Бовуҷуди тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳарорати баланди ҳаво дар соли гузашта дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони мамлакат рушди соҳаи кишоварзӣ 8,5 фоизро ташкил дода, дар кишварамон фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ва бозори истеъмолӣ таъмин карда шуд. Ҳамин тавр, сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз шаст фисади даҳ сол пешина ба ҳаштод фоиз дар соли 2025 расонида шуд. Ин нишондиҳанда даракдеҳ аз заҳмати сидқидилонаи боғдорон, токпарварон, сабзавоткорону пахтакорони вилояти Суғди бостон низ мебошад, ки баҳри ноил гардидан ба истиқлолияти озуқаворӣ мондагиро надониста меҳнат мекунанд. Аз ҷумлаи соҳаҳои кишоварзӣ яке аз сарчашмаҳои фаровонии бозори истеъмолӣ ин фаъолияти босамари гармхонаҳо маҳсуб меёбад.

Давоми солҳои охир маҳсулоти гармхонаҳо, аз ҷумла помидору бодиринги тару тоза ва кабудиҳо дар фасли зимистон, ҳамчунин лимӯ дастархони сокинони кишварро ҳарчи бештар зебу оро медиҳад. Барҳақ, танҳо бо роҳи шаҳри Хуҷанд то Боғи миллии Ваҳдат ва Ҷамоати деҳоти Fозиёни ноҳияи Бобоҷон Fафуров равон гардед, мушоҳида менамоед, ки дар ин роҳи кӯтоҳ дар муддати начандон тӯлонӣ чандин адад гармхонаҳои нав таъсис дода шудаанду фаъолияти густурда мебаранд. Имрӯз маҳсулоти гармхонаҳо аз як ҷониб ба пурнозу неъмат шудани дастархони сокинон мусоидат намояд, аз тарафи дигар ба сарчашмаи афзун гаштани даромади оилавии садҳо шаҳрвандон табдил ёфтааст.

Имрӯз дар қаламрави вилоят 541 адад гармхона, аз ҷумла дар ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров 204 адад, Мастчоҳ 132, Ҷаббор Расулов 40, Конибодом 34, Панҷакент 28, Ашт 31, Деваштич 18, Зафаробод 6, Исфара 15, Спитамен 14,  Истаравшан 12, Хуҷанд 7 ададӣ фаъолият доранд. Аз теъдоди умумии гармхонаҳо дар 311 адади он, ё дар майдони умумии 43,25 гектар парвариши сабзавот ба роҳ монда шуда, майдони асосии кишти сабзавот дар гармхонаҳои навоҳии Бобоҷон Fафуров (21,64), Панҷакент (4,35), Ҷаббор Расулов (2,69), Мастчоҳ (9,1), Конибодом (1,01), Истаравшан (1,34), Ҷаббор Расулов (2,69), Спитамен (1,82 гектар) нигаронида шудааст. Ба таври мушаххас гӯем, алҳол дар масоҳати 13,94 гектар кишти помидор, дар 6,15 гектар бодиринг, 14,72 гектар лимӯ, 5,28 гектар гул, дар 11,76 гектар дигар намуди зироатҳо кишт гардида, то имрӯз аз гармхонаҳои вилоят 47,6 тонна маҳсулот, аз ҷумла 21,28 тонна помидор, 18,94 тонна бодиринг, 31,12 тонна лимӯ ва 7,33 тонна дигар навъи зироатҳо ба даст оварда шудааст. Баракати ҳосили гармхонаҳои қаламрави вилоят баҳри он мусоидат намуда истодааст, ки дар бозорҳои шаҳру деҳоти вилоят имрӯз нархи помидору бодиринг, лимӯ ва дигар маҳсулот пасту дастраси мардум гардидааст.

Тавре маълум аст, парвариши лимӯ аз ҷониби лимӯпарварони моҳир сол аз сол дар қаламрави вилоят маъмул гардида, масоҳати гармхонаҳои лимӯпарварӣ торафт меафзояд. Алҳол аз теъдоди умумии гармхонаҳо дар 230 адад гармхона лимӯ ва гул парварида мешавад. Ҳосили пурбаракат аз парвариши гул ва лимӯ асосан аз навоҳии Бобоҷон Fафуров, Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ба даст оварда мешавад.

Масоҳати умумии гармхонаҳои вилоят бештар аз 56,66 гектарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар навоҳии Бобоҷон Fафуров 27,27 гектар, Мастчоҳ 11,1 га, Ҷаббор Расулов 4,44, Панҷакент 3,18, Конибодом 2,46, Спитамен 2,15, Исфара 1,75, Истаравшан 1,53, Ашт 1,44, Деваштич 0,4, Зафаробод 0,44, Хуҷанд 0,5 гектарро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби умумии гармхонаҳо 4 ададаш намуди инноватсионӣ ва 269 адад навъи хитоӣ мебошад. Навъи инноватсионӣ асосан дар навоҳии Бобоҷон Fафуров ва Спитамен фаъолият дошта, истифодаи намудҳои хитоии гармхонаҳо асосан дар ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Мастчоҳ, Конибодом ва Зафаробод маъмул гардидаанд.

Дар ин радиф, бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯз Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи худ иброз доштанд, ки кишоварзони мамлакат боз ҳам бештар заҳмат кашида, бо истифодаи самаранок аз ҳамаи имкониятҳо ҳосили фаровони меваву сабзавот, дигар зироатҳоро мерӯёнанд ва дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми шоиста мегузоранд. Дар такя ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо мутахассисони гармхонаҳои ҳудуди вилоят самаранок меҳнат мекунанд, то ки баҳри пурнозу неъмат гардидани дастархони сокинон мусоидат намоянд.

 

Рафоат МӮЪМИНОВА,

“Ҳақиқати Суғд”