ё ин ки усули нави кишт чӣ афзалият дорад?

Дар калонтарин ноҳияи ҷумҳурӣ ба номи Бобоҷон Ғафуров дар майдони 6489 гектар пунбадона киштанд. Бино ба гуфти муовини якуми раиси ноҳия Абдуаҳад Қурбонзода айни ҳол чеканкаи ниҳоли пахта вусъати тоза гирифта, беш аз 70% пахтазорон аз чеканка бароварда шудааст. Як навид аз ин ноҳияи калонтарини пахтакорӣ он аст, ки дар баъзе қитъаҳо пахта ба шукуфтан оғоз кардааст.

Мо дар кооперативи тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулови ноҳия меҳмон шуда, аз ҷараёни нашъунамо, нигоҳубин, ғиззодиҳӣ ва обёрии пахтазорон шинос шудем.

 -Майдони имсолаи пахтаамон 750 гектарро ташкил медиҳад,- гуфт раиси хоҷагӣ Ҷаҳонгир Ҷабборов, -ҳолати пахта хуб аст, коркарди байни қатору озуқадиҳи дуюмро анҷом додем. Чеканкаи ниҳоли пахтаро бошад, ба нисф расонидем.

Дар ин хоҷагӣ ба ҷузъ пахтакорӣ ҳамчунин ба боғдорӣ, човродорӣ, ғаллакорӣ ва шоликорӣ машғуланд. Биринҷи навъи “кенҷа”, ки бо сифати аълояш ном баровардааст, маҳсули дастони шоликорони ҳамин хоҷагист. 

Тибқи дастури Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода дар ин хоҷагӣ аз усули навкишти зери плёнка дар масоҳати 10 гектар истифода кардаанд Хӯш, ин усули нав ва чигити лучкардашуда чӣ афзалият дорад? Посухи ин саволро аз агрономи хоҷагӣ Валиҷон Рӯзиев пурсон шудем, ки чунин гуфт:

-Афзалияти он чунин аст. Якум бо ин усул зичии ниҳол назар ба усули кӯҳна хубтар аст. Агар солҳои пеш дар масоҳати 1 гектар то 100 ҳазор бех ниҳол ҷойгир шавад, бо усули нав зиёда аз 2000 ниҳол месабзад. Дуюм, хишовакунӣ аз байн меравад, зеро алаф зери плёнка нафасаш танг шуда мехушкад. Сеюм, дар ҳолати усули қатравии обёрӣ истифода шудан оби полезӣ сарфа мешавад. Ва ниҳоят пахта тез пухта мерасад...

Аҳли хоҷагӣ соли рафта ба шарофати меҳнати дастаҷамъона ба гирифтани ҳосили баланд ноил шуданд. Ба ҳисоби миёна ҳосилнокии ҳар гектар то ба 28 сентнер расонида шуд.

-Дар бригадаи пахтакории №4 бошад, ҳосилнокии ҳар гектар ба 45 сентнер расонида шуд, - гуфт иқтисодчии хоҷагӣ Маъруфҷон Файзуллоев, -шунидем, ки дар ноҳияи ҳамсояи ба номи Ҷаббор Расулов аз усули кишти зери плёнка то ба 50-55 сентнер ҳосил гирифтаанд. Мо имсол тариқи таҷриба киштем. Дар сурати бобарор шудан, ҳатман онро самаранок истифода мебарем...

Мирзоаъзам  МАҚСУДОВ,

Рӯзноманигор