Маҳз бо дарназардошти яке аз самтҳои муҳим будани ҳавасмандгардонии фаъолияти самараноки хоҷагиҳои пахтакор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи пахтакорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои беҳтар намудани вазъи иқтисодии хоҷагиҳо, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири истеҳсолот ва тавсеаи коркарди саноатии пахта тадбирҳои зарурӣ меандешад. Қабули Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 1 июли соли 2026, №442 тасдиқ гардидааст, аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими давлатӣ дар ин самт мебошад. Барнома ба рушди устувори соҳа, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, истеҳсоли ашёи хом барои саноати сабуку хӯрокворӣ ва афзоиши иқтидори содиротии кишвар нигаронида шудааст.
Дар ин замина, рафти маъракаи ҷамъоварии пахта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нишон медиҳад, ки сарфи назар аз мушкилоти мавсимӣ, деҳқонон, чинакчиён ва мутахассисони соҳа барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил ва афзун гардондани саҳми кишоварзӣ дар рушди иқтисоди минтақа саъю талош доранд.
Дар чунин шароит, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти хоҷагиҳои пахтакор на танҳо иҷрои дурнамои истеҳсолӣ, балки баланд бардоштани ҳосилнокии ҳар гектар, кам кардани хароҷоти истеҳсолот ва таъмини даромаднокии устувори хоҷагидорӣ мебошад. Зеро самаранокии соҳа дар ниҳоят аз он вобаста аст, ки меҳнати деҳқон чӣ гуна натиҷаи иқтисодӣ медиҳад ва имкониятҳои мавҷуда то кадом андоза оқилона истифода мешаванд.
Намунаи равшани ин заҳматҳоро дар Ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод мушоҳида кардан мумкин аст. Дар ин маҳал зиёда аз 600 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, пахтакорӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти кишоварзон маҳсуб меёбад. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, имсол дар назди хоҷагидорони шаҳрак ҷамъоварии 6254 тонна пахта вазифагузорӣ шудааст. То 23-юми октябр дар хоҷагиҳои кишоварзӣ беш аз 3000 тонна пахта ҷамъоварӣ гардида, ба нуқтаҳои қабул супурда шудааст.
Дар ин раванд, хоҷагиҳои пешсаф бо нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва ташкили дурусти кор намунаи ибрат мебошанд. Аз ҷумла, Хоҷагии деҳқонии «Бобо Ибод» таҳти роҳбарии Иброҳимова Гулбаҳор дар масоҳати чор гектар пахта кишт намуда, ҳанӯз аз чиниши якум дурнамои истеҳсолии худро пурра иҷро кардааст. Ҳосили ҷамъоваришудаи хоҷагӣ ба 16 тонна расида, ҳосилнокии миёнаи он 40 сентнер аз ҳар гектарро ташкил медиҳад.
— Яке аз омилҳои ба даст омадани ин натиҷа интихоби навъи тухмии ватанӣ «Тезпур» мебошад. Албатта, ҳосилнокӣ танҳо аз навъи тухмӣ вобаста нест; сифати обёрӣ, сари вақт гузаронидани коркарди байни қаторҳо, ғизодиҳии растанӣ, ҳифзи он аз зараррасонҳо ва риояи муҳлати агротехникӣ низ аҳаммияти калон доранд, — мегӯяд сарвари хоҷагӣ.
Бо вуҷуди иҷрои дурнамо, роҳбарияти хоҷагӣ барои боз ҳам афзун намудани ҳосил саъй дорад. Ният аст, ки нишондиҳандаи ҳосилнокӣ аз 40 ба 50 сентнер аз ҳар гектар расонида шуда, боз чор тонна пахтаи дигар ба хирмани умумӣ зам карда шавад. Ин иқдом нишон медиҳад, ки ҳосилнокии баланд бояд на нуқтаи анҷоми кор, балки заминаи ҷустуҷӯи имкониятҳои нав барои рушди истеҳсолот бошад.
Дар муваффақияти хоҷагӣ саҳми чинакчиён ва дигар аъзои оила назаррас аст. Тавре роҳбари хоҷагӣ иброз дошт, ӯ бо аҳли оила ва хешовандон ҳамарӯза дар ҷамъоварии ҳосил иштирок намуда, дар маҷмӯъ аз 120 то 150 килограмм пахта мечинанд. Ҳамзамон, фаъолияти мироб ва механизатор Ҳасан Иброҳимов дар таъмини саривақтии корҳои саҳроӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Чунин ҳамкории аъзои оила, кормандони хоҷагӣ ва мутахассисони соҳа барои истифодаи самараноки вақти корӣ ва кам кардани талафоти ҳосил мусоидат менамояд.
Хоҷагии деҳқонии «Қорасақол-бобо» бо роҳбарии Ҷумъабой Раҷабов низ аз ҷумлаи хоҷагиҳои фаъол ба ҳисоб меравад. Аз майдони нӯҳгектараи пахтазори он то санаи зикршуда 30 тонна пахта ҷамъоварӣ ва супурда шудааст. Дар ин кор саҳми чинакчиёни моҳир, аз ҷумла Гулҳаё Раҷабова ва Нуринисо Эргашева назаррас мебошад. Онҳо дар баробари дигар чинакчиёни собиқадор ҳар рӯз бо истифода аз таҷрибаи худ то 150 килограмм пахта мечинанд. Фаъолияти мироб Шукрулло Эргашев ва механизатор Даврон Раҷабов низ барои ба роҳ мондани корҳои зарурии саҳроӣ мусоидат мекунад.
Дар Хоҷагии деҳқонии «Умари-мулло», ки роҳбариашро Муртазо Умаров ба зимма дорад, дар майдони қариб ҳашт гектар пахта кишт гардида, то 23-юми октябр 22 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст. Кишоварзон ният доранд, ки зиёда аз чор тоннаи дигар пахта супурда, саҳми худро дар иҷрои дурнамои умумӣ афзун намоянд. Дар ин хоҷагӣ низ меҳнати чинакчиёни пешсаф, аз ҷумла Махфират Умарова ва Гулафзо Умарова қобили зикр аст.
Инчунин, чинакчиёни Хоҷагии деҳқонии «Бахт» таҳти роҳбарии Абдусамад Примов дар масоҳати 24 гектар пахта кишт намуда, то санаи болозикр 50 тонна ҳосилро ба хирман супурдаанд. Ҷамъоварии ҳосил идома дошта, дар ин раванд ёрии ҳашарчиён аз ноҳияи Деваштич низ истифода мешавад.
Чинакчиён аз оилаи Примовҳо, аз ҷумла Гулбаҳор ва Шоира ҳамарӯза ба саҳро баромада, то 150 килограмм пахта ҷамъ меоранд. Ин мисол бозгӯи он аст, ки ҳамкории хоҷагиҳо, истифодаи қувваи кории мавсимӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил аҳаммияти калон дорад.
Боиси қайд аст, ки пахтаи ҷамъоваришудаи хоҷагиҳои шаҳрак асосан ба корхонаи пахтақабулкунии ҶДММ «Кони ганҷ» супурда мешавад. Мавҷудияти нуқтаҳои қабул ва корхонаҳои коркард барои таъмини саривақтии қабули маҳсулот, кам кардани хароҷоти интиқол ва ба гардиши иқтисодӣ ворид намудани ашёи хом муҳим аст.
Дар Тоҷикистон низ рушди занҷираи пурраи истеҳсолот - аз парвариши пахта то истеҳсоли нах, ришта, матоъ ва маҳсулоти тайёр - имконияти муҳими саноатикунонии иқтисодиёт мебошад. Албатта, барои амалӣ намудани ин ҳадаф сармоягузорӣ, таҷҳизоти муосир, таъминоти устувори ашёи хом, мутахассисони соҳибкасб ва бозори рақобатпазир зарур аст.
Қабули Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030 ҷиҳати татбиқи чунин тадбирҳо заминаи муҳим фароҳам меорад. Ҳадафи асосӣ бояд ба роҳ мондани истеҳсолоти устувор, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва беҳтар намудани вазъи иқтисодии истеҳсолкунандагон бошад. Дар ин раванд, ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои молиявӣ, корхонаҳои коркард ва хоҷагиҳои деҳқонӣ зарур аст.
Дар баробари дастгирии давлатӣ, масъулияти худи хоҷагидорон низ муҳим мебошад. Истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ, пешгирии талафоти ҳосил, истифодаи оқилонаи обу нуриҳо, ҷорӣ намудани ҳисобу китоби дақиқи хароҷот ва интихоби дурусти навъҳои тухмӣ барои баланд бардоштани даромаднокии пахтакорӣ мусоидат мекунанд. Ҳамчунин, ташкили дурусти меҳнат, пардохти саривақтии музди чинакчиён ва таъмини шароити муносиби корӣ бояд ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти ҳар як хоҷагӣ бошад.
Дар маъракаи имсола саҳми чинакчиён махсусан назаррас аст. Онҳо бо меҳнату заҳмати пайваста ҳосилеро, ки дар тӯли чанд моҳ бо истифода аз захираҳои табиӣ ва меҳнати кишоварзон парвариш ёфтааст, ҷамъоварӣ менамоянд. Маҳз фаъолияти онҳо имкон медиҳад, ки пахта то фарорасии мавсими боришот сари вақт ҷамъоварӣ шуда, талафоти ҳосил кам шавад. Аз ин рӯ, қадршиносии меҳнати чинакчиён, таъмини музди муносиб ва фароҳам овардани шароити зарурӣ на танҳо масъалаи иҷтимоӣ, балки омили муҳими самаранокии иқтисодии соҳа мебошад.
Дар маҷмуъ мувофиқи маълумоти фаврӣ, то санаи 27-уми октябри соли равон дар вилоят аз 119 ҳазор тонна пахтаи пешбинишуда ҳамагӣ 72 ҳазору 164,2 тонна пахта ҷамъоварӣ гардида, иҷрои нақшаи ҷамъоварӣ ба 60,6 фоиз баробар шудааст.
Аз рӯи нишондиҳандаи иҷрои нақша, ноҳияи Спитамен бо 88,3 фоиз ва ноҳияи Ҷаббор Расулов бо 80,6 фоиз пешсаф мебошанд.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”





