Соли 2025 дар ноҳияи Ашт 70 гектар саксавулзор бунёд шуд. Дар назар аст, ки то соли 2027 масоҳати умумии саксавулзор ба 350 гектар расонида шавад. Ин тадбир дар доираи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист амалӣ гардида, ҳадафи он коҳиш додани таъсири тӯфонҳои регӣ ва чангу ғубор ба аҳолӣ ва заминҳои кишоварзӣ ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида мебошад.
Тавре дар “Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 таҳти №149 тасдиқ шудааст, таъкид мешавад, айни замон дар кишвар дар масоҳати беш аз 12 ҳазор гектар саксавулзор мавҷуд аст.
Мутахассисони соҳаи ҷангалпарварӣ таъкид мекунанд, ки афзоиши майдони саксавулзор на танҳо ба беҳдошти вазъи экологии минтақаҳо мусоидат мекунад, балки заминҳоро аз шусташавӣ ва биёбоншавӣ ҳифз менамояд. Тавре директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал”-и Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Ҳусейнов дар сӯҳбат бо мо иброз дошт, бунёди майдонҳои саксавулзор яке аз роҳҳои муассири муқовимат бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим мебошад.
-Ин растанӣ барои муътадил гардонидани рег ва пешгирӣ кардани пайдоиши тӯфонҳои регӣ кӯмак мекунад. Ба воситаи решаи тавонояш регзорро мустаҳкам намуда, биёбоншавӣ ва чангу ғуборро коҳиш медиҳад. Саксавул сифати хокро беҳтар карда, бо нигоҳ доштани намӣ имкони рушди дигар растаниҳоро фароҳам месозад. Он экосистемаҳои маҳаллиро муҳофизат ва дастгирӣ менамояд,- гуфт ӯ.
Дар ноҳияи Ашт бунёди саксавулзор махсусан муҳим аст, зеро минтақа ба вазиши чангу ғубор ва тӯфонҳои регӣ бештар осебпазир мебошад. Ин иқдом метавонад ба беҳдошти сифати ҳаво, ҳифзи заминҳои кишоварзӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намояд. Тавре директори Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев”-и ноҳияи Ашт Хайрулло Орипов иттилоъ дод, аз соли 2024 то имрӯз дар масоҳати беш аз 200 гектар саксавул шинонида шудааст. Қарор аст, ки то соли 2027 масоҳати умумии кишти саксавул ба 350 гектар расонида шавад.
Ба гуфтаи ӯ, нашъунамои саксавулҳо дар ҳолати хуб қарор дошта, барои обёрии онҳо чоҳи амудӣ кофта шудааст. Саксавулҳои дар соли аввал шинонидашуда аллакай ба синни дусолагӣ расида, ба шароити иқлимии минтақа хуб мутобиқ шудаанд ва сабзиши устувор доранд.
-Бунёди саксавулзор дар ноҳияи Ашт намунаи равшани ҳамгироии сиёсати экологӣ ва рушди устувор мебошад. Ин иқдом на танҳо муҳити зистро ҳифз мекунад, балки барои таъмини амнияти экологии наслҳои оянда заминаи устувор мегузорад,-қайд кард ӯ.
Саксавул растании хоси биёбон буда, ба хушксолии шадид, гармии тоқатфарсо ва шӯразамин тобовар аст. Баландии он ба 5-8 метр расида, диаметри танааш то 1 метр мешавад. Ин дарахт дорои тоҷи васеи сабз буда, аз дур ҳам намоён мегардад. Дар шароити табиӣ саксавул 35-40 сол, аммо дар муҳити мусоид то 100 сол умр мебинад. Айни замон дар ҷаҳон 11 намуди саксавул мавҷуд мебошад.
Саксавул барои аҳолии маҳаллӣ аҳамияти иқтисодӣ низ дорад. Барг ва шохаҳои он ҳамчун манбаи хӯрок барои чорво истифода мешаванд. Ҳамчунин, чӯби саксавул дар саноати чӯбу тахта, инчунин ҳамчун сӯзишворӣ барои гармкунӣ ва пухтупаз ба кор меравад.
Имрӯз дар кишварҳое чун Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Муғулистон, Чин, Эрон, Афғонистон, Покистон, Арабистони Саудӣ ва АМА бузургтарин саксавулзорҳо мавҷуд аст. Танҳо дар баҳри Арал масоҳати он ба беш аз 2 миллион гектар мерасад.
Амони МУҲАММАД,
“Ҳақиқати Суғд”




