Абдуманнон Қамарович Ҳусейнов зодаи шаҳри бостонии Хуҷанд аст ва ӯ ҳамчун идомабахши амалҳои неки ниёгони худ, ҳамчун фарзанди барӯманди халқу ватани худ буданашро борҳо бо кирдору рафтори худ ба ҳама исбот кардааст.
Ҷашни 60-солагии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Университети технологияи шаҳри Москва Абдуманнон Ҳусейнов, ки 16-уми майи соли 2016 дар яке аз ёдгориҳои таърихию меъмории бошукӯҳи Федератсияи Русия, яъне дар Қасри Екатеринаи шаҳри Москва баргузор гардид, боз як далели гуфтаҳои болост. Чунки дар ин воқеаи муҳими ҳаёти пурҷӯшу хурӯши Абдуманнон Ҳусейнов натанҳо хешу табор, олимону соҳибкорони шинохта, дӯстону ҳамкорон ба табрику муборакбодии ӯ омада буданд, балки зумраи ашхоси касбу кори мухталиф низ ҳузур доштанд, ки арзи сипосу миннатдории самимии худро ба соҳибҷашн изҳор кардан мехостанд. Чунки Абдуманнон Ҳусейнов солҳои тӯлонӣ дастгиру мададгори беминнати онҳо буд…
Ровиҳои булбулияхони ҷашни мазкур дӯсти наздики соҳибҷашн, доктори илмҳои таърих Шариф Юлдошевич Акрамов ва ҳунарпешаи театр ва кино Виктория Захарова буданд. Аз ҷониби онҳо бо забонҳои тоҷикиву русӣ зикр гардид, ки доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Университети технологии шаҳри Москва, директории генералии корхонаҳои «Родез» ва «Биола» Абдуманнон Қамарович Ҳусейнов 16-уми майи соли 1956 дар Хуҷанд, дар хонадони хизматчии давлатӣ Мирзоқамар Ҳусейнов ва омӯзгори нотакрор Шарафнисо Сангинова чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Ҳар як ҷашн бе суруду мусиқӣ чор ишкели бутун надорад. Бинобар ин, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон Тӯлқин Тоҷибоев, ки маҳз барои табрику муборакбодии соҳибҷашн аз шаҳри Хуҷанд омада буд, якчанд суруди рӯҳафзову дилошӯб суруда, ба дӯсти бузургвори худ тамоми хушиҳои зиндагиро таманно кард.
Ходими намоёни ҳизбию ҷамъиятӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова изҳор дошт, ки сини 60-солагӣ кам ҳам несту зиёд ҳам нест. Абдуманнон Қамарович аз ҷумлаи инсонҳоест, ки некӣ мекунанду ба об меандозанд, чунки ҳикматашро ба хубӣ медонанд:
Ту некӣ мекуну бар Даҷла андоз,
Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз!...
Абдуманнон Ҳусейнов ба одамони бисёре дасти ёрӣ дароз кардааст, ки шуморашонро худаш намедонад…
Ӯ шахси хушбахт аст, зеро модари 96 сола дорад ва назди модари меҳрубони худ ӯ кӯдак аст, сиҳату саломат аст, рӯзгори хушу хуррам дорад, соҳиби оилаву фарзандон аст…
Ходими давлатӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Баҳриддин Аҳмадов гуфт, ки Абдуманнон Ҳусейнов дар ҳама соҳа комёб аст. Ӯ вақте, ки ба илм рӯй овард, олими барҷаста шуд, доктор шуд, профессор шуд. Ҳангоме, ки ба иқтисодиёт рӯй овард, соҳибкори ботаҷрибаву муваффақ гардид.
Ӯ дар ҳама ҷабҳаи ҳаёт комёбу хушбахт аст. Соҳиби се духтари фариштарӯву некӯхӯй мебошад, ки яке номзади илмҳои иқтисодӣ, дигаре олими пуркор, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва сеюминаш табиби хозиқ, номзади илми тиб…
Навбати табрикот ба оилаи Дамко Аркадий Петрович ва ҳамсари ӯ Олга Владимировна расид. Аркадий Петрович Дамко директори генералии корхонаи «Биолайн» мебошад. Ӯ бо Абдуманнон Қамарович ҳамкории зич дорад. Зану шавҳар-Аркадий Петрович ва Олга Владимировна қайд карданд, ки агарчӣ тамоми мардуми олам ба тақсими обу замин, меросу пасандоз ҳастанд, мо бо Абдуманнон Қамарович якҷову муттаҳид шудем. Барои ҳамин ҳам кору бори мо дар ривоҷу равнақ рӯй овардааст.
Абдуманнон Ҳусейнов дӯсти якрӯй ва қавиирода аст. Ӯ соҳиби тамоми хислатҳои хуби инсонист…
Устод, мураббӣ ва мушовири илмии Абдуманнон Ҳусейнов доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Леонид Александрович Брагин изҳор дошт, ки Абдуманнон Қамарович соҳиби таҷрибаи бойи ҳаётист. Ӯ ҳам олими шинохтаву пуркор ва ҳам соҳибкори ботадбиру ҳалолкор ва устоди даҳҳо шогирд аст дар соҳаи иқтисодиёт.
