Соҳаи кишоварзӣ яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди деҳот нақши калидӣ дорад. Дар шароити тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ ва зарурати истифодаи самараноки замин, истеҳсоли ғалладонагиҳо, бахусус гандум ва ҷав, ҳамчун маҳсулоти стратегӣ аҳамияти бештар касб менамояд.

Имсол кишоварзони вилояти Суғд дар шароити нисбатан мусоиди обу ҳаво фаъолияти худро ба роҳ монда, барои парвариши зироатҳои ғалладонагӣ тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Боришоти фаровони фасли зимистон ва баҳори соли ҷорӣ ба беҳтар гардидани захираи намнокии хок мусоидат намуда, барои рушди киштзорҳои лалмӣ ва обӣ шароити мусоид фароҳам овард. Мутахассисон бар он ақидаанд, ки боронҳои мавсимӣ имкон доданд, ки зироатҳои ғалладонагӣ нисбат ба солҳои қаблӣ нашъунамои хуб дошта бошанд ва интизори ҳосили арзанда бошанд.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми июли соли равон, дар вилоят дар маҷмӯъ, дар 4523,9 гектар кишти зироатҳо гузаронида шудааст. Аз ин миқдор 651,2 гектарро ғалладонагиҳо ва зироатҳои лӯбиёгии донӣ ташкил медиҳанд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта майдони ғалладонагиҳо 10 фоиз коҳиш ёфтааст. Гарчанде майдони кишт кам шудааст, аммо мутахассисон умедворанд, ки аз ҳисоби баланд шудани ҳосилнокӣ ҳаҷми истеҳсолот нигоҳ дошта мешавад.

Гандум – зироати стратегии вилоят

Дар сохтори кишти ғалладонагиҳо ҷойгоҳи асосиро гандум ишғол менамояд. Имсол дар вилоят 36 ҳазору 919 гектар майдон гандум кишт шудааст. Дар муқоиса ба соли гузашта ин нишондиҳанда 3 ҳазору 225 гектар кам мебошад.

Таҳлили маълумот нишон медиҳад, ки ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон ва Бобоҷон Ғафуров аз ҷумлаи минтақаҳои асосии истеҳсоли гандум ба ҳисоб мераванд.

Дар ноҳияи Деваштич майдони кишти гандум ба 9 ҳазору 936 гектар расида, нисбат ба соли гузашта 1039 гектар зиёд шудааст. Ин нишондиҳанда баландтарин афзоиш дар сатҳи вилоят мебошад. Шаҳристон низ майдони кишти гандумро аз 7465 гектар ба 7813 гектар расонида, 348 гектар афзоиш додааст.

Дар ноҳияи Мастчоҳ майдони кишти гандум 102 гектар зиёд шуда, ба 1164 гектар баробар гардидааст. Дар шаҳри Конибодом низ афзоиши 90 гектар ба қайд гирифта шудааст.

Дар баробари ин, дар як қатор шаҳру ноҳияҳо коҳиши назарраси кишти гандум аз ҷумла, шаҳру ноҳияҳои Истаравшан – 2134 гектар, Исфара – 599 гектар, Панҷакент–440 гектар, Спитамен–414 гектар, Бобоҷон Ғафуров – 623 гектар мушоҳида мешавад.

Коҳиши майдони кишти гандум дар баъзе минтақаҳо пеш аз ҳама ба диверсификатсияи истеҳсолот, гузариш ба кишти дигар навъҳои сердаромад ва зарурати истифодаи самараноки захираҳои обӣ вобаста арзёбӣ мегардад.

Намуди дигари ғалладонагӣ ин ҷав буда, дар таъмини базаи хӯроки чорво аҳамияти муҳим дорад. Тибқи маълумоти мавҷуда, дар вилоят майдони кишти ҷав ба 43 ҳазору 91 гектар расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 1578 гектар зиёд мебошад.

Афзоиши назарраси кишти ҷав дар ноҳияҳои Зафаробод–1614 гектар, Панҷакент – 1052, Мастчоҳ – 540, Деваштич –192, Бобоҷон Ғафуров–106, Ҷаббор Расулов–95 гектар ба назар мерасанд.

