Бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ яке аз ҳадафҳои асосии “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029” мебошад, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли 2024, таҳти рақами 521 қабул гардида, дар марҳалаи амалишавӣ қарор дорад.
Тибқи ин барнома, ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ афзалият дода мешавад, зеро онҳо барои гузаронидани корҳои агротехникӣ ва ҷамъоварии ҳосил мувофиқ мебошанд. Ҳамзамон, ҷамъоварии ҳосили онҳо нисбатан осон, сифати меваашон баланд ва ба талаботи бозори байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Дар як гектар боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ аз 1,5 то 3,5 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад, ки ҳосилнокии он аз 300 то 700 сентнерро ташкил медиҳад. Ин 8-10 маротиба бештар нисбат ба боғҳои анъанавӣ мебошад. Истифодаи усули обёрии қатрагӣ имкон медиҳад, ки оби полезӣ оқилона истифода шуда, ҳолати замин беҳтар гардад.
Яке аз роҳҳои зиёд кардани бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, ин бо роҳи қаламча тайёр кардани ниҳоли онҳо мебошанд. Тавре мутахассисони соҳа иброз медоранд, ин имкон медиҳад, ки навъҳои нави дарахтони мевадиҳанда ба вуҷуд оварда шавад. Ҳамчунин, онҳо ба шароити иқлим мутобиқ карда шаванд.
-Имрӯз дар шуъбаи технологияи инноватсионии ниҳолпарварӣ ва боғдории интенсивии филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, тарзи тайёр кардани қаламчаи ниҳолҳо барои бунёди боғҳои интенсивӣ рафта истодааст. Хусусияти ниҳолҳои бо роҳи қаламча ба вуҷуд оварда шуда дар он аст, ки решаи онҳо патакреша буда, шоху навдаи хурд доранд ва нисбатан қадпаст мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо аз ниҳолҳои боғҳои анъанавӣ, ки бо роҳи донак ба вуҷуд оварда шуда, тирреша мебошанд ва шоху навдаи зиёд меронанд, фарқ мекунанд,-гуфт Мавлуда Эргашзода, номзади илмҳои кишоварзӣ.
Тавре зикр гардид, қаламчаи ниҳолҳои интенсивӣ бо андозаҳои гуногун омода карда мешавад. Масалан, бо дарозии 20, 25, 30 см қаламчаро бурида, вобаста ба диаметрашон ба навъҳо ҷудо мекунанд. Пас аз бандубаст, онҳоро ба муддати як шабонарӯз дар маҳлули “Карнавин” тар карда мемонанд, ки он барои решаронии қаламча мусоидат мекунад. Пас аз ин, қаламчаҳоро баръакси муғчарониашон зери рег мекунанд, то намии худро нигоҳ доранд. Охири моҳи феврал онҳоро гирифта, дар майдони қаблан омодашуда мешинонанд.
-Чун бештар ба самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ таваҷҷуҳ мекунем, мо меомӯзем, ки кадом қаламчаҳо хубтар рушду инкишоф меёбанд: қаламчаҳои борик ва ё ғафс, дарозиашон бештар ва ё камтар. Яъне, ин ба мо имкон медиҳад, ки дар оянда қаламчаҳои самарабахш омода карда, аз онҳо ниҳолҳои серҳосил ва дарозумр ба вуҷуд орем,-гуфт ӯ.
Тавре қайд гардид, имрӯз ниҳолҳои боғҳои интенсивӣ бештар аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркия бо арзиши беш аз 40-50 сомонӣ ворид мешавад. Чун онҳо ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ нестанд, эҳтимоли нашъунамояшон хеле кам аст. Баръакси ин, ниҳолҳои боғҳои интенсивие, ки дар дохили кишвар омода карда мешаванд, ҳамагӣ 20-25 сомонӣ арзиш дошта, ба обу хоки маҳал мутобиқ мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки фоизи зиёди ниҳолҳо хуб инкишоф ёфта, онҳо барвақт ба ҳосилдиҳӣ оғоз кунанд.
Амони МУҲАММАД,
“Ҳақиқати Суғд”




