Соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ яке аз бахшҳои муҳими рушди комплекси агросаноатии кишвар ба шумор меравад. Зеро маҳз ҳолати мелиоративии заминҳо ва таъминоти мунтазами оби полезӣ заминаи асосии ба даст овардани ҳосили баланд, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавориро фароҳам месозад. Дар вилоят, ки аз минтақаҳои муҳими кишоварзии кишвар маҳсуб меёбад, масъалаи беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо ва омодасозии инфрасохтори обрасонӣ ба мавсими обёрӣ зери таваҷҷуҳи доимии мақомоти соҳавӣ қарор дорад.
-Бо дастгирии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Зафаробод дар пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-1» корҳои омодасозии таҳкурсии дастгоҳи обкашӣ барои васлу насби таҷҳизоти нави обкашӣ анҷом дода шудааст.
Айни замон васлу насби дастгоҳи нави обкашӣ дар доираи омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026 ба роҳ монда шудааст. Навсозии чунин иншооти муҳими обрасонӣ имконият медиҳад, ки таъминоти оби полезӣ дар заминҳои вобаста ба пойгоҳи мазкур беҳтар гардида, талафоти об коҳиш ёбад ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ боз ҳам самараноктар шавад,- иброз дошт зимни суҳбат корманди Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд Ҳалимҷон Ҳоҷиев.
Ин иқдом намунаи равшани муносибати масъулонаи мақомоти соҳавӣ ба масъалаи навсозӣ ва таҷдиди инфрасохтори обёрӣ мебошад, зеро аксари дастгоҳҳои обкашӣ солҳо қабл насб шуда, ниёз ба таъмиру таҷдид доранд.
Яке аз омилҳои асосии ба даст овардани ҳосили баланд ва устувор беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ мебошад. Махсусан, барои вилояти Суғд, ки қисме аз заминҳои он ба шӯршавӣ ва баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ майл доранд, иҷрои тадбирҳои мелиоративӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дорад.
Тибқи Барномаи давлатии беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ дар вилояти Суғд, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №137 аз 1 марти соли 2024 ва Фармоиши Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №24 аз 14 марти соли 2024 қабул гардидааст, дар ҳамон сол беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 7093 гектар замин бо маблағи 7 миллиону 968 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иҷрои барнома на танҳо пурра таъмин гардид, балки аз рӯи масоҳат аз нақша бештар амалӣ шудааст. То имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳолати мелиоративии 7102 гектар заминҳои кишоварзӣ бо маблағи 6 миллиону 913,1 ҳазор сомонӣ беҳтар карда шудааст, ки 100 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ 1556 гектар бо маблағи 1 миллиону 313,6 ҳазор сомонӣ (125 фоиз), аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 1572 гектар бо маблағи 1 миллиону 281,5 ҳазор сомонӣ (55 фоиз), бо ҷалби маблағҳои сармоягузорӣ 1070 гектар бо маблағи 1 миллиону 69 ҳазор сомонӣ (69 фоиз), аз ҳисоби буҷети мутамарказ 1521 гектар бо маблағи 1 миллиону 696,4 ҳазор сомонӣ (105 фоиз), аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ 1039 гектар бо маблағи 1 миллиону 262,6 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) 290 гектар бо маблағи 290 ҳазор сомонӣ беҳтар карда шудааст.
Таҳлил нишон медиҳад, ки саҳми бахши хусусӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳо сол ба сол меафзояд. Ин аз болоравии сатҳи масъулият ва дарки аҳамияти масъала аз ҷониби худи истифодабарандагони замин шаҳодат медиҳад.
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фармоиши Агентӣ «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026» аз ҷониби Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд ва идораҳои зертобеъ як қатор тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардидааст.
Нақшаи чорабиниҳо барои давраи тирамоҳу зимистон таҳия гардида, аз 1 октябри соли 2025 корҳои омодагӣ оғоз ёфтаанд. То моҳи феврали соли ҷорӣ чунин натиҷаҳо ба даст омадаанд -тоза намудани хатҳои шабакаҳои обёрӣ – нақша 636,6 ҳазор метри мукааб, иҷро 434,4 ҳазор метри мукааб (68 фоиз), тоза намудани хатҳои заҳбуру заҳкашҳо – нақша 231 ҳазор метри мукааб, иҷро 131,7 ҳазор метри мукааб (57 фоиз), таъмири иншооти гидротехникӣ – нақша 363 адад, иҷро 249 адад (68,6 фоиз), таъмири дастгоҳҳои обкашӣ – нақша 431 адад, иҷро 303 адад (70 фоиз).
Ин нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки корҳои омодагӣ бо суръати устувор идома доранд. Хусусан дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом ва Спитамен қисми зиёди корҳои таъмир ва тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ба иҷро расонида шудааст, ки барои таъмини обрасонии устувор дар мавсими кишти баҳорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Тибқи ҳисобҳои мутахассисони идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо, барои омода намудани иншооти обрасонӣ ба мавсими обёрии соли 2026 зиёда аз 21,97 миллион сомонӣ маблағ зарур мебошад. Аз ин маблағ 4,76 миллион сомонӣ барои тоза намудани хатҳои шабакаҳои обрасонӣ, 1,76 миллион сомонӣ барои тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, 12,54 миллион сомонӣ барои таъмири дастгоҳҳои обкашӣ, 997,9 ҳазор сомонӣ барои таъмири иншооти гидротехникӣ пешбинӣ мегардад.
Аз маълумоти масъулин бармеояд, ки ҳиссаи асосии маблағгузорӣ ба таъмири дастгоҳҳои обкашӣ рост меояд. Ин ҳолат аз зарурати таҷдиди ҷиддии пойгоҳҳои обкашӣ ва таҷҳизоти техникии соҳа шаҳодат медиҳад. Дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши талабот ба захираҳои об, истифодаи технологияҳои муосир ва сарфакорона аҳамияти стратегӣ касб мекунад.
Вазъи кунунии беҳдошти замин ва обрасонӣ дар вилояти Суғд нишон медиҳад, ки соҳа дар марҳилаи фаъолонаи навсозӣ ва таҳким қарор дорад. Иҷрои пурраи нақшаҳои солона, ҷалби сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ, иштироки фаъоли хоҷагиҳои деҳқонӣ ва АИО, инчунин омодагии мунтазам ба мавсими обёрӣ аз сатҳи баланди ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти соҳавӣ дарак медиҳад.
-Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо ташкилоту идораҳои марбута саъю кӯшиш дорад, ки тамоми иншооти обрасонӣ сари вақт ва бо сифати баланд ба мавсими обёрии соли 2026 омода гарданд. Таҳкими заминаи мелиоративӣ, навсозии дастгоҳҳои обкашӣ ва истифодаи самараноки захираҳои об кафолати рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории минтақа маҳсуб меёбад. Бо чунин раванд метавон итминон дошт, ки заминҳои кишоварзии вилоят ҳосили фаровон дода, саҳми худро дар рушди иқтисоди миллӣ боз ҳам бештар мегузоранд, таъкид медорад Ҳ.Ҳоҷиев.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




