- Информация о материале
- Просмотров: 228
Наврасону ҷавонони ихтироъкори вилояти Суғд дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" бо лоиҳаҳои наву ҷолиб ширкат варзиданд. Он дар Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир шуда, 1431 хонанда, донишҷӯ ва намояндаи дигар касбу кори гуногунро бо ғояҳои наву тоза ба ҳам овард. Иштирокдорон аз рӯйи номинатсияҳои математика, химия ва биология, география, физика, астрономия, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ байни ҳам рақобат мекунанд.
Дар маросими ифтитоҳӣ таъкид гардид, ки Озмуни «Илм - фурӯғи маърифат» бо ҳадафи дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, баланд бардоштани шавқу рағбати наврасону ҷавонон ба илм, рушди тафаккури илмӣ ва эҷодӣ, инчунин тарғиби ихтироъкориву навоварӣ баргузор мешавад.
- Информация о материале
- Просмотров: 381
Омӯзиш ва таҳқиқи равандҳои гуногуни ташаккул ва таҳаввули шеъри муосири тоҷик аз масъалаҳои мураккабу бисёрҷанба мебошад. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи адабиёти миллӣ, бахусус шеър заминаи тозаеро фароҳам овард. Дар ин марҳалаи таърихӣ адабиёт аз ҷиҳати мавзӯъ, ҷаҳонбинӣ, воситаҳои ифода ва ҷустуҷӯҳои ҳунарӣ таҷрибаҳои навро касб намуд.
Мусаллам аст, ки решаҳои ин таҳаввулро дар равандҳои адабии нимаи дуюми асри ХХ бояд ҷустуҷӯ кард. Дар солҳои 1960 - 1970 шеъри тоҷикӣ тадриҷан аз қолабҳои маъмул берун омада, ба таҷдиди воситаҳои тасвир ва имкониятҳои баёни шоирона рӯ овард. Ба ин раванд эҷодиёти Мӯъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ таъсиргузор буд. Мӯъмин Қаноат доираи мазмунҳои шеъриро густариш дода, дар жанрҳои ҳамосӣ ва лирикӣ шаклҳои нави ифодаи андешаи шоиронаро эҷод кард. Лоиқ Шералӣ бо такя ба мероси классикӣ, анъанаҳои шеърии миллиро аз нигоҳи тоза бознигарӣ намуда, имкониятҳои луғавӣ ва маъноии забони тоҷикиро дар эҷодиёти худ ба таври фаровон ба кор гирифт.
- Информация о материале
- Просмотров: 523
Дар Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияҳои Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои фаъолияти муассиса дар нимсолаи аввали соли 2026-ум дастовардҳои соҳаи таълиму тарбия, омодасозии мутахассисон ва нақшаҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи муассисаҳои нисбатан ҷавони таҳсилоти олии кишвар ба ҳисоб меравад. Аз таъсиси он ҳамагӣ чор сол гузаштааст. Дар ин муддат муассиса тавонистааст марҳилаи муҳими фаъолияти худро тай намояд ва нахустин хатмкунандагони худро ба камол расонад.
Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ 214 нафар донишҷӯ муассисаро хатм намуданд, ки ин барои як донишкадаи ҷавон натиҷаи муҳим ва оғози марҳилаи нави фаъолияти он ба шумор меравад.
Ба гуфти масъулон хатмкунандагон давоми таҳсил барномаҳои таълимиро аз худ намуда, донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалиро ба даст овардаанд. Дар баробари ин, то имрӯз 180 нафар аз хатмкардагони донишкада аллакай ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Ин нишондиҳанда метавонад яке аз натиҷаҳои муҳими фаъолияти муассиса дар самти омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат арзёбӣ гардад.
Ҳамчунин, 22 нафар донишҷӯёни донишкада пас аз хатми муассиса бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шудаанд.
Бояд қайд намуд, ки дар ин донишкада таълим дар шуъбаи рӯзона аз рӯйи 26 ихтисос ва дар шаклҳои ғоибонаву фосилавӣ аз рӯйи 19 ихтисос ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар донишкада беш аз 3300 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд.
Зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияҳои Тоҷикистон Раҳимҷон Назаров иброз дошт, ки барои соли таҳсили 2026–2027 бо иҷозаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисосҳои «Ҳуқуқшиносӣ» ва «Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ» низ ҷорӣ карда шудаанд. Ба ин васила, доираи ихтисосҳои пешниҳодшаванда васеъ гардида, барои довталабон имкониятҳои нави интихоби самти таҳсил фароҳам меоянд.
Дар нимсолаи аввали соли 2026 дар шуъбаи рӯзонаи донишкада 84 гурӯҳи академӣ фаъолият дошта, 53 гурӯҳ ба факултети фанҳои дақиқ ва технологияи инноватсионӣ ва 31 гурӯҳ ба факултети забонҳо ва ҷомеашиносӣ рост меояд. Дар шуъбаи ғоибона 53 гурӯҳи академӣ ташкил шудааст.
