Ҳақиқати Суғд
  • Асосӣ
  • Бахшҳо
  • Аксҳои хотирмон
  • Тамос бо мо
  • Рӯзнома
  • Facebook
  • Telegram
  • Instagram
  • Собиқадорон
  1. Вы здесь:  
  2. Главная
  3. Бахшҳо
  4. Илм ва маориф

Маводҳои охирон

  • Туҳмати навбатии хоинони миллат
  • Тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ
  • Илму маърифат – наҷот аз гумроҳӣ
  • Сиёсатзадаҳои Амрикову Аврупо
  • Ҳарзагӯии паймоншиканон
  • Паймони миллӣ эътирозҳои беасос доранд
  • Хиёнат ба сулҳу оштӣ
  • Таъмини амният вазифаи мост!
  • Хатари падидаҳои манфӣ ба осудагиву субот
  • Дар назди қонун ҳама баробар

Бахшҳо

  • Маводҳо барои сайт
  • Сиёсӣ
  • Иҷтимоӣ
  • Иқтисодӣ
  • Фарҳанг
  • Варзиш ва сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • Кишоварзӣ
  • Илм ва маориф
  • Собиқадорон
  • Ҷомеа ва замон

Собиқадорон

ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна)
ҶИЛО (Сайидамин Умаров)
МӮЪМИНОВА РАФОАТ (Рафоати Неъматдухт)
ШАРИФОВА МАВЛУДА
СОЛЕҲИ ЗАРИФЗОД (Солеҳбой Дадобоев, Солеҳи Маҳзун)
ИСМОИЛОВ ИСРОИЛ
МАҶИДОВ АБДУМУИН (А.Юсуфзод)
ТӮЙЧИЗОДА ҲАДИЯТИЛЛО
ӮРИНБОЙ УСМОН (Усмонов)
КЕНҶАЕВА МАВЛУДА ҲОДИЕВНА

Китоби ҷашнӣ

Ҷустучӯ

Гиромидошти қаҳрамонони миллат

Информация о материале
Опубликовано: 28 мая 2026
Просмотров: 146

Дар толори калони Раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар гиромидошти қаҳрамонони миллат ва эҳёи адолати таърихӣ» ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ ва тарбиявӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш олимону муҳаққиқон, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти фарзандони содиқи миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтаанд.

Дар ҳамоиш сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо суханронӣ намуда, оид ба аҳамияти таърихиву сиёсии гиромидошти қаҳрамонони миллат ва нақши он дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи ҷавонон андешаҳои судманд баён кард.

Аз ҷумла таъкид намуд, ки арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои барҷастаи миллат, аз ҷумла Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нисор Муҳаммад ва дигар фарзандони фарзонаи тоҷик, нишонаи эҳтиром ба таърихи давлатдорӣ ва қадршиносии хизматҳои содиқонаи онҳо ба Ватан мебошад. Иқдоми таърихии Пешвои миллатро оид ба овардани муште аз хоки оромгоҳи ин чеҳраҳои мондагор ба Ватан ҳамчун намунаи олии эҳёи адолати таърихӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бояд шинохт.

Абдуллои Раҳнамо таъкид намуд, ки омӯзиш ва таблиғи корномаи фарзандони фарзонаи миллат барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи садоқат ба давлату миллат аҳаммияти муҳим дорад.

 

Сурайё Ҳакимова,

“Ҳақиқати Суғд”

Тантанаи ҷашни нависанда

Информация о материале
Опубликовано: 28 мая 2026
Просмотров: 101

Дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба 80- солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид. Дар маҳфили бошукӯҳ аҳли илму адаб, дӯстдорони каломи бадеъ ва меҳмонон аз шаҳру навоҳии вилоят иштирок намуданд.

Чорабиниро раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ифтитоҳ намуда, аз саҳми арзишманди Маъруф Бобоҷон дар рушди адабиёти миллӣ, тарбияи маънавии ҷомеа ва ғановати фарҳанги тоҷик ёдовар шуд. Зикр гардид, ки осори нависанда бо рӯҳи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва бозтоби воқеияти зиндагӣ миёни хонандагон маҳбубияти хоса дорад.

Дар ҷамъомад мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Азамат Азимӣ, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Турсунзода ва аз номи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нависанда Равшани Махсумзод суханронӣ намуда, соҳибҷашнро ба муносибати 80-солагӣ самимона муборакбод гуфтанд.

Ҳамчунин аз номи адибони ҳавзаи Зарафшон шоир Исмоил Зарифӣ андешаҳои худро доир ба фаъолияти пурсамари эҷодии Маъруф Бобоҷон баён кард.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иҷрои суруду таронаҳои дилнишин ва намоиши порчаҳо аз асарҳои адиб рангу таровати тоза касб намуд.

Ҷашни 80-солагии Маъруф Бобоҷон ба маҳфили гарму хотирмон табдил ёфта, нишони арҷгузорӣ ба аҳли қалам дар рушду нумӯи адабиёти тоҷик гардид.

