Коркарди кимиёии дарахти зардолу дар фасли зимистон барои баланд бардоштани ҳосилнокии он мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки пошидани заҳрхимикат дарахти зардолуро аз ҳашаротҳо эмин медорад. Хоса, аз бемориҳои “Клястеспориоз” ва “Монолиоз”, ки васеъ паҳн шудаанд ва ҳосилнокии дарахти зардолуро ба маротиб коҳиш медиҳанд.

-Дар ҳудуди вилояти Суғд зиёда аз 50 намуди ҳашароти зараррасони боғ, аз ҷумла зардолу дида мешавад.

Хатарноктарини онҳо ин кирми почағафси зардолу, филчаи зардолу (урюковый слоник), миттаи мева (плодовая мель) мебошанд, ки ба тана, шохҳову баргҳо, гулу меваҳои дарахтони зардолу зарар мерасонанд ва ҳатто ба хушкшавӣ оварда мерасонанд, - мегӯяд Абдуаҳад Абдувоҳидов, номзади илмҳои кишоварзӣ, мудири шуъбаи мевапарварӣ ва буттамеваҳои Филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.

Ӯ иброз медорад, ки коркарди кимиёии дарахти зардолу ҳосилнокиро дучанд месозад. Хоса, дар фасли зимистон бо маҳлули ДНОК шустани танаи дарахти зардолу муҳим аст.

-То гулкунии дарахти зардолу бо 0,2 фоиз маҳлули “Хлорофос” ё “Фазалон” коркард кардан зарур аст. Пас аз гулкунӣ низ бо ҳамин маҳлул ва бо ҳамин миқдор такроран коркард кардан лозим аст. Пас аз ду ҳафта бо 0,5 фоиз маҳлули “Синеб” ё “Купрозан” шустани шоху баргҳо муҳим мебошад. Ин ва дигар чорабиниҳои агротехникӣ ба дарозумрӣ ва ҳосилбандии дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла дарахти зардолу таъсири мусбӣ мерасонад,-мегӯяд Абдуаҳад Абдувоҳидов.

Бояд қайд кард, ки коркарди кимиёии дарахти зардолу бо асбобҳои дастӣ низ имконпазир аст, вале он як қатор мушкилиҳои худро дорад. Аз ин рӯ, истифодаи таҷҳизотҳои барқӣ ва ё ба трактор васлшуда кори деҳқонону хоҷагидоронро ба маротиб осон мекунад.

Тибқи иттилои масъулини Сарраёсати кишварзӣ дар вилояти Суғд айни замон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории  ҳудуди вилоят 54393,3 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд аст, ки аз он 42177,2 ҳазор гектар боғи ҳосилдеҳ мебошад ва дар онҳо даҳҳо намуди зардолу парвариш карда мешавад. Қисми зиёди зардолу ҳамчун хушкмева ба хориҷи кишвар содирот шуда, аз қисми дигар консерв, афшура, мураббо, ҷем ва дигар анвои  ширинӣ омода мекунанд.

 

Амони МУҲАММАД,

“Ҳақиқати Суғд”