Қулфинайро ҳамчун воситаи зиддимикробӣ барои тоза намудани гулўю бинӣ ва нест кардани бўи бади даҳон истифода мебаранд. Он хурӯҷ ёфтани зуком (грипп) — ро кам мекунад. Мавҷудияти йод дар таркиби қулфинай норасоиҳоро дар хўроки ҳаррўза ва оби нӯшокӣ таъмин мекунад. Қулфинай хусусияти паст кардани қандро низ дорад. Барои ҳамин ба шахсоне, ки гирифтори бемории диабети қанд мебошанд, истеъмоли қулфинайро тавсия медиҳанд.
Алҳол дар тамоми ҷаҳон соҳаи аграрӣ басо рушд ёфтаву яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад. Алалхусус, яке аз шохаҳои он, парвариши анвои мухталифи меваи қулфинай бо истифода аз таҷрибаҳои нави муосир имрӯзҳо дар маркази таваҷҷуҳи хосаи мутахассисону кишоварзон қарор дорад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти аграрӣ дар кишвари мо низ басо таҷдиди куллӣ ба миён омада, алҳол деҳқон соҳиби замин буда, озодона онро истифода мебарад ва маҳсулоти бо заҳмат рӯёнидаашро ба мағозаву бозорҳои маҳалливу берун аз он ба фурӯш мебарорад. Дар ин раванд бо риояи омилҳои асосии ҳосилнокии соҳаи кишоварзӣ саривақт гузаронидани корҳои агротехникӣ, таъминот бо ғизоҳои зарурӣ дар мадди аввали хоҷагидорон буда, сол аз сол серҳосилии заминҳои кишти марди деҳқон ба назар мерасад, ки ин худ шаҳодати заҳматҳои шабонарӯзии онҳост.
Дар ин самт кишоварзони меҳнатқарини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилоят дар самти истифодаи пурсамару оқилонаи ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ ва майдонҳои хоҷагии деҳқонии хеш басо заҳмат мекашанду баҳри гирифтани ду-се ҳосил дар мавсими кишти зироатҳо тадбирҳои муҳим меандешанд.
Лутфулло Акрамов, сокини Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз аввалин хоҷагидорон аст, ки бо аҳли оила дар майдони беш аз се гектар замини хоҷагии деҳқони худ қулфинайи навъи Албионро парвариш намуда буд.
Мавсуф изҳор дошт, ки маълумоти олии иқтисодӣ дошта бошад ҳам, деҳқонӣ шуғли авлодӣ буда, чандин сол инҷониб фориғ аз кор бо касби деҳқонӣ, алалхусус, парвариши қулфинай ба таври оилавӣ сари кор дорад.
- Моҳи октябри соли 2017 тибқи шартномаи тарафайн дар асоси лоиҳаи “Омӯзиш ва парвариши навъи нави қулфинайи калифорнӣ бо истифодаи технологияҳои нав” Фонди қарзи хурди “Имон” ба хоҷагии мо беш аз 2500 бех кӯчати қулфинайи навъи Албион ва 2500 бех навъи Е-22 дастрас гардид. Ҳамзамон, дар оғози кор бо кӯмаки роҳбарияти Фонди қарзи хурди “Имон” Муяссар Пулотова ба маблағи дар маҷмӯъ 34 ҳазор сомонӣ майдони кишти қулфинай пурра бо таҷҳизоти муосир омода карда шуд. Ҳарчанд парвариши қулфинай, тарзи шинонидан ва нигоҳубуни онро дар умум медонистам, аммо оид ба парвариши навъи Албионро, ки хеле нозук ва ба пастшавии ҳарорати ҳаво хеле ҳассос аст, таҷрибаи кофӣ надоштам.
- Сипас бевосита дар сари майдон бо истифода аз таҷрибаҳои ҷадид корро оғоз карда, соли аввал ба як қатор муаммоҳо рӯ ба рӯ шудем. Азбаски дар ҷараёни корҳои омодакунии майдони кишт маблағҳои зиёд сарф шуда буд, то пухта расидани ҳосил хеле дар изтироб будам, ки оё ҳосили дилхоҳ ба даст оварда хароҷотро рӯйпӯш карда метавониста бошем. Хушбахтона, заҳмати шабонарӯзиамон самараи хуб дод ва аз ҳар як бех кӯчати қулфинайи навъи Албион дар як мавсим то 1 кг ҳосил рӯёнидем, - нақл кард Л. Акрамов.
