Дар толори калони Раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар гиромидошти қаҳрамонони миллат ва эҳёи адолати таърихӣ» ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ ва тарбиявӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш олимону муҳаққиқон, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Ректори донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти фарзандони содиқи миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтаанд.
Дар ҳамоиш сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо суханронӣ намуда, оид ба аҳамияти таърихиву сиёсии гиромидошти қаҳрамонони миллат ва нақши он дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи ҷавонон андешаҳои судманд баён кард.
Аз ҷумла таъкид намуд, ки арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои барҷастаи миллат, аз ҷумла Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нисор Муҳаммад ва дигар фарзандони фарзонаи тоҷик, нишонаи эҳтиром ба таърихи давлатдорӣ ва қадршиносии хизматҳои содиқонаи онҳо ба Ватан мебошад. Иқдоми таърихии Пешвои миллатро оид ба овардани муште аз хоки оромгоҳи ин чеҳраҳои мондагор ба Ватан ҳамчун намунаи олии эҳёи адолати таърихӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бояд шинохт.
Абдуллои Раҳнамо таъкид намуд, ки омӯзиш ва таблиғи корномаи фарзандони фарзонаи миллат барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи садоқат ба давлату миллат аҳаммияти муҳим дорад.
Сурайё Ҳакимова,
“Ҳақиқати Суғд”