Абдуманнон Ҳусейнов бо ақлу заковати худ, бо кӯшишу ғайрат ва азобу машаққати худ дар рӯзгор комёб шудаасту мақому манзалати хоссаеро дар ҷамъият пайдо кардааст…
Зимоми табрикотро меҳмони олиқадр аз шаҳри Душанбе Фарҳод Раззоқович Шарофов ба даст гирифт. Ӯ аз номи ректори Донишгоҳи давлатии иқтисод ва савдои Тоҷикистон Мӯъмин Машокирович Шарифов, ки яке аз шогирдони Абдуманнон Ҳусейнов мебошад, паёми табрикотро қироат кард. Дар он зикр гардидааст, ки Маннон Қамарович натанҳо мавлуди 60-солагӣ дорад, ӯ инчунин 40-солагии фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгориву соҳибкориро ҷашн мегирад.
Бо роҳбарии профессор Абдуманнон Ҳусейнов зиёда аз даҳ номзади илмҳои иқтисодӣ ба камол расидаанд. Ӯ соҳиби 80 мақолаи илмию публитистӣ, 20 монографияи илмӣ мебошад, ки аз онҳо дар аксар донишгоҳҳои соҳавӣ донишҷӯён бо камоли рағбат истифода мебаранд.
Дар охири суханҳои табрикотии худ Фарҳод Шарофов мужда расонд, ки Шӯрои олимони донишгоҳи мазкур ба Абдуманнон Ҳусейнов унвони «Профессори фахрӣ»-ро сазовор донистааст…
Дар авҷи табрикот сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Русия Имодуддин Сатторов аз номи Ҳукумат ва давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманнон Ҳусейновро бо ҷашни 60-солагиву 40 - солагии фаъолияти илмию соҳибкориаш муборакбод намуд…
Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи технологии шаҳри Москва Олга Юрйевна Осипенко Абдуманнон Ҳусейновро ҳамчун ҳамкори сертараддуд ва олими имконияти илмию омӯзгорияш номаҳдуд ба ҳама муаррифӣ кард. Ӯ ҳамзамон алоҳида қайд кард, ки бо чунин ҳамкори худ мефахрад ва меболад.
Меҳмони ифтихории ҷашнвора Михаил Григорйевич Глюкин гуфт, ки Абдуманнон Қамарович дар дунё ҳама чиз дорад, вай хушбахту соҳибиқбол аст. Аз чизе ушкуфоӣ намекашад. Чӣ гуна тӯҳфаи ҷашниро ба ӯ пешкаш намоям? Аз ҳама мақому манзалат ва молу мулк ӯ моломол аст. Бинобар ҳамин, ман ба Абдуманнон Ҳусейнов танҳо тани сиҳат, хотири ҷамъ ва дили беғамро таманно дорам….
Писари аршади устоди Абдуманнон Ҳусейнов, доктори илмҳои иқтисод профессор Садриддин Ғозибеков закитабъона изҳор дошт, ки ӯ бо Абдуманнон Қамарович аз овони боғчаравӣ ошност...
Фаъолияти илмию омӯзгории Абдуманнон Ҳусейнов дар шаҳри Душанбе оғоз ёфта буд, - гуфт дар идомаи суханаш Садриддин Ғозибеков, - падарам Аслонбек Ғозибеков асосгузори ДДҲБСТ ва устоди нахустини Абдуманнон Ҳусейнов мебошад…
Зимни табрикоташ яке аз табибони беҳтарини Федератсияи Русия, доктори илми тиб Абдуаҳад Абдураҳмонович Очилов гуфт, ки Абдуманнон Ҳусейнов барои ман натанҳо дӯсти аз ҳама наздик, балки бародари ҷонӣ ҳам мебошад. Мо бо ҳамдигар 57 сол инҷониб дӯст, рафиқ ва ҳамсабақ ҳастем. Дар мактаб Абдуманнон сардори синфамон буд…
Вақте ки ман баъди хатми мактаб барои таҳсили донишгоҳ рафтам, маҳз Абдуманнон дар ҳар як фурсати муносиб ва дар ҳар як иду ҷашнҳои сол модари маро хабар гирифта, ӯро зиёрат мекард…
Модарам ӯро писари худ хондааст, ман бошам, модари ӯро модари худ меҳисобам.
-Дар ҳаққи Абдуманнон суханҳои бисёре дорам, аммо фурсат хеле танг, бинобар ҳамин, фақат аз ҳама муҳимаш-аз номи ҳамсинфон ва ҷомеаи омӯзгории мактаби таҳсилоти рақами 11 ба номи Ф.Энгелси шаҳри Хуҷанд ӯро аз сидқи дил бо зодрӯз ва ҷашни фирӯзаш табрику муборакбод мекунам.
Ҳамеша сиҳату саломат бош, Абдуманнони азизу арҷманд!...
Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Университети «Дӯстии халқҳо» Натали Виталйевна Бондарчук бо меҳру муҳаббати беқиёс соҳибҷашнро табрику муборакбод карда, гуфт, ки Абдуманнон Қамарович Ҳусейнов ҳамчун инсони комил ӯҳдадориву вазифаҳояшро дар назди халқу давлат ва ҳукумату ҷамъият ба куллӣ адо кардааст.
Чунки ӯ оила бунёд кардааст, фарзандонашро ба воя расонидааст, онҳоро ба зиндагиву фаъолияти самарабахш ҳидоят кардааст, боғу бӯстон сабз кардааст, ки аз он ҳазорон кас баҳра бурдааст.
- Ба ҷуз ҳамаи ин, – гуфт Наталя Виталйевна Бондарчук, - ӯ дар соҳаи иқтисод ва соҳибкорӣ мутахассис ва устоди бебадал мебошад. Ман ҳамроҳи ӯ даҳ сол кор карда, ин фазилати Абдуманнон Ҳусейновро аниқ фаҳмидам…
Сардори маркази Фарҳангистони Тоҷикистон дар Русия Хуршеда Ҳамроқулова муборакбодияшро бо ашъори Фирдавсии бузург тақвият дода, ба соҳибҷашн дар рӯзгори пурталотуму нопайдоканор таманноҳои афзун хост…
Олими тоҷик Қобил Ҳоҷиевич Зоидов ҳангоми муборакбодии соҳибҷашн гуфт, ки барои Абдуманнон Ҳусейнов ин ҷашн - ҷашни 60-солагӣ нест, балки он рӯзи азнавтаваллудшавии ӯст…
Вай бадавлат ва саодатманду хушбахт аст. Чунки модар дорад, фарзанду набераҳои дӯстрӯяк дорад, ки ҳамаи онҳо рамзу нишони иқболи баланди Абдуманнон Қамарович ҳастанд!...
Хоҳарарӯси соҳибҷашн Темурой Солиевна бо меҳру муҳаббати беандоза гуфт, ки «модарамон нӯҳ духтарро ба воя расонидааст, ки аз ҳама хоҳари хурдиамон Манзурахон завҷаи Абдуманнон Қамарович гардидааст. Аҳли оила мо ҳама ӯро чун додари хурди қабул кардаем…
Шогирди соҳибҷашн, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи менеҷменти Университети шаҳри Саранск Анвар Исҳоқов изҳор дошт, ки Абдуманнон Ҳусейнов барои ман натанҳо устод, балки падар ҳам мебошад. Падарро бо забони русӣ тарҷима кардан осон аммо калимаи «устод»-ро ба русӣ фаҳмондан амри маҳол, хеле мушкил. Чунки решаи калимаи «устод» аз китоби «Авесто» омадааст ва паҳлӯҳои маънавияш бемаҳдуд…
Дар интиҳои тантанаи ҷашни Абдуманнон Ҳусейнов ровии маҳфил Шариф Юлдошевич изҳор мекунад:
-Пеш аз онки ман ба ин маҳфил тайёрӣ бинам, рӯй ба луғат – Фарҳанги забони тоҷикӣ рӯй овардам. Аз он шарҳи калимаи «маннон» - ро ҷустам. Аввалан ин ки Маннон яке аз исмҳои Худованди азза ва ҷал мебошад. Дуюм, он маъниҳои зиёде касб кардааст: чанде аз маъноҳояш-мушкилкушо, дастёр, ёрирасон, ризқдеҳ, базуҳуроваранда ва ғайра…
Қамар бошад, маънии моҳи мунир дорад. Ҳусайн ё Ҳусейн, ки номи набераҳои Пайғамбари охируззамон аст, маънии хуррамиву зебоӣ, хушнудиву рафоқат, боигариву ғановат дорад.
Ҳамаи ин исму номҳо бо маъноҳои афзунашон ба шахсияти соҳибҷашн хеле муносибу мувофиқ афтодааст.
Инак, сухан ба соҳибҷашн!...
Абдуманнон Ҳусейнов: Пеш аз ҳама камина аз ҳамаи шумоён миннатдору сипосгузор ҳастам. Чунки ман бо шумо зиндаам!
Миннатдории бепоёни ман ба аҳли оилаам, ба модарам, ба ҳамсарам Манзура. Ҳар чӣ дар ин рӯзгор ба комёбиву муваффақият расидаам, аз юмни модарам, ҳамсарам ва хешу таборам, хоҳару бародарам низ ҳаст. Аз ҳама муҳимаш, модари меҳрубону табаррукам Шарафнисо Сангинова, ӯ маро ба дунё овардааст, ба воя расонидааст ва ба шоҳроҳи зиндагонӣ раҳнамо кардааст…
Боварӣ дорам, ки ӯро ҳаргиз ноумед нахоҳам кард!...
Инак, ин марди наҷиб, доктори илмҳои иқтисод Абдуманнон Ҳусейнов 70 сола шуд. Мо ӯро аз номи хешовандон, дӯстон, рафиқон ва ҳаммаслаконаш бо ин ҷашни фархунда табрику муборакбод мегӯем.
Сайидамин ҶИЛО,
“Ҳақиқати Суғд”