 

Сурайё Ҳакимова,

“Ҳақиқати Суғд”

Корномаи пурбори марди масъулиятшинос

Информация о материале
Опубликовано: 28 мая 2026
Просмотров: 136

Абдушукур Бобоҷонов аз зумраи инсонҳоест, ки ба донишу таҷриба ва масъулиятшиноӣ такя карда, барои рушди соҳаҳои мухталиф солҳои беҳтарини умрро бахшидааст. Корномаи ӯ беш аз ним аср давом ёфта, фарогири бахшҳои савдо, молия, идоракунии давлатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ ва маориф аст. Мавсуф имрӯз низ бо истифода аз кӯлбори таҷрибаву дониш фаъолиятро ҳамчун директори Парки технологии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” идома медиҳад. Мо бо корномаи эшон ошно шуда, зимнан, дар бораи густариши фаъолияти Парки технологӣ ҳамсуҳбат шудем.

Абдушукур Бобоҷонов баъди хатми синфи ҳаштуми мактаби миёнаи рақами 5 –и шаҳри Хуҷанд соли 1972 ба техникуми кооперативӣ дохил шуда, онро бо ихтисоси молшинос хатм мекунад. Таҳсилро дар шуъбаи шабона идома дода, ҳамон сол ба кор оғоз менамояд. Дар солҳои аввали фаъолият ҳамчун шогирди фурӯшанда ва баъдан молшинос кор кардааст. Соли 1975 техникумро хатм намуда, таҳсилро дар факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)  идома медиҳад.

пурра ...

Инсони вологуҳару олими тавоно

Информация о материале
Опубликовано: 26 мая 2026
Просмотров: 50

Зиндагиву ҷомеа бо нафарони хирадманду дурандеш, дурбину фазилатпеша, соҳибкасбу дӯстдори ҳаёт нуру зиёи нав пайдо мекунад ва рангину зебо мегардад. Шахсият дар рушду пешрафти ҷомеа метавонад нақши бузургу мондагор гузорад, хоса нафаре, ки тамоми ҳастияш, қалбаш, вуҷудаш саршори самимияту лутфу меҳрубониву некбиниву накӯкорист. Бошад, ки дар зиндагӣ мо ҳамеша ҳамсуҳбат, ҳамнишин, ҳамсафар, ҳамкор, шогирди чунин шахсоне бошем, ки зиндагиашон намунаи ибрату омӯзиш ва сабақи пурҳикмат аст. Чи хеле ки мегӯянд:

Гар ният покасту дил покасту пок аст орзу,

Ҳарчӣ аз Яздон, ки мехоҳӣ, ба дастат мерасад.

Ғайрату хастанопазирии ходими ҳизбиву давлатӣ, сиёсатмадори ботаҷриба, идеологи варзида, устоди устодон, зиёии ҳақиқӣ, омӯзгори асил, ҳамсари вафодор, падари ғамхор, бобои меҳрубон, инсони ҳалиму хоксор Абдуҳаким Шарифов барои мо, шогирдон намунаи ибрат буданду ҳастанд.

пурра ...

Чеҳраи барўманди халқ

Информация о материале
Опубликовано: 18 мая 2026
Просмотров: 140

Абдуманнон  Қамарович  Ҳусейнов   зодаи шаҳри бостонии Хуҷанд аст ва ӯ ҳамчун идомабахши амалҳои неки ниёгони худ, ҳамчун фарзанди барӯманди халқу ватани худ буданашро борҳо бо кирдору рафтори худ ба ҳама исбот кардааст.

Ҷашни 60-солагии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Университети технологияи шаҳри Москва Абдуманнон  Ҳусейнов, ки 16-уми майи соли 2016 дар яке аз ёдгориҳои таърихию меъмории бошукӯҳи Федератсияи Русия, яъне дар Қасри Екатеринаи шаҳри Москва баргузор гардид, боз як далели гуфтаҳои болост. Чунки дар ин воқеаи муҳими ҳаёти пурҷӯшу хурӯши Абдуманнон Ҳусейнов натанҳо хешу табор, олимону соҳибкорони шинохта, дӯстону ҳамкорон ба табрику муборакбодии ӯ омада буданд, балки зумраи ашхоси касбу кори мухталиф низ ҳузур доштанд, ки арзи сипосу миннатдории самимии худро ба соҳибҷашн изҳор кардан мехостанд. Чунки Абдуманнон Ҳусейнов солҳои тӯлонӣ дастгиру мададгори беминнати онҳо буд…

пурра ...

  1. Рўнамоии китоб дар Ҳиндустон
  2. Ташаббуси созандаи ҷаҳонӣ
  3. Ҷоми шароби кўҳнатарин, шеъри навтарин
  4. «Шохи наботи Ҳофиз»

Страница 2 из 3

  • 1
  • 2
  • 3
Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2028 - даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Cолҳои 2027 – 2036

Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда

Соли 2026

"Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ"

Соли 2027 - Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ

Дар бораи рӯзнома

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №519/РЗ-97 аз 7 октябри соли 2025 ба қайд гирифта шудааст.

Индекси обуна: 68894

Суроға ва телефонҳо

ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, КВДК "Коҳи матбуот", ошёнаи 4.

Қабулгоҳ: 2-06-54

Муовини сармуҳаррир: 2-06-53

Шуъбаи мактубҳо: 2-06-55

Эзоҳ

Матолиби рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”-ро дигар ВАО бо нишондоди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Маводи муаллифон дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Palatino Linotype, андозаи 14 пазируфта мешавад.

© 2026 "Ҳақиқати Суғд". Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.