Ин нишондод аз он шаҳодат медиҳад, ки хоҷагидорон бо назардошти рушди соҳаи чорводорӣ ва талаботи бозор ба хӯроки чорво майдони кишти ҷавро васеъ намудаанд.

Аз рӯи ҳаҷми умумии кишти ғалладонагиҳо ноҳияи Деваштич мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Дар ин ноҳия 28 ҳазору 733 гектар ғалладона кишт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 335 гектар зиёд мебошад.

Баъди Деваштич шаҳру ноҳияҳои Истаравшан (13 ҳазору 295 гектар), Панҷакент (9 ҳазору 539 гектар), Шаҳристон (9 ҳазору 943 гектар) ва Бобоҷон Ғафуров (7 ҳазору 644 гектар) қарор доранд.

Маҳз ин минтақаҳо дар истеҳсоли қисми зиёди ғалладонагиҳои вилояти Суғд саҳми назаррас доранд ва дар рӯзҳои ҷамъоварии ҳосил техника ва неруи кории бештарро талаб менамоянд.

Имсол боришоти хуб имконият фароҳам овард, ки захираи намнокии хок нисбат ба солҳои гузашта беҳтар гардад. Ин ҳолат махсусан барои киштзорҳои лалмии шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон ва Панҷакент мусоид арзёбӣ мешавад.

Айни замон дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо оғоз гардидааст. Мутахассисони соҳа бар он назар ҳастанд, ки талафи ҳосил ҳангоми дарав метавонад то чандин фоизро ташкил диҳад. Аз ин рӯ, омодасозии техникаи кишоварзӣ, таъмини қисмҳои эҳтиётӣ ва ташкили дурусти корҳои саҳроӣ аҳамияти махсус дорад.

Тибқи иттилои мутахассисон ҳар рӯзи таъхир дар ҷамъоварии ҳосил метавонад боиси рехтани дон, паст шудани сифати маҳсулот ва талафоти иқтисодӣ гардад. Аз ин рӯ, хоҷагидорон вазифадоранд, ки комбайнҳо ва техникаҳои ёрирасонро самаранок истифода баранд.

Дар шароити имрӯза масъалаи нигоҳдорӣ ва захира намудани ғалла низ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Анборҳои мутобиқ ба талабот, хушккунии дурусти дон ва ҳифзи маҳсулот аз талафот барои таъмини бозори дохилӣ нақши муҳим мебозанд.

Рушди истеҳсоли ғалладонагиҳо яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии давлат ба шумор меравад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ заминаи асосии таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад.

Бо вуҷуди коҳиши умумии баъзе майдонҳои кишти ғалладонагӣ дар вилояти Суғд, зиёд гардидани кишти ҷав, беҳтар шудани шароити иқлимӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадами кишоварзӣ имконият фароҳам меорад, ки хоҷагидорон ҳосили хуб ба даст оваранд.

Дар маҷмӯъ, натиҷаҳои мавҷуда нишон медиҳанд, ки кишоварзони вилояти Суғд ба мавсими ҷамъоварии ҳосил бо омодагии ҷиддӣ ворид шудаанд. Агар корҳои дарав ва захиракунии маҳсулот сари вақт ва бо сифати баланд анҷом дода шаванд, интизор меравад, ки саҳми вилояти Суғд дар таъмини бозори дохилӣ бо ғалла ва маҳсулоти ордӣ боз ҳам назаррас гардад.

Ҳамин тавр, маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо натанҳо натиҷаи заҳмати чандмоҳаи деҳқон, балки омили муҳими таҳкими амнияти озуқаворӣ, рушди иқтисодиёти миллӣ ва фаровонии дастархони мардум ба ҳисоб меравад. Нони имрӯз аз меҳнати пурмашаққати кишоварзон сарчашма мегирад ва ҳар донаи ғалла самараи заҳмати содиқонаи мардуми деҳот аст.

 Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”