Дар доираи тадбирҳои ободониву кабудизоркунӣ ва дастгирии рушди соҳаи боғпарварӣ дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчат, тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ доир шуда, ба як маъракаи муҳими соҳавӣ табдил ёфт, ки дар он истеҳсолкунандагон, хоҷагидорон, мутахассисон ва сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолона иштирок намуданд.

Дар ярмарка Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода, муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарону намояндагони ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ ширкат варзида, аз намоиши ниҳолу кӯчат ва дастранҷи боғдорон аз наздик шинос шуданд. Зимни боздид масъулон бо истеҳсолкунандагон суҳбат намуда, ба сифати ниҳолҳо, навъҳои пешниҳодшуда ва имконияти мутобиқшавии онҳо ба шароити иқлимии минтақа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Тибқи иттилои масъулон, дар ярмарка аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ниҳолхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ беш аз 1 миллион бех ниҳолҳои гуногун, аз ҷумла дарахтони мевадиҳанда, сояафкан, ороишӣ, ҳамешасабз ва кӯчатҳои гулу гулбуттаҳо ба фурӯш гузошта шуд. Ин иқдом ба таъмини талаботи аҳолӣ ба ниҳолҳои босифат ва дастрас мусоидат намуда, имконият фароҳам овард, ки харидорон бевосита аз истеҳсолкунандагон ниҳол харидорӣ намоянд.

Яке аз иштирокчиёни фаъоли ярмарка Хоҷагии ниҳолпарварии ба номи Ғайбулло Масаидов буд, ки фаъолияти он дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров солҳои зиёд боз бо натиҷаҳои назаррас арзёбӣ мегардад. Хоҷагии мазкур ҳамчун яке аз марказҳои муҳими ниҳолпарварӣ дар минтақа шинохта шуда, дар самти парвариши ниҳолҳои хушсифати мевадиҳанда ва ороишӣ таҷрибаи ғанӣ дорад.

Дар заминҳои хоҷагӣ навъҳои гуногуни себ, зардолу, шафтолу, нок, олу, гелос, инчунин ангур ва дарахтони сояафкан парвариш карда мешаванд. Ниҳолҳо бо истифода аз усулҳои муосири агротехникӣ ва назорати қатъии фитосанитарӣ омода гардида, ба шароити иқлимии вилояти Суғд мутобиқ карда мешаванд. Ба гуфтаи масъулони хоҷагӣ, сол то сол талабот ба ниҳолҳои истеҳсолнамудаи онҳо меафзояд, зеро сифати баланд, решаи солим ва мутобиқати навъҳо ба талаботи бозор боис гардидааст, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинон бештар ба маҳсулоти ин хоҷагӣ таваҷҷуҳ намоянд.

Ҳар сол садҳо ҳазор бех ниҳол аз ҷониби хоҷагии ниҳолпарварии ба номи Ғайбулло Масаидов ба фурӯш бароварда шуда, барои бунёди боғҳои нав ва навсозии боғҳои куҳна истифода мегардад. Маҳз чунин хоҷагиҳои пешқадам дар рушди соҳаи боғдорӣ ва таъмини устувории истеҳсолот саҳми назаррас доранд.

Дар ҷараёни ярмарка олимон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба боғдорон ва харидорон оид ба қоидаҳои дурусти интихоби ниҳол, тарзи шинондан, нигоҳубин, обёрӣ ва ғизодиҳӣ, инчунин мубориза бар зидди бемориҳо ва ҳашароти зараррасон маслиҳатҳои амалӣ пешниҳод намуданд. Зикр гардид, ки сифати боғи оянда пеш аз ҳама аз сифати ниҳол вобаста буда, интихоби ниҳоли солим, дорои решаи мустаҳкам ва мутобиқ ба иқлими маҳаллӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад.

Раиси вилояти Суғд зимни шиносоӣ бо ярмарка таъкид кард, ки боғпарварӣ яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти аграрӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муассир мебозад. Қайд гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи боғдорӣ ва ниҳолпарварӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, масоҳати боғҳои интенсивӣ ва токзорҳо сол ба сол афзоиш меёбад.

Имрӯз дар шароити рақобати бозор рушди соҳаи боғдорӣ на танҳо барои таъмини бозори дохилӣ бо меваҳои тару тоза, балки барои тақвияти имкониятҳои содиротӣ низ аҳамияти стратегӣ дорад. Меваҳои хушсифати Тоҷикистон, аз ҷумла себу зардолу ва ангур, дар бозорҳои кишварҳои хориҷӣ талаботи зиёд доранд. Аз ин рӯ, интихоби навъҳои серҳосил ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ниҳолпарварон ба шумор меравад.

Дар ярмарка талаботи харидорон бештар ба ниҳолҳои себ, зардолу, анор ва ангур мушоҳида гардид. Ин навъҳо бо дарназардошти шароити иқлимии вилояти Суғд серҳосил буда, ҳам барои истеъмоли дохилӣ ва ҳам барои содирот мусоид мебошанд. Ҳамзамон, ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан барои кабудизоркунии кӯчаву хиёбонҳо, саҳни муассисаҳо ва маҳаллаҳо харидорӣ шуданд.

Баргузории чунин ярмаркаҳо ба рушди ҳамкории байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда мусоидат намуда, заминаи мусоид барои мубодилаи таҷриба ва густариши маъракаи ниҳолшинонӣ фароҳам меорад. Инчунин, чорабинӣ барои боло бурдани сатҳи маърифати аграрии аҳолӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои ободонӣ нақши муҳим бозид.

Бояд таъкид намуд, ки маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар вилояти Суғд ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор мегардад. Ин иқдомҳо ба беҳтар гардидани вазъи экологӣ, зебо шудани муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ мусоидат менамоянд. Ҳамзамон, бунёди боғҳои нав боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши даромади хоҷагиҳои кишоварзӣ мегардад.

Дар маҷмӯъ, ярмарка-фурӯши ниҳолҳо дар шаҳри Хуҷанд бори дигар нишон дод, ки таваҷҷуҳ ба соҳаи боғдорӣ ва ниҳолпарварӣ дар вилояти Суғд рӯ ба афзоиш буда, иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои маҳаллӣ сол ба сол тақвият меёбад. Иштироки фаъоли хоҷагиҳои пешқадам, аз ҷумла хоҷагии ниҳолпарварии ба номи Ғайбулло Масаидов, гувоҳи он аст, ки дар минтақа заминаҳои боэътимоди рушди соҳа фароҳам гардидаанд.

Бо чунин иқдомҳо маъракаи кабудизоркунӣ вусъат ёфта, муҳити зист ободу зебо мегардад ва саҳми соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисоди миллӣ боз ҳам бештар хоҳад шуд. Ярмаркаи баргузоршуда на танҳо як чорабинии фурӯш, балки як минбари муҳими таблиғи фарҳанги боғдорӣ, истифодаи ниҳолҳои босифат ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.

Нодир Турсунзода,

«Ҳақиқати Суғд»