-Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 272 миллиону 178,2 ҳазор расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54 миллиону 306,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад,-гуфт Муқим Муродзода, раиси ноҳияи Зафаробод, зимни нишасти хабарӣ. Ҳамзамон, таъкид кард, ки вазъи обрасонӣ низ беҳтар шуда, пойгоҳҳои обкашӣ пурра аз таъмир бароварда шуданд.
Дар ин давра, дар майдони 28 ҳазору 800,4 гектар, аз он ҷумла, дар 10 ҳазору 80,3 гектар зироати хӯроки чорво, дар 10 ҳазору 70,9 гектар навъҳои гуногуни пахта, дар 7 ҳазору 134,3 гектар зироати ғалладонагӣ, дар 810,4 гектар полезӣ, дар 374,4 гектар зироати техникӣ, дар 254,2 гектар сабзавот ва дар 70 гектар картошка кишт карда шуд.
-Соҳаи чорводорӣ низ яке аз соҳаҳои асосӣ дар ноҳияи Зафаробод ба ҳисоб рафта, дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 46 ҳазору 545 сар моли калони шохдор, 100 ҳазору 768 сар моли майда, 59 ҳазору 516 сар паранда, 1833 оилаи занбӯри асал ва 174 сар асп ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамаи давраи соли гузашта зиёд аст,-гуфт ӯ.
Истеҳсоли маҳсулоти чорво низ тадриҷан рушд намуда, дар ин давра 1470,8 тонна гӯшт, аз он ҷумла, 374,9 тонна гӯшти паранда, 10 ҳазору 551,2 тонна шир ва 2 миллиону 193,2 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст.
Дар қисмати саволу ҷавоб, ба суоли хабарнигори рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” дар мавриди фермаҳои чорвопарварӣ иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ноҳия 2 фермаи парвариши моли калони шохдор ва 1 фермаи парвариши моли майдаи шохдор фаъолият мекунад, ки маҳсулоти гӯштӣ ва ширии онҳо ба шаҳру ноҳияҳо фиристода мешавад Ҳамзамон, 6 фермаи парандапарварӣ амал мекунад, ки 4 адади он ба истеҳсоли тухм ва 2 ададаш ба истеҳсоли гӯшти мурғ равона шудааст.
-Айни замон дар ноҳияи Зафаробод 6626 субъекти хоҷагидор ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 6233 соҳибкори инфиродӣ мебошад. Дар ноҳия барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ ва ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст,-дар фароварди нишасти матбуотӣ таъкид кард Муқим Муродзода.
Амони МУҲАММАД,
“Ҳақиқати Суғд”





