Ҳар дафъае, ки аз баландии роҳи мошингарди Душанбе–Хуҷанд тамошо мекунам, пеш аз ҳама табиати нотакрор, кӯҳҳои сарбаланд, водиҳои сабз, заминҳои кишт ва деҳаҳои ободу хуррами пеши назар мерасанд. Аммо симои имрӯзаи ноҳия танҳо бо манзараҳои зебои табиат маҳдуд намешавад. Дар пасманзари ин ҳама зебоӣ, чеҳраи дигаре низ ҳаст — чеҳраи як ноҳияи ҷавон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ тадриҷан шакл гирифта, инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии худро бунёд кардааст.
Ин ҳақиқатро сафари рӯзноманигорони вилоят ба ноҳияи Шаҳристон бори дигар собит намуд. Ин дафъа низ ҳадафи сафар шиносоӣ бо раванди корҳои созандагиву ободонӣ, дастовардҳои соҳаҳои гуногун ва инъикоси зиндагии мардуми меҳнатқарини ноҳия дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Дар ин сафар ҳар як иншооти нав, ҳар як муассисаи таълимӣ, қитъаи замини кишт ва ҳар як дастоварди сокинон ба як воқеияти муштарак ишора мекард: Истиқлол барои Шаҳристон танҳо як санаи тақвимӣ нест, балки давраи бунёд, навсозӣ ва ташаккули симои нави ноҳия мебошад.
Яке аз мавзеъҳое, ки корвони рӯзноманигорон аз он боздид намуд, Муассисаи таҳсилоти томактабии «Шукуфаҳои Истиқлол» дар деҳаи Шаҳристони ноҳия буд.
Ин муассисаи хуштарҳу замонавӣ 7-уми июли соли 2026 зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Муассисаи мазкур барои қабули 240 кӯдак пешбинӣ гардида, дар он барои таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ шароити муносиб фароҳам оварда шудааст. Дар ду иншооти нави соҳаи маориф, ки ҳамон рӯз дар ноҳия ба истифода дода шуданд, дар маҷмӯъ беш аз 80 нафар, аз ҷумла омӯзгорону парасторон, ба фаъолият оғоз намуданд.
Мудири муассиса Холида Зокирова зимни шиносоӣ бо рӯзноманигорон таъкид намуд, ки дар «Шукуфаҳои Истиқлол» барои кӯдакон на танҳо шароити таълиму тарбия, балки муҳити муносиб барои инкишофи қобилияту истеъдод, одатҳои хуби иҷтимоӣ ва омодагӣ ба зинаи минбаъдаи таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Номи муассиса низ рамзист. «Шукуфаҳои Истиқлол» — гӯё як ишораи рамзӣ ба насли навест, ки дар фазои сулҳу субот ба воя мерасад. Агар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои кишвар давраи ҳифзи давлатдорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва бартараф намудани мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ бошад, имрӯз вазифаи асосӣ фароҳам овардани шароити ҳарчи беҳтар барои зиндагӣ ва рушди насли оянда мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сулҳу суботи комил барои фароҳам овардани шароити беҳтари таҳсил ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи кӯдакон ва ҷавонон имкониятҳои васеъ ба вуҷуд омадааст.
Алҳол дар маҷмуъ дар ноҳияи Шаҳристон 25 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, як муассисаи таълимии давлатии гимназия, ду муассисаи давлатии таълимии томактабӣ ва як муассисаи таҳсилоти иловагӣ фаъолият мекунанд. Дар онҳо 11 ҳазору 604 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 908 омӯзгор фаъолият дошта, 738 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Дар ду муассисаи томактабӣ 355 кӯдак дар 18 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Илова бар ин, дар назди 22 муассисаи таълимӣ 1127 кӯдаки синни 5–6-сола ба марказҳои инкишофи кӯдак ҷалб шудаанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ин рақамҳо танҳо омори соҳаи маориф нестанд. Дар паси ҳар як рақам сарнавишти кӯдак, фаъолияти як омӯзгор, орзуи як падару модар ва ояндаи як оила меистад.