Меваи қулфинай (клубника) ҳамчун хӯроки парҳезӣ ба ҳисоб рафта, ташнагиро мешиканад, иштиҳоовар буда, ҳазмшавии хӯрокро беҳтар мегардонад. Аз ҳисоби дар таркибаш доштани миқдори зиёди витамини С қулфинай назар ба меваҳои ситрусӣ бартарӣ дорад. Агар ҳар рӯз аз қулфинай истифода баред, системаи иммунитетро қавӣ гардонида, деворҳои рагҳои хунгардро мустаҳкам мегардонад. Қулфинай хосияти зидди газакгирӣ ва зиддимикробӣ дорад. Дар ҳолати бемор будани меъда, онро ҳамчун доруворӣ истифода мебаранд.
Дар маҷмӯъ, аз 30 сотихи соли 2018 алҳол он ба 300 гектар расонида шуда, беш аз 21 миллион ниҳолак дар минтақаи Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача парвариш меёбад.
Бино ба маълумоти мутахассисони соҳа, қулфинайи навъи Албион аз зумраи меваҳоест, ки иқлими гарму нури офтобро хеле дӯст медорад ва ниҳоят таъму бӯю аҷоибу гуворо дорад. Ватани ин навъи қулфинайро ба иёлоти Калифорнияи ИМА марбут медонанд. Қулфинайи «Албион» ҳанӯз соли 2004 аз ҷониби олимони амрикоӣ кашф гардида, тибқи нишондодҳои мутахассисон ин навъи қулфинай қодир аст, аз моҳи июн то моҳи октябр, яъне 4-5 маротиба ҳосил диҳад.
- Воқеан беш аз 15 сол инҷониб бо парвариши навъи маҳаллии қулфинай сару кор дошта бошам ҳам, лекин ҳосил на онқадар хуб буду ҳам аз ҷиҳати андоза ва ҳам сифат дилхоҳ набуд. Меваҳои навъи Албион дар ҳаҷму андоза баробар ҳастанду намуди басо зебову диққатҷалбкунандаро дороянд. Аз ин лиҳоз, барои парвариш ва фурӯш хеле мувофиқ асту талабот нисбатан зиёдтар аст, - таъкид дошт яке аз иҷоракорони дигари ҳамин минтақа Абдуҷалол Ҷалолов.
Ба гуфти ӯ, нигоҳубини қулфинай на он қадар заҳматталаб буда, нисбат ба навъҳои маҳаллӣ аллакай пас аз 4 моҳи кишти ниҳолакҳои он давоми се сол ҳосил медиҳад. Дар хоҷагии деҳқонии мо асосан таҷрибаи тарзи бобоӣ ба роҳ монда шуда, дар гармо ҳафтае 3-4 маротиба ва дар фасли сармо 2 маротиба об дода мешавад. Ин намуди қулфинай ба аксар бемориҳо тобовар буда, барои ҳифзи маҳсулот аз таъсири ҳар гуна ҳашароти зараррасон ва хуб пухта расидани он нуриҳои минералиро фаровон истифода бурда, обёрии қатрагӣ бо витаминҳои барои афзоиши қулфинай заруриро таъмин менамоянд. Мавсими ҳосиландозии қулфинайи навъи Албион 4-5 маротиба, яъне агар моҳҳои апрел мавсими гулкунии бехҳо ба назар расад, пас он моҳи май, июн ҳосил дода, аз моҳи июл якуним моҳ дам гирифта, аз август ва дар тирамоҳ моҳҳои сентябр то боридани барф ҳосил медиҳад.
-Барои парвариши қулфинай аз доруҳои мочевина ва нитроаммофоска истифода мебаранд. Барои қулфинайи навъи Албион истифодаи поруи маҳаллӣ зарурат надорад. Дар баргҳои ин навъ баъзан беморӣ пайдо мешавад ва доруҳои истифодашаванда барои пешгирии ҳамин гуна касалиҳо хизмат мекунанд, - изҳор дошт Л. Акрамов.
Дар мавсими чиниши қулфинай сокинони маҳаллӣ, бахусус, бонувон машғул мешаванд. Ҳар кадоме аз занҳои чобукдаст дар як рӯз аз 50-100 кг ҳосили ин меваро мечинанд.
Ҳар мавсим бонувон аз соати 6 - и саҳарӣ то бегоҳ дар майдони қулфинай машғули кор мешаванд. Ҳар сол то анҷоми мавсим 7 бор хоки зери кӯчатҳоро мулоим мекунанд. Кӯмаки онҳо барои марди деҳқон, ки барои бе талаф чиниши ҳосил талош меварзанд, чун обу ҳаво зарурист.
