Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар вилоят як рӯйдоди муҳим дар роҳи татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори кишвар ба шумор меравад. Чуноне ки дар Паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид гардидааст, кабудизоркунӣ, ҳифзи табиат ва беҳтарсозии муҳити зист на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди огоҳу ватандӯст мебошад.
Дар ин замина, амалӣ гардидани «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» аҳамияти стратегии бузург дошта, он ба рушди экологии кишвар, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ равона гардидааст. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024, №374 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 01.11.2024, №296, барои солҳои 2025–2027 нақшаи амали мушаххас тасдиқ гардида, татбиқи он ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муайян шудааст.
Бино ба гуфти мутахассисони соҳа ниҳолшинонӣ пеш аз ҳама омили муҳими ҳифзи табиат ва пешгирии таназзули муҳити зист мебошад. Дарахтон ҳаворо аз газҳои зараровар тоза карда, муҳити солимро барои зист фароҳам меоранд. Илова бар ин, ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда дар коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим, пешгирии эрозияи хок ва нигоҳдории захираҳои табиӣ нақши калидӣ мебозанд.
Аз лиҳози иҷтимоӣ низ ниҳолшинонӣ дорои аҳамияти бузург аст. Боғу гулгаштҳо ва минтақаҳои сабз ба сокинон ҷойи фароғат ва истироҳат фароҳам меоранд, сатҳи фарҳанги экологиро боло мебаранд ва муҳити зистро зебову дилангез мегардонанд. Аз ҷиҳати иқтисодӣ бошад, рушди боғдорӣ, бахусус парвариши дарахтони мевадиҳанда, метавонад манбаи даромади иловагӣ барои аҳолӣ ва такони ҷиддӣ барои рушди соҳибкорӣ дар деҳот гардад.
Тибқи маълумоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Суҳроб Холзода, бо мақсади парвариши ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳандаи ба иқлими маҳал мутобиқ, дар ҳудуди вилоят ташкили ниҳолхонаҳо дар майдони 250 гектар ба нақша гирифта шудааст. Ин иқдом барои таъмини бозори дохилӣ бо ниҳолҳои истеҳсоли худӣ ва коҳиши вобастагӣ аз воридот аҳамияти калон дорад.
Бо вуҷуди ин, мутаассифона, аз ҷониби баъзе мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла Айнӣ, Б.Ғафуров, Истаравшан, Гулистон, Ашт, Спитамен, Ҷ.Расулов, Деваштич, Зафаробод, Истиқлол, Хуҷанд, Бӯстон ва Кӯҳистони Мастчоҳ то ҳол тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ташкили хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ пурра амалӣ нагардидаанд. Ин ҳолат талаб мекунад, ки масъулин ҷиддитар муносибат намуда, иҷрои супоришҳои давлатӣ ва нақшаҳои тасдиқшударо сари вақт таъмин намоянд.
Дар баробари ин, бо ташаббуси бевоситаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар як қатор шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла Конибодом (2,5 га), Шаҳристон (4 га), Мастчоҳ (5 га) ва Исфара (1 га) ниҳолхонаҳо ташкил карда шудаанд. Ин тадбирҳо барои татбиқи босифати «Барномаи давлатии кабудизоркунӣ» заминаи устувор фароҳам меоранд.
Айни замон дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Гулистон, мавзеъи Адрасмон 55 бех ва дар ноҳияи Шаҳристон қадди шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ зиёда аз 500 бех дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шудаанд. Ин тадбирҳо на танҳо ба зебогии роҳҳо ва минтақаҳои сайёҳӣ мусоидат мекунанд, балки дар беҳтарсозии вазъи экологии минтақа низ нақши муҳим мебозанд.
-Илова бар ин, тибқи нақша то анҷоми мавсими ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Шаҳристон ҳазорҳо бех дарахтони мевадиҳанда, ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо шинонида хоҳанд шуд. Ба масъалаи нигоҳубин, обёрӣ ва таъмин намудани сабзиши ниҳолҳо низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Таъкид гардид, ки бо истифодаи самараноки замин майдони боғот васеъ ва ниҳолхонаҳои нав ташкил карда шаванд. Айни замон дар ноҳия дар доираи барномаҳои давлатӣ парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда ва ҳамешасабз ба роҳ монда шудааст, - иброз дошт зимни нишаст раиси ноҳияи Шаҳристон Рабим Ғафурзода.
Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар вилояти Суғд боз як далели равшани татбиқи амалии сиёсати экологии Пешвои миллат мебошад. Барои он ки ин ташаббусҳо самараи бештар диҳанд, зарур аст, ки иштироки фаъоли аҳолӣ ва ҷавонон дар маъракаҳои сабзкорӣ таъмин карда шавад; фаъолияти ниҳолхонаҳо густариш ёбад ва сифати ниҳолҳо баланд бардошта шавад; боғу токзорҳои куҳна таҷдид ва навсозӣ гарданд; назорати иҷрои барномаҳои давлатӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор пурзӯр карда шавад.
Ниҳолшинонӣ на танҳо як маъракаи мавсимӣ, балки сармоягузорӣ ба ояндаи солим, зебо ва устувори Тоҷикистон мебошад. Ҳар як дарахти шинонидашуда - рамзи умед, ободӣ ва масъулияти мо дар назди наслҳои оянда аст.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




