Дар ноҳияи Айнӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 корҳои ободониву созандагӣ, рушди кишоварзӣ ва сайёҳӣ, омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии инфрасохтори аз офати табиӣ зарардида идома дорад. Дар ин бора раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти иҷтимоию иқтисодии ноҳия иттилоъ дод. Дар нишаст роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, намояндагони сохторҳои дахлдор ва рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма иштирок варзиданд.
Гуфта шуд, ки дар солҳои охир дар шаҳру деҳоти ноҳияи Айнӣ корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ вусъати тоза касб намудаанд. Дар доираи корҳои омодагӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бунёд ва навсозии 595 иншооти иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда буд.
- Бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва зарурати фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ дар соли 2026 ба ин нақша боз 130 иншооти дигар илова гардид. Дар ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ бо суръати баланд идома дошта, иҷрои нақшаҳои пешбинишуда дар ин самт ба 115 фоиз расонида шуд, - афзуд раиси ноҳия.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар панҷ соли охир дар ноҳияи Айнӣ 39 корхонаи хурду бузурги саноатӣ, 18 иншооти соҳаи тандурустӣ, 46 иншооти соҳаи маориф, 20 иншооти варзишӣ, 19 иншооти фарҳангиву фароғатӣ, 11 иншооти сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, 125 маркази савдою хизматрасонӣ, инчунин даҳҳо километр роҳҳои нав, кӯпрукҳо, биноҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Дар ҳамин ҳол, яке аз самтҳои муҳими иқтисоди ноҳияи Айнӣ кишоварзӣ мебошад.
"Мисол, дар дараи Аловиддин, ки бо иқлими салқин ва оби фаровони кӯҳӣ барои парвариши картошка мусоид аст, айни замон дар наздики 6 гектар замин кишти ин маҳсулот анҷом дода шудааст. Мувофиқи маълумоти масъулони соҳаи кишоварзӣ, аз ҳар гектар дар ин минтақа ба ҳисоби миёна 400–450 сентнер картошка ба даст оварда мешавад, -гуфтанд масъулони соҳа.
Раиси ноҳия таъкид дошт, ки рушди картошкапарварӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ метавонад дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ саҳми арзанда гузорад.
Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ барои ноҳияи Айнӣ масъалаи бартарафсозии пайомадҳои офати табиӣ дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтуч низ аз масъалаҳои муҳим буд. Корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида дар деҳоти Дарғу Каздон бо ҷалби мақомоти давлатӣ, сохторҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва сокинон идома доранд.
- Дар ин деҳаҳо корҳои барқарорсозии манзилҳои истиқоматӣ, роҳҳои дохилӣ ва соҳили дарё, хатҳои интиқоли неруи барқ, шабакаҳои оби нӯшокӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд. Барои кушодани маҷрои сойҳо ва ба масири муқаррарӣ баргардонидани ҷараёни об техникаҳои пуриқтидор истифода мешаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ низ саҳми соҳибкорон, шахсони саховатманд ва ташкилотҳои хайриявиро дар дастгирии сокинони зарардида муҳим арзёбӣ мекунад, - гуфт раиси ноҳияи Айнӣ.
Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ба масъалаҳои рушди саноату иқтисод, вазъи иҷтимоӣ, маорифу фарҳанг, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини аҳолӣ бо неруи барқ ва оби нӯшиданӣ, ҳолати роҳҳо, фаъолияти соҳаи андоз ва рушди кишоварзӣ саволҳо пешниҳод карда, аз масъулон посухҳои мушаххас гирифтанд.
Файзуллохон ОБИДОВ,
"Ҳақиқати Суғд"