- Дар миёнаи моҳи май аз кӯчатҳои яксола ҳосили якумро мечинем. Дар охирҳои моҳи июн бори дуюм ҳисили қулфинайи яксоларо ғунучин мекунем. Бехҳои онро моҳи ноябри порсол шинонида буданд. Ин ниҳолакҳои навсабз давоми 3 сол сабз шуда, ҳосил медиҳад. Боғдорон пеш аз хушкшавии бехҳо аз онҳо барои кӯчат мегиранд. Баъд заминро дам дода, боз дар майдони нав ниҳолҳои тайёрро мешинонанд, - афзуд Ирода ном ҷавонзан, ки чанд сол боз бо чиниши қулфинай машғул аст.
Ҳангоми гуруснагӣ истеъмол кардани 4 — 6 қошуқ шарбати аз қулфинай тайёркардашуда, барои нест кардани санги талха фоидаовар аст. Ҳангоми ба бемории гурда ва роҳҳои пешоб гирифтор шудан, дар тамоми фаслҳои сол, ҳар рўз на камтар аз 400 грамм истеъмол кардани он тавсия дода мешавад. Дар ҳолати бемориҳои гуногуни гурда нўшидани қулфинайи ҷўшонидашуда фоидаовар мебошад. Қулфинай воситаи беҳтарин барои муолиҷаи роҳҳои пешоб буда, барои ҷигар ҳам фоидаовар мебошад. Дар вақти ба касалии буғумдард гирифтор будан истеъмоли қулфинай фоидаовар мебошад.
Иродаи чобукдаст ҳар рӯз ҳамроҳи чанд тан бонувони ҳамдеҳааш дар ҳосили якум аз 500 то 1 тонна меваи заминӣ мечинанд. Ӯ дар як рӯз то 100 кг мева мечинад.
- Ҳоло мавсими чиниш нав оғоз ёфт. Ду ҳафта боз рӯздармиён қулфинай мечинем. Кори мо субҳгоҳон аз соати 6-и саҳарӣ баъзан то 18-и бегоҳ тӯл мекашад. Қулфинайҳое, ки дар 2 мавсими аввал мечинем, намуди зебо, дорои таъми хуш асту хӯрданбоб. Қулфинайе, ки дар охири мавсим ҷамъоварӣ мекунем, ширинтар асту барои мураббо мувофиқ. Баъди ҳар чиниш заминро коркард мекунем. Алафҳояшро чида, заминашро нарм месозем.
Назира Шокирова зани солмандест, ки қулфинайи чидашударо ба навъҳо ҷудо мекунад. Ӯ бо ҳамроҳии бонувони ҳамкораш ҳосилро ба се навъ ҷудо мекунанд, навъҳои аълосифат, хуб ва хеле, ки барои омода кардани мураббо истифода мешавад. Дар як рӯз то 120 сатили калони қулфинайро коркард карда, барои бозор омода месозанд.
- Ба ҳисоби миёна, як сатили калон 7–8 килограмм қулфинайро дар бар мегирад. Қулфинайҳои калонтар бештар харидор доранд, аммо таъми қулфинайҳои калону хурд якхела буда, танҳо аз рӯйи ҳаҷм фарқ мекунанд. Маоши рӯзонаи мо, коргарон 100 сомонӣ аст, - иброз дошт мавсуф.
Бо назардошти ин омилҳои манфиатбор қулфинайпарварон иброз намуданд, ки ин навъ аз ҷиҳати ҳосилнокӣ, ширинию болаззатӣ бартарияти бештар дошта, мехоҳанд боз ҳам бештар ин таҷрибаи ҷадидро пайгирӣ намоянд.
Воқеан, замона тақозо дорад, ки деҳқонону кишоварзон бо шукргузорӣ аз чунин даврони тинҷиву осудаҳолӣ, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ марди деҳқон соҳиби замин гардидааст, шаборӯз меҳнати суботкоронаву шоиста намоянду ҳар порчаи онро бо манфиату пурсамар истифода баранд. Ва бовар дорем, ки аҳолии ин минтақа воқеан чи дар майдонҳои хоҷагӣ ва чи дар қитъаи замини наздиҳавлигии худ дар баробари боғдориву сабзавоткорӣ, ба парвариши маҳсулоти мухталифи кишоварзӣ, аз ҷумла парвариши намудҳои нави қулфинай, ки ба иқлими маҳал басо мувофиқ аст, ба роҳ монда, барои беҳдошти вазъии зиндагии хеш ва фаровонии дастархони мардум саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Маъмурахон САМАДОВА,
Файзуллохон ОБИДОВ,
“Ҳақиқати Суғд”




