Нимсолаи якуми соли 2026-ум бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, рушди чорводорӣ ва густариши кишти такрорӣ аз самтҳое мебошанд, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисоди маҳаллӣ мусоидат мекунанд.

Тавре раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Олимбек Юлдошзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 487 миллиону 930 ҳазор сомонӣ расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 100 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 126 фоизро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, саҳми асосии истеҳсолот ба соҳаи чорводорӣ рост омада, суръати афзоиш 132 фоиз таъмин шудааст. Дар соҳаи растанипарварӣ бошад, ҳаҷми маҳсулот ба 174 миллиону 516 ҳазор сомонӣ расида, дар бахши моҳипарварӣ низ истеҳсоли маҳсулот идома дошта, 277 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ дар хоҷагиҳои ноҳия ба кишти такрорӣ диққати махсус дода мешавад. Имсол кишти такрорӣ дар майдони 2985 гектар пешбинӣ гардида, то имрӯз дар 2206 гектар сабзавот, полезӣ ва ҷуворимакка кишт шудааст, ки 74 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Натиҷаҳои истеҳсолӣ низ аз пешрафти соҳа шаҳодат медиҳанд. Дар нимсолаи аввал истеҳсоли сабзавот ба 6481 тонна расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 651 тонна зиёд шудааст. Ҳамзамон, то имрӯз дар 4526 гектар кишти пахта гузаронида шудааст.

Дар бахши чорводорӣ низ нишондиҳандаҳо рӯ ба афзоиш доранд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли гӯшти чорво ва паранда ба 4211 тонна расида, нисбат ба соли гузашта 1620 тонна бештар мебошад.  Истеҳсоли шир ба 18 ҳазору 576 тонна ва тухм ба 25 миллиону  389 ҳазор дона баробар гардидааст. Илова бар ин, истеҳсоли гӯшти моҳӣ ба 12,9 тонна расидааст.

Дар соҳаи кирмакпарварӣ низ пешрафт ба назар мерасад. То 1-уми июли соли 2026 дар ноҳия 6,1 тонна пилла истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 600 килограмм зиёд мебошад.

Тавре раиси ноҳия таъкид кард, минбаъд низ барои баланд бардоштани ҳосилнокии замин, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ хоҳанд шуд.

 Манзура БАХТИЁРЗОДА,

“Ҳақиқати  Суғд”