Аз ҳамин нуқтаи назар, бунёди кӯдакистонҳои наву замонавӣ дар ноҳия аҳамияти бештар пайдо мекунад. Зеро рушди воқеии ҷомеа аз сохтмони биноҳо оғоз намешавад, балки аз сармоягузорӣ баҳри рушди инсон оғоз мегирад.
Соли равон, аниқтараш 7 июл дар таърихи ноҳияи Шаҳристон боз як саҳифаи муҳими рушди худро сабт намуд. Дар ҷараёни сафари кории Пешвои миллат ба ноҳия якбора чандин иншооти дорои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла бинои хуштарҳу замони бахши ҳифзи муҳити зист, бинои суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба истифода дода шуд.
Яъне, имрӯз дар Шаҳристон мафҳуми «ободонӣ» танҳо ба сохтмони биноҳои маъмурӣ ё роҳу иншоот маҳдуд намешавад. Ободонӣ дар ин ҷо бо маориф, тандурустӣ, ҷойи кор, ҳифзи муҳити зист, истеҳсолот ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ пайваст гардидааст.
Ин равандро метавон яке аз хусусиятҳои муҳими рушди ноҳия дар марҳилаи нав арзёбӣ кард.
Меҳнати деҳқон — кафили фаровонӣ
Ноҳияи Шаҳристон яке аз минтақаҳои асосан кишоварзии вилоят ба шумор рафта, мардуми он аз замонҳои қадим ба заминдориву боғдорӣ ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ машғуланд. Имрӯз низ соҳаи кишоварзӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия нақши муҳим дошта, бо истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда сол ба сол заминҳои нави кишт ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешаванд.
Ба гуфтаи раиси ноҳияи Шаҳристон Раббим Ғафурзода, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда майдони заминҳои кишт пайваста васеъ гардида истодааст.
—Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби заминҳои лалмӣ, заминҳои бекорхобида ва талу теппаҳо заминҳои кишт, алалхусус барои картошка, ки ба иқлиму замини ин минтақа мутобиқу мувофиқ аст, зиёд карда мешавад. Бо ин заҳмату амалҳои худ мо шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро бо сабзавоту меваҳои тару тоза таъмин менамоем», — мегӯяд раиси ноҳия.
Воқеан, иқлими мусоиди Шаҳристон ва таҷрибаи чандинсолаи кишоварзони он барои рушди картошкапарварӣ заминаи муносиб фароҳам овардааст. Ҳамзамон, зиёд намудани майдони кишт аз ҳисоби заминҳои қаблан истифоданашуда имконият медиҳад, ки иқтидори истеҳсолии ноҳия боз ҳам афзоиш ёбад, — афзуд мавсуф.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки имрӯз дар натиҷаи татбиқи сиёсати давлатии заминдорӣ деҳқон имконияти бештар барои истифодаи самараноки замин пайдо кардааст.
—Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат имрӯз деҳқон худ соҳиби замин гардида, ҳар кас майдони кишт дорад, боғҳои худро доранд. Онҳо бо заҳмату меҳнати худ ва самаранок истифода бурдани замин барои таъмини амнияти озуқавории кишвар ва фаровонии дастархони мардум мусоидат менамоянд, — иброз дошт раиси ноҳия.
Натиҷаи чунин меҳнат, пеш аз ҳама, дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ зоҳир мегардад. Ба гуфтаи роҳбарияти ноҳия, таваҷҷуҳ ба истифодаи самараноки замин ва рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ба беҳтар шудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ низ мусоидат кардааст.
—Ҷоиз ба зикр аст, ки дар рӯйхати ноҳия алҳол шахсони камбизоат ба қайд гирифта нашудаанд, — гуфт Раббим Ғафурзода.
Бо ҳидояту супоришҳои роҳбарияти олии кишвар ва вилояти Суғд дар самти афзоиши истеҳсоли картошка низ тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд. Агар соли гузашта майдони кишти картошка дар ноҳия 1900 гектарро ташкил дода бошад, имсол ин нишондиҳанда аз ҳисоби азхуд намудани заминҳои чарогоҳӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани қитъаҳои нав 500–600 гектар зиёд гардида, ба 2500 гектар расонида шудааст.
Ғайр аз ин, дар заминҳои ёрирасон ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ низ аҳолӣ ба картошкапарварӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, наздик 700 гектар картошка кишт намудаст. Ин нишон медиҳад, ки картошка натанҳо барои хоҷагиҳои кишоварзӣ, балки барои хоҷагиҳои аҳолӣ низ яке аз зироатҳои сердаромад ва муҳим ба ҳисоб меравад.
Соли гузашта картошкапарварони ноҳия аз майдонҳои кишт 62 ҳазор тонна ҳосили аълосифат ба даст оварданд. Имсол бошад, бо дарназардошти зиёд шудани майдони кишт ва истифодаи тухмиҳои мутобиқ ба шароити маҳаллӣ, ҷамъоварии наздики 100 ҳазор тонна картошка дар назар дошта шудааст.
Ба иттилои раиси ноҳия, имсол кишоварзон бештар аз тухмии навъи «Азизӣ», ки аз деҳаи Овчии ноҳияи Деваштич дастрас гардидааст, истифода намудаанд. Ин тадбир метавонад дар баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо картошкаи хушсифат нақши муҳим гузорад.
Ҳамин тавр, дар Шаҳристон замин танҳо манбаи истеҳсолот нест, балки сарчашмаи рӯзгори мардум ва омили муҳими рушди иқтисодии ноҳия ба ҳисоб меравад. Азхудкунии заминҳои нав, зиёд намудани майдони кишт, рушди картошкапарварӣ ва истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин қадамҳои мушаххас дар роҳи таъмини фаровонии бозори дохилӣ ва таҳкими амнияти озуқавории кишвар мебошанд. Меҳнати шабонарӯзии деҳқонони Шаҳристон имрӯз ба ҳосили фаровон табдил ёфта, номи ин ноҳияи кӯҳистонро ҳамчун яке аз минтақаҳои муҳими кишоварзии кишвар боз ҳам баланд мебардорад.
35 соли Истиқлол — 35 соли бунёд
Сафари рӯзноманигорони вилоят ба Шаҳристон дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки ин равандҳо натанҳо аз рӯйи рақамҳо, балки аз наздик эҳсос карда шаванд.
Аз як кӯдакистони навбунёд то саҳрои картошка, аз маркази саломатӣ то коргоҳи истеҳсолӣ, аз боғҳои нав то лоиҳаи сайёҳӣ — ҳамаи ин ҳалқаҳои як занҷири бузурганд, ки номи он рушди устувори ноҳия дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Агар ба роҳи тайкардаи Шаҳристон назар кунем, маълум мегардад, ки 35 соли Истиқлол барои ноҳия солҳои ташаккул, бунёд ва навсозии инфрасохтор буданд. Имрӯз бошад, масъала танҳо сохтани иншоот нест. Масъала истифодаи самараноки онҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, рушди истеҳсолот, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва омода кардани заминаи рушди минбаъда мебошад.
Дар ин марҳила нақши мардуми меҳнатдӯсту созандаи Шаҳристон низ муҳим аст. Зеро ҳар як барномаи давлатӣ, ҳар як иншооти нав ва ҳар як имконияти иқтисодӣ танҳо дар сурате ба натиҷаи воқеӣ табдил меёбад, ки мардум онро бо меҳнати худ идома диҳанд.
Ҳамаи ин як маъно дорад: Истиқлол вақте арзиши воқеии худро нишон медиҳад, ки самараи он дар зиндагии ҳар як инсон эҳсос шавад.
Ва Шаҳристон имрӯз бо чеҳраи нав, бо дастони меҳнатқарини мардум ва бо нақшаҳои созанда ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қадам гузоштааст.
Ҷашне, ки натанҳо санаи таърихӣ, балки фурсатест барои ба гузашта назар кардан, имрӯзро арзёбӣ намудан ва бо масъулияти бештар ба фардо нигаристан.
Шаҳристон низ маҳз ҳамин чеҳраи Истиқлолро ба мо нишон медиҳад. Дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ нишон медиҳанд, ки ноҳия дорои заминаи устувор, захираҳои табиӣ, неруи инсонӣ ва имкониятҳои воқеии рушди минбаъда мебошад.
Маъмурахон САМАДОВА
“Ҳақиқати Суғд”





