“Нақши китоб ва китобхонаҳо барои тарбияи наслҳои имрӯзу оянда хеле муҳим аст. Китобхона ҷузъи муҳими тарбияи насли наврасро бояд ишғол кунад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Аз 2-юм то 9-уми апрели соли 2026 дар саросари кишвар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Фурӯғи маърифат» бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Ин чорабинии муҳими фарҳангӣ, ки ҳамасола бо мақсади рушди маънавиёти ҷомеа ва боло бурдани завқи китобхонӣ роҳандозӣ мешавад, имсол низ тавонист садҳо нафар кӯдакон, наврасон, омӯзгорон ва аҳли зиёро гирди як ҳадафи наҷиб, гиромидошти китоб муттаҳид намояд.
Рӯзи нахустини фестивал дар толори Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ бо як фазои идона оғоз гардид. Меҳмононро бо садои карнаю доира пешвоз гирифта, хонандагон бо қироати шеър ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Намоиши васеи китобию матбуотӣ ва дастранҷи хонандагон, ки дар саҳни китобхона ба намоиш гузошта шуда буд, таваҷҷуҳи ҳамагонро ҷалб кард.
Дар идома намояндагони мақомоти фарҳанг, адибон ва рӯзноманигорон суханронӣ намуда, аз аҳамияти китоб дар ташаккули шахсият ва рушди ҷомеа ёдовар шуданд.
Сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов иброз дошт, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла нақшаҳо зиёд буда, китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳиро бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин менамоем.
Ҷолиби таваҷҷуҳ он буд, ки оғози фестивал ба 90-солагии адиби маъруфи кӯдакон Алӣ Бобоҷон бахшида шуда, осори пурғановати адибро ба ёд оварданд.
Рӯзи дуюми фестивал дар шаҳри Конибодом таҳти унвони «Қаламкаши ҳассос» бахшида ба 75-солагии нависанда ва рӯзноманигор Додохон Эгамзод баргузор гардид. Дар Қасри фарҳанги шаҳр намоиши китобҳо ва эҷодиёти хонандагон ташкил шуда, иштирокчиён бо ҳаёту фаъолияти эҷодии адиб аз наздик ошно гардиданд.
Маҳфилҳои адабӣ бахшида ба адибони маъруф, намоишҳои китоб ва дастранҷи хонандагон, озмунҳои қироати шеър ва иншо, мулоқоту вохӯриҳо бо адибон ва рӯзноманигорон, барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон давоми ҳафта дар китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Ашт баргузор гардида, ба гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи адабиёт ва фарҳанг равона гардид. Ин иқдом имкон дод, ки иштирокчиён натанҳо китоб хонанд, балки бо ҷаҳонбинии адибон ва арзишҳои маънавӣ аз наздик шинос шаванд.
Рӯзи охири фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» зери унвони “Ҳар китоб-як олам, ҳар китобхона як ҷаҳон” гузаронида шуд.
Ҳамин тавр, фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Фурӯғи маърифат» дар фазои гарму самимӣ ва пур аз маърифат ҷамъбаст гардид. Дар фарҷом озмунҳои “Беҳтарин иншо дар мавзуи “Ватан нурест андар чашми ҷонам””, “Беҳтарин қироати шеър, достон, қасида ва ғазал таҳти унвони “Сухан — ҷавҳари хирад””, “Хонандаи фаъол”, «Ҳунар — оинаи дил» ва озмуни «Олам сухани Камол бигрифт…» ҷамъбаст гардида, иштирокчиёни фаъол ва ғолибони озмунҳо бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Чорабинӣ бори дигар собит намуд, ки китобу китобхона дар тарбияи насли наврас нақши калидӣ дошта, рушди фарҳанги китобхонӣ омили муҳими пешрафти ҷомеа мебошад.
Фестивал бо руҳияи баланд, хотироти нек ва умеди густариши бештари маърифат дар байни кӯдакону наврасон ба анҷом расид.
Манзура БАХТИЁРЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”




