир дубора рушд меёбад, имрӯз ба яке аз манбаъҳои муҳими даромади аҳолии деҳот ва рушди саноати сабук табдил ёфтааст.

Тибқи иттиллои ҶСК “Пиллаи тоҷик” дар вилоят, имсол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба пиллапарварон 1000 қуттӣ кирмак дастрас гардида, истеҳсоли 30 тонна пилла ба нақша гирифта шудааст. Дар шаҳри Исфара бошад 800 қуттӣ кирмак тақсим шуда, ҳосили пешбинишуда 24 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, барои ноҳияҳои Ашт, Спитамен ва шаҳри Конибодом 750 қуттӣ (дар маҷмӯъ, 2250 қуттӣ) кирмак барои истеҳсоли 22,5 тонна (дар маҷмӯъ, 67,5 тонна) пилла ҷудо гардидааст. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бошад 700 қуттӣ кирмак барои истеҳсоли 21 тонна пилла дастрас шудааст.

Дар шаҳри Панҷакент 650 қуттӣ кирмак тақсим гардида, истеҳсоли 19,5 тонна пилла дар назар аст. Ҳамчунин, дар шаҳри Истаравшан аз 200 қуттӣ кирмак 6 тонна пилла, дар ноҳияҳои Айнӣ, Деваштич ва Зафаробод аз 150 қуттӣ (дар маҷмӯъ, 450 қуттӣ) 4,5 тонна (дар маҷмуъ, 13,5 тонна) ва дар ноҳияи Мастчоҳ аз 70 қуттӣ 2,1 тонна пилла истеҳсол карданӣ ҳастанд. Дар маҷмӯъ, дар вилоят истеҳсоли 183,6 тонна пилла пешбинӣ шуда, то имрӯз 17,5 тонна истеҳсол шудааст, ки 9,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, ба ҳолати 12-уми май, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 863,7 килограм (2,9 фоиз), шаҳри Исфара 955,6 килограм (4 фоиз), ноҳияи Ҷаббор Расулов 1103,5 килограм (5,3 фоиз), ноҳияи Спитамен 3272,1 килограм (14,5 фоиз) ва шаҳри Конибодом 9126,8 килограм (40,6 фоиз)-и нақшаро иҷро кардаанд.

Мутахассисон мегӯянд, ки ҳосили хуб пеш аз ҳама аз нигоҳубини дурусти кирмак вобаста аст. Ҷаҳонгир Маъруфзода, корманди Маркази ҷумҳуриявии илмию таҳқиқотии пиллапарварии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ки риояи қоидаҳои агротехникӣ барои парвариши кирмак аҳамияти калон дорад. Ба гуфтаи ӯ, кирмак махсусан дар даҳаи аввали афзоиш ба нигоҳубини ҷиддӣ ниёз дорад.

-Дар ин марҳила кирмак тақрибан нисфи ғизои худ-барги тутро мехӯрад. Ҳарорати хона, намнокӣ ва тозагӣ бояд доим зери назорат бошад. Риоя нагардидани ин талабот метавонад ба рушди минбаъдаи кирмак таъсири манфӣ расонад,-мегӯяд Ҷаҳонгир Маъруфзода.

Ҳамзамон зикр гардид, ки дар назди марказ шуъбаи селексияи кирмаки пилла, шуъбаи селексия ва тухмипарварӣ ва озмоишгоҳи ташхиси пиллапарварӣ фаъолият мекунад. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ пойгоҳи таҷрибавии марказ амал намуда, мутахассисон ба омӯзиш ва парвариши навъҳои нави тухми кирмак машғуланд.

Пиллапарварон низ барои ба даст овардани ҳосили хуб аз таҷрибаи чандинсолаи худ истифода мебаранд. Иброҳим Нурматзода, пиллапарвар аз шаҳри Конибодом мегӯяд, ки гарчанде давраи парвариши кирмак кӯтоҳ аст, аммо заҳмати зиёд талаб мекунад.

-Мо дар як шабонарӯз 5-6 маротиба ба кирмак ғизо медиҳем. Ҳарорати хонаро пайваста месанҷем, зеро кирмак ба гармӣ ва сардӣ хеле ҳассос аст. Барои муҳофизат аз мӯрча дар гирди рафҳо об мегузорем ва равшании хонаро низ таъмин менамоем,-мегӯяд ӯ.

Солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба рушди соҳаи пиллапарварӣ бештар гардидааст. Аз ҷумла, 25 июни соли 2020 таҳти рақами 388 “Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” қабул гардид. Ҳадафи асосии барнома зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли пилла, беҳтар кардани шароити фаъолияти пиллапарварон, коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили кишвар мебошад.

Қабули чунин барнома ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Имрӯз бисёр хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинони деҳот ба пиллапарварӣ ҳамчун манбаи муҳими даромад таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Зеро ин соҳа на танҳо корхонаҳои саноати сабукро бо ашёи хом таъмин мекунад, балки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат менамояд.

Коршиносон бар он назаранд, ки бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи тавсияҳои илмӣ метавон ҳаҷми истеҳсоли пилларо зиёд кард. Ин раванд барои рушди иқтисоди миллӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

Амони МУҲАММАД,

“Ҳақиқати Суғд”