Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни он директори донишкада Абдурашит Ҷалилзода натиҷаҳои фаъолияти соли 2025-умро ба таври муфассал шарҳ дод.
Тавре зикр гардид, алҳол донишкада дорои чор бинои таълимии муҷаҳҳаз буда, ин инфрасохтор ба талаботи меъёрҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ пурра ҷавобгӯ буда, муҳити рақамии таълимро фароҳам меорад.
Ба гуфтаи директор, яке аз дастовардҳои муҳим ҷорӣ шудани низоми электронии ALFA XPress аст, ки тамоми равандҳои таълим – аз бақайдгирӣ то имтиҳонро ба шакли рақамӣ идора мекунад. Алҳол донишҷӯ метавонад баъди анҷоми имтиҳон фавран натиҷаи худро бубинад, ки ин кафолати шаффофият, адолат ва баҳогузории воқеист.
Абдурашит Ҷалилзода таъкид намуд, ки иқтидори кадрии донишкада низ пайваста таҳким меёбад. Дар соли 2025 ҳайати умумии кормандон 310 нафар, аз ҷумла 225 омӯзгор буда, 90 нафар устод дорои дараҷа ва унвони илмӣ мебошанд, аз он 10 профессор, доктори илм, 80 номзади илм, дотсентон мебошанд, ки ин нишондиҳанда сатҳи баланди илмӣ ва рақобатпазирии муассисаро дар фазои миллӣ ва байналмилалӣ собит месозад.
Дар соли ҳисоботӣ Донишкадаро 647 нафар донишҷӯ хатм намуданд, ки аз онҳо 83 фоиз бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Ҳамчунин директори донишкада фаъолияти байналмилалиро яке аз самтҳои асосӣ арзёбӣ намуд. Донишҷӯёни донишкада дар Чин дар марҳилаи ҷаҳонии Ҷоми ҷаҳон оид ба стартапҳо иштирок намуда, Ҷоизаи тиллоӣ ба даст оварданд.
Роҳбари муассиса ҳамчунин қайд намуд, ки имрӯз донишкада бо зиёда аз 300 корхона, бонк, ташкилот ва мақомоти давлатӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад, ки заминаи боэътимоди таҷрибаомӯзӣ ва бо кор таъминшавии хатмкунандагонро фароҳам меорад.
Дар ҷараёни нишаст ба масъалаҳои иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Аз ҷумла, 5 нафар донишҷӯи ятими кулл аз пардохти маблағи таҳсил озод буда, донишҷӯёни ниёзманд мунтазам аз ҷониби донишкада ва шарикони рушд дастгирӣ меёбанд.
- Донишкадаи иқтисод ва савдо имрӯз на танҳо муассисаи таълимӣ, балки маркази тайёр кардани мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнати миллӣ ва байналмилалист. Мо барои ҳар як довталаб шароити воқеии рушд, дониш, таҷриба ва ояндаи устувор фароҳам меорем, - иброз дошт дар фарҷом роҳбарияти муассисаи мазкур.
Дар қисмати дуввуми нишаст Абдурашит Ҷалилзода ба суолҳои намояндагони васоити ахбори омма посух дода, изҳор дошт, ки сиёсати муассиса ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди иқтидори инсонӣ, рақамикунонӣ ва ҳамгироӣ ба фазои байналмилалии таҳсилот равона гардида, ин равандҳо минбаъд низ пайгирона тақвият дода мешаванд.
Дар кори нишаст инчунин намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Тоҷибой Султонӣ иштирок намуд.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




