Соҳаи кишоварзӣ яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, таъмини амнияти озуқавории кишвар аз он вобастагии мустақим дорад. Дар ин замина, ҳар гуна омилҳои хатарзо, аз ҷумла офатҳои табиӣ ва ҳашароти зараррасон метавонанд ба рушди устувори соҳа таъсири манфӣ расонанд. Яке аз чунин хатарҳо, ки ҳамасола дар минтақаҳои гуногуни кишвар, бахусус вилояти Суғд ба мушоҳида мерасад, хуруҷи малах мебошад. Муборизаи саривақтӣ ва муташаккилона бар зидди ин ҳашароти зараррасон шарти муҳими ҳифзи ҳосили кишоварзон ва таъмини суботи бозори озуқаворӣ маҳсуб меёбад.

Тавре маълум аст, дар доманакӯҳҳо ва минтақаҳои нисбатан гармтару хушк паҳншавии малах бештар ба қайд гирифта мешавад. Дар вилояти Суғд чунин минтақаҳо асосан шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Истаравшан, Исфара, Деваштич, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Спитаменро дар бар мегиранд. Дар ин ҳудудҳо бо сабаби шароити мусоиди иқлимӣ ва мавҷудияти чарогоҳҳои васеъ, тухмгузории малах ва афзоиши он бо суръати баланд сурат мегирад.

Соли равон низ вазъ истисно набуда, майдони паҳншавии малах тақрибан 10 ҳазор гектарро ташкил додааст. Бо дарназардошти ин ҳолат, аз оғози моҳи апрел тадбирҳои фаврӣ ва ҳамоҳангшуда роҳандозӣ гардиданд. Мақомоти дахлдор бо ҷалби тамоми имкониятҳои мавҷуда ба муборизаи фаъолона оғоз намуда, раванди коркарди кимиёвии минтақаҳои осебпазирро тақвият бахшиданд. Ин иқдом нишон медиҳад, ки масъулин хатари эҳтимолиро дуруст арзёбӣ намуда, барои пешгирии паёмадҳои нохуш чораҳои зарурӣ меандешанд.

Дар ҷараёни ин маърака техника ва неруи инсонӣ нақши ҳалкунанда доранд. Айни замон барои мубориза бар зидди малах 18 трактор, 5 мошини махсуси дорупошӣ ва 280 дорупошаки дастӣ ва моторӣ сафарбар гардидаанд. Ҳамзамон, наздики 300 нафар мутахассису кормандони соҳа ба корҳои безараргардонӣ ҷалб шудаанд. Ин рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки мубориза бо малах дар сатҳи зарурӣ ташкил ва ба роҳ монда шудааст.

Махсусан, самаранокии корҳо дар он зоҳир мегардад, ки дар як шабонарӯз то 800 гектар майдони зарардида мавриди коркард қарор мегирад. Дар минтақаҳое, ки истифодаи техникаи вазнин ғайриимкон аст, мутахассисон бо дастгоҳҳои сайёри дорупошӣ фаъолиятро идома медиҳанд. Ин усул имкон медиҳад, ки ҳатто дар ҷойҳои душворгузар низ мубориза бе таваққуф идома ёбад.

Бояд таъкид кард, ки дар айни ҳол хуруҷи малах асосан дар чарогоҳҳо ба қайд гирифта шудааст. Гарчанде ин ҳолат ҳанӯз ба зироатҳои кишоварзӣ таъсири ҷиддӣ нарасонидааст, аммо дар сурати беэътиноӣ метавонад ба заминҳои кишт низ паҳн гардад. Аз ин рӯ, чораҳои пешгирикунанда бо суръати баланд идома дошта, мақсад аз он пешгирии паҳншавии малах ба майдонҳои кишоварзӣ мебошад.

Ба иттилои мутахассисон, дар баъзе минтақаҳои вилояти Суғд бештар малахи марокашӣ ба мушоҳида мерасад. Ин навъи малах бо хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунад: он одатан дар минтақаҳои душворгузар тухм гузошта, баъдан ба шакли гала ба водиҳо ва заминҳои кишоварзӣ ҳаракат менамояд. Дар сурати сари вақт роҳандозӣ нашудани чораҳои мубориза, малахи марокашӣ метавонад ба киштзорҳо, чарогоҳҳо ва ҳатто ҷангалзорҳо зарари ҷиддӣ расонад.

Дар чунин шароит, таъмини кормандон бо воситаҳои муосири муҳофизат ва доруҳои самаранок аҳамияти калидӣ дорад. Хушбахтона, имрӯз кормандони филиали Муассисаи давлатии мубориза бар зидди малах дар вилояти Суғд бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд. Истифодаи заҳрдоруҳои муосир, дастгоҳҳои пешрафтаи дорупошӣ ва либосҳои муҳофизатӣ имкон медиҳад, ки корҳо бо сифати баланд ва бе хатар барои саломатии инсон анҷом дода шаванд.

Олимони соҳаи кишоварзӣ хуруҷи малахро яке аз офатҳои табиӣ арзёбӣ мекунанд. Сабаби ин дар он аст, ки галаи малах метавонад дар як шабонарӯз масофаи зиёда аз 30 километрро тай намуда, тамоми растаниҳои дар сари роҳаш бударо нобуд созад. Ин хусусияти хатарноки он зарурати андешидани чораҳои фаврӣ ва пайвастаро боз ҳам бештар менамояд.

Дар баробари ин, ҳамкории зичи сохторҳои марбута ва ҷалби аҳолӣ низ омили муҳими муваффақият дар мубориза бо малах ба ҳисоб меравад. Кишоварзон бояд бо мутахассисон ҳамкорӣ намуда, дар ҳолати мушоҳидаи хуруҷи малах фавран ба идораҳои дахлдор хабар диҳанд. Танҳо дар сурати ҳамоҳангии амалҳо метавон паҳншавии ин ҳашароти зараррасонро сари вақт маҳдуд кард.

Дар маҷмӯъ, таҷриба нишон медиҳад, ки муборизаи саривақтӣ ва муташаккилона бар зидди малах метавонад аз зиёни эҳтимолии он ҷилавгирӣ намояд. Имрӯз дар вилояти Суғд чунин тадбирҳо бо ҷиддият амалӣ гардида, умед меравад, ки натиҷаҳои мусбат ба бор меоранд. Ҳифзи ҳосили кишоварзон, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ маҳз аз чунин чораҳои саривақтӣ вобаста аст.

Аз ин рӯ, идомаи чунин иқдомҳо, истифодаи технологияҳои муосир ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошад. Зеро мубориза бар зидди малах танҳо вазифаи як ниҳод нест, балки масъулияти умумимиллӣ буда, саҳми ҳар як шаҳрванд дар он муҳим арзёбӣ мегардад.

 

Нодир Турсунзода,

«Ҳақиқати Суғд»