Дар шароити ҷаҳони муосир, ки масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатҳо табдил ёфтааст, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин аҳамияти ҳаётан муҳим касб мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар доираи сиёсати созандаву ободкоронаи худ ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Маҳз ҳамин сиёсати дурандешона имкон фароҳам овардааст, ки дар гӯшаҳои гуногуни кишвар корҳои ободонӣ ва рушди инфрасохтори деҳот бо маром идома ёбанд.
Яке аз намунаҳои барҷастаи чунин ташаббусҳо дар деҳаи Падаски ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ амалӣ гардида истодааст. Дар ин минтақа, ки дорои имкониятҳои фаровони табиӣ мебошад, иқдоми муҳиме роҳандозӣ шудааст, ки ҳадафи асосии он ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 600 гектар замини бекорхобида мебошад. Ин заминҳо, ки солҳои тӯлонӣ беистифода монда буданд, имрӯз бо саъю талоши якҷояи давлат ва сокинон тадриҷан ба заминҳои ҳосилхез табдил меёбанд.
Тавре маълум аст, истифодаи самараноки замин пеш аз ҳама ба дастрасӣ ба об вобаста мебошад. Бо дарназардошти ин омил, дар доираи лоиҳаи мазкур масъалаи таъмини заминҳо бо оби полезӣ дар мадди аввал қарор дорад. Мақомоти масъул ва мутахассисони соҳа бо ҷалби техникаи муосир ва таҷрибаи пешқадам корҳои васеъмиқёсро роҳандозӣ намудаанд. Ин иқдом натанҳо заминаи устувор барои рушди кишоварзӣ мегузорад, балки ба беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ низ мусоидат мекунад.
Дар раванди амалисозии лоиҳа бунёди инфрасохтори зарурӣ аҳамияти калидӣ дорад. То имрӯз зиёда аз 12 километр роҳ сохта шудааст, ки он рафтуомади сокинон ва мутахассисонро ба минтақа осон мегардонад. Илова бар ин, корҳои ҳамворсозӣ, васеъкунӣ ва мустаҳкамсозии қитъаҳои боқимонда идома дошта, имконият фароҳам меорад, ки техникаи кишоварзӣ ва нақлиёт бидуни монеа фаъолият намоянд. Ин роҳҳо ҳамзамон барои интиқоли маводи сохтмонӣ ва таҷҳизоти зарурӣ нақши муҳим мебозанд.
Яке аз ҷузъҳои муҳими лоиҳа насбу васли лӯлаҳои обгузар мебошад. Лӯлаҳои обгузар, аллакай, ба минтақа ворид гардида, корҳои насб бо суръати баланд идома доранд. Мутахассисони соҳибтаҷриба бо истифода аз техникаи муосир ин равандро марҳила ба марҳила амалӣ менамоянд. Бо ба анҷом расидани пурраи ин корҳо, масъалаи обёрии заминҳо пурра ҳал гардида, шароити мусоид барои кишти зироатҳои гуногун фароҳам оварда мешавад.
Бояд қайд кард, ки татбиқи ин лоиҳаи муҳим бо дастгирии молиявии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сурат мегирад. Ҳамзамон, саҳми сокинони маҳаллӣ дар пешбурди корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ назаррас мебошад. Маҳз ҳамкории зичи байни сохторҳои давлатӣ ва аҳолӣ ба татбиқи муваффақонаи чунин иқдомҳо замина мегузорад.
Тибқи нақша, пас аз ба истифода додани пурраи лоиҳа, дар заминҳои навбунёд асосан кишти картошка ба роҳ монда мешавад. Ин тасмим бесабаб нест, зеро картошка яке аз маҳсулоти серистеъмол ба ҳисоб рафта, талаботи бозор ба он ҳамеша баланд аст. Истеҳсоли фаровони ин маҳсулот натанҳо бозори дохилиро ғанӣ мегардонад, балки метавонад барои содирот низ замина фароҳам оварад.
Илова бар ин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани чунин масоҳати калони замин имконият медиҳад, ки ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақа ба таври назаррас афзоиш ёбад. Ин, дар навбати худ, ба коҳиши вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти ғизоӣ мусоидат намуда, устувории иқтисодиёти кишварро тақвият мебахшад.
Ҷанбаи муҳими дигари лоиҳа таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад. Бо оғоз ва густариши фаъолияти кишоварзӣ дар ин заминҳо, сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд. Ин раванд ба баланд шудани сатҳи даромади аҳолӣ ва беҳтар гардидани шароити иҷтимоии онҳо мусоидат мекунад. Ҳамзамон, муҳоҷирати меҳнатӣ коҳиш ёфта, нерӯи корӣ дар дохили кишвар самаранок истифода бурда мешавад.
Дар маҷмӯъ, таҷрибаи деҳаи Падаски ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нишон медиҳад, ки бо иродаи қавӣ ва истифодаи дурусти имкониятҳои мавҷуда метавон ҳатто заминҳои солҳо бекорхобидаро ба манбаи баракат табдил дод. Ин иқдом на танҳо барои рушди кишоварзӣ, балки барои таҳкими пояҳои иқтисодии деҳот ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аҳамияти бузург дорад.
Имрӯз заминҳое, ки дирӯз беистифода буданд, тадриҷан ба саҳроҳои сабзу хуррам табдил ёфта, умеди фардои некро дар қалби сокинон бедор месозанд. Ин раванд гувоҳи он аст, ки сиёсати давлатӣ дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва рушди устувори кишвар самараи дилхоҳ ба бор меорад.
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»