Теъдоди умумии донишҷӯёни донишкада дар соли таҳсили сипарӣ 3364 нафарро ташкил додааст. Аз ин шумора 2164 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 1200 нафар дар шуъбаи ғоибона ва таҳсилоти фосилавӣ таҳсил менамоянд. Дар соли таҳсили 2025–2026 дар донишкада 158 нафар устодону омӯзгорон ва кормандон фаъолият доштаанд. Аз ин шумора 74 нафар кормандони асосӣ ва 84 нафар муштараквазифа мебошанд. Ба раванди таълиму тарбия 74 омӯзгор ҷалб гардида, дар байни онҳо як нафар доктори илм ва 12 нафар номзади илм, аз ҷумла 10 нафар дотсент, фаъолият мебаранд.
Чор соли фаъолияти донишкада самараи худро дар рушди таълим, омодасозии нахустин мутахассисон, ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари таҳсилу зиндагии донишҷӯён нишон медиҳад.
Манзура БАХТИЁРЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”
- Информация о материале
- Просмотров: 495
Директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Абдурашид Ҷалилзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар соли 2026 Донишкадаро 757 нафар хатм кард, ки аз ин шумора дар шуъбаи рӯзона - 359 нафар, дар шуъбаи фосилавӣ – 359 нафар, дар зинаи магистратура - 39 нафар, бо дипломи аъло – 67 нафар хатм кард, ки 86 фисади хатмкунандагон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
- Донишкада дорои се факултет ва 12 кафедра буда, ҷараёни таълим дар чор бинои таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Теъдоди умумии муҳассилин ба 4657 нафар баробар буда, аз онҳо 2995 нафар дар шуъбаи рӯзонаи зинаи бакалавр, 1569 нафар дар низоми таҳсилоти фосилавӣ, 90 нафар дар зинаи магистратура, дар зинаи докторантура PhD 3 нафар таҳсил доранд, - иттилоъ дод Абдурашид Ҷалилзода.
Гуфта шуд, ки Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар зинаҳои бакалавриат аз рӯи 33 ихтисос, магистратура аз рӯи 9 ихтисос, докторантура PhD аз рӯи 4 ихтисос ва дар зинаи таҳсилоти олии дуюм аз рӯи 5 ихтисос мутахассисонро омода менамояд.
- Дар натиҷаи фаъолияти маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ 15 омӯзгор барои такмили ихтисос ва табодули таҷриба ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ сафарбар гардида, 19 нафар донишҷӯ дар барномаҳои мубодилаи байналмилалӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ 27 нафар коршинос ва мутахассисони хориҷӣ ба Донишкада ташриф оварда, бо омӯзгорону донишҷӯён мулоқоту вохӯриҳои илмӣ ва таълимӣ баргузор намуданд.
Айни ҳол дар Донишкада 7 нафар донишҷӯи ятими кулл таҳсил намуда, тибқи қарори Шӯрои олимон онҳо аз пардохти маблағи таҳсил пурра озод мебошанд. Ҳамзамон, ба донишҷӯёни нимятим, дорои маъюбият ва аз оилаҳои ниёзманд тавассути ҳамкории Донишкада бо шарикони рушд ва ташкилоту муассисаҳои гуногун кӯмаки молиявӣ расонида мешавад, - илова кард директор.
Инчунин, зикр гардид, ки дар Донишкада се китобхона: анъанавӣ ва электронӣ, толори Интернет, озмоишгоҳҳои бонки таълимӣ, молшиносӣ ва муоинаи молҳои истеъмолӣ, криминалистика, синфхонаи компютерии тиҷорати электронӣ, синфхонаи компютерии инноватсионӣ барои омӯзиши барномаи 1С – корхонаҳо, синфхонаи компютерии таълимии омор, панҷ адад утоқи лингофонӣ мавҷуд аст.
Тавре иттилоъ доданд, Донишкада бо зиёда аз 300 корхона, ширкат, бонк, муассисаю ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои тарафайн дорад. Ин имкон фароҳам меорад, ки сифати таҳсил беҳтар аз пештар гардида, табодули таҷриба афзуда, имкониятҳои бештар пайдо шавад.
Файзуллохон ОБИДОВ,
“Ҳақиқати Суғд”
- Информация о материале
- Просмотров: 518
- Раёсати маорифи вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2026 фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи марбут ба соҳа ба роҳ монда, дар ин давра корҳои муайянро ба иҷро расонид, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон сардори Раёсати маорифи вилоят Гулсара Мирзозода.
Иттилоъ дода шуд, ки дар миқёси вилоят 315 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 236 муассисаи таҳсилоти томактабӣ тобеи раёсату шуъбаҳои маориф, 67 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва 12 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо мебошанд